logo

иқтисод

ГАРМИИ ҒАЙРИМУҚАРРАРӢ. ОЛИМОН БА КИШОВАРЗОН ЧӢ ТАВСИЯ МЕДИҲАНД?

Тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, боиси нигаронии ҷомеа гардидааст. Агентии обуҳавосанҷии мамлакат вазъи обу ҳаворо дар моҳҳои январ – феврали соли равон аз меъёри муқаррарӣ гарм пешгӯӣ кардааст. Чунин вазъи ҳаво дар нашъунамои зироат, боғу токзор, умуман соҳаи кишоварзӣ, ки асоси таъмини амнияти озуқаворӣ маҳсуб меёбад, таъсири манфӣ мерасонад.
Бинобар сабаби хушк омадани тирамоҳ ва фасли зимистон аз ҳисоби мутахассисон ва олимони соҳа ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шуда, гурӯҳҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баҳри пешниҳоди тавсияҳо ба кишоварзон сафарбар карда шудаанд. Олимони соҳа амалисозии чанд тадбири муҳимро дар ин самт ба манфиат арзёбӣ мекунанд.
- Имсол тобистон гарм, тирамоҳ хушк, зимистон низ хушку бебориш омад, ки ин омилҳо ба соҳаи кишоварзӣ бетаъсир намемонанд. Чунки ҳар як фасли сол аз рӯи хусусияти худ ба зироатҳои кишоварзӣ  таъсир мерасонад. Барои пешгирии таъсири гармии зиёд тадбирҳои зарурии  агротехникиро сари вақт ба роҳ мондан зарур аст. Барои он ки дарахтони мевадиҳанда ё зироатҳои кишоварзӣ намнокии заруриро барои фасли баҳор гиранд, мо бояд аз чорабиниҳои агротехникӣ самаранок истифода барем. Гармшавии ҳаво ба зиёд шудани зараррасонҳо мусоидат намуда, онҳо зимистонро дар танаи дарахт, зери хок, зери барг  бо хубӣ мегузаронанд. Барои он, ки онҳо нобуд шаванд, ҳарорат бояд аз 8 – 10 дараҷа паст бошад. Аз ин рӯ, яхобмонӣ яке аз роҳҳои асосии пешгирии зарари гармии ҳаво ба соҳаи кишоварзӣ дар фасли зимистон мебошад, - гуфт Саидалӣ Гулов, профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон.
Чунонки олим С. Гулов зикр намуд, дар фасли зимистон 2 навъи обмонӣ: яхобмонӣ ва обмонии муқаррариро дар вақташ иҷро намудан ҳатмист. Обмонии муқаррарӣ ба хотири ҷамъ намудани намӣ буда, бояд на танҳо дар боғот, балки дар  ҳамаи заминҳои корам, аз қабили пахтаю зироатҳои полизӣ гузаронда шавад, то дар фасли баҳор барои кишт ва сабзиши зироатҳо  намӣ муътадил бошад. Яхобмонӣ барои нест кардани ҳашарот ва зараррасонҳо, ки дар ҳамаи заминҳо мавҷуданд, манфиат дорад. Яхобмонӣ давраи гулкунии дарахтони мевадиҳандаро қариб як моҳ ақиб мепартояд ва сохти хокро беҳтар мегардонад. Деҳқонон бояд донанд, ки меъёри обмонӣ дар 1 гектар заминҳои қумнок ё сангдор бояд 700 – 800 метри мукааб ва заминҳои хокӣ то 1300 метри мукааб бошад. Ҳамчунин, теъдоди обмониро дар ин давра дуруст риоя намудан зарур аст. Дар давраи зимистон мувофиқи тадбирҳои агротехникӣ бояд дар 1 сол 1 ё 2 маротиба яхоб монда шавад. Лекин, бо назардошти ин, ки тирамоҳу зимистони имсола гарм омад, теъдоди обмонӣ бояд то 2 – 3 маротиба зиёд шавад. Яхобмонӣ омили асосӣ барои сабзиши муътадили зироатҳои кишоварзӣ мебошад.
Омили дигар барои барвақт бедор нашудани ниҳолҳо сафед кардани танаи дарахтон то шохаҳои асосӣ аст. Яъне ба воситаи оҳак бо иловаи даҳани фаранг (номи як навъ дору) маҳлул омода намуда, танаи дарахтонро сафед кардан  барои гарм нашудани танаи дарахт манфиат дошта, ҳашароту зараррасонҳоеро, ки дар танаи дарахт ҳастанд, нобуд месозад. Боришоти табииро, хусусан дар заминҳои лалмӣ, истифода бурдан ба манфиати кор аст. Яъне барфро дар атрофи дарахт ҷамъ намуда, аз рӯи барф хок партофтан зарур аст, то ки барф оҳиста об шуда, намӣ то решаи он равад, - гуфт С. Гулов.
М. ШАРИПОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2018    №: 23    Мутолиа карданд: 332

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед