logo

маориф

МАОРИФ. ДАР РОҲИ РУШД КӮШИШИ БЕШТАР НАМОЕМ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз 22 декабри соли 2017 вазъи маорифи кишварро баррасӣ намуда, таъкид доштанд: “Мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом додаанд, соли 2017-ум Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда - дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он  дар  миёни  101  давлати  ҷаҳон  ҷойи 54 - умро соҳиб шудааст. Аз рӯи ин таҳлил Тоҷикистон дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд”.
Ин далелҳо гувоҳи онанд, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ он нақшаву барномаҳо, ки дар соҳаи маорифи кишвар таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат амалӣ гардиданд, бенатиҷа намонда, ин соҳаи ҳаётан муҳим ва омили наҷоти миллатро аз вартаи ҳалокат ба сӯи рушди устувор мувоҷеҳ сохтанд.
Дар ҳақиқат ҳам, соҳаи маорифи кишвари тозаистиқлоли мо тайи даҳсолаи охир дар самтҳои зиёде ба меъёрҳои байналмилалӣ наздик гардида, нишондиҳандаҳои он ба таври назаррас боло рафтанд. Ҳамзамон, мо бояд барои нигаҳдошти чунин сатҳи рушди маориф ва минбаъд таҳким бахшидани он кӯшиши бештаре ба ҳарҷ диҳем. Маҳз ба ҳамин ҷиҳати масъала дахл намуда,  Пешвои маорифпарвари миллати мо дар Паёми имсолаашон таъкид доштанд, ки “ин дастоварди хуб аст, аммо мо набояд бо ин нишондиҳанда қонеъ шуда, таваҷҷуҳро ба ин соҳаи ҳаётан муҳим кам намоем”.
Дар ҷавоб ба ин ҳидояти Пешвои муаззами миллат кормандони соҳаи маориф кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар самти ба меъёрҳои байналмилалӣ баробар сохтани нишондиҳандаҳои таҳсилот боз ҳам қадамҳои устувортаре гузоранд. Ва чанд иқдоме, ки имрӯз дар ин ҷода амалӣ шуда истода, дар поён аз ду намунаи он сухан меравад, гувоҳи имконияти воқеии расидан ба ин ниятҳои нек аст.
Аввалан, чунонки маълум аст, дар кишварҳои пешрафтаи олам имрӯз ба таҳсилоти босалоҳият, ки тамоми зинаҳои таҳсилотро аз пешниҳоди донишҳо ботадриҷ ба сӯи фароҳам сохтани шароит барои соҳиб гаштан ба маҷмӯи салоҳиятҳо мебарад, мақоми аввалиндараҷа касб намудааст. Хушбахтона, дар зарфи се соли охир дар ҷумҳурии мо низ гузариши зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таҳсилоти босалоҳият оғоз гардида, тибқи талаботи “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020” дар муҳлатҳои муқарраргардида ба пуррагӣ амалӣ карда мешавад. Ҳамзамон, зинаҳои дигари таҳсилот низ ботадриҷ ба ин меъёри байналмилалӣ мутобиқ гардонда мешаванд, ки аминем барои боз ҳам боло бурдани нишондиҳандаҳои соҳаи маориф дар байни кишварҳои олам мусоидат мекунад.
Сониян, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ имрӯз лоиҳаи “Таҳсилоти босифат”-ро амалӣ намуда истодааст, ки дар доираи он зиёда аз 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани стандартҳои таҳсилот ва барномаҳои таълимиро ба нақша гирифтаанд.  Ҳамаи ин ворид шудан ба фазои таҳсилоти ягонаи ҷаҳонӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионии муосир дар ҷараёни таълим ва мутобиқсозии ихтисосҳоро вобаста ба талаботи бозори меҳнати дохилию хориҷӣ таъмин сохта, барои рақобатпазир гардондани таҳсилоти олии касбии ҷумҳурии мо мусоидат мекунад.
Хуршед ЗИЁӢ,
директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ,  доктори илми фалсафа, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2018    №: 19    Мутолиа карданд: 380

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед