logo

иқтисод

СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ. АЗ БАРОРУ КОМЁБИҲО ТО МУШКИЛОТ ДАР РОҲИ РУШД

Рушди иқтисодию иҷтимоӣ, тавсеаи истеҳсолоти воридотивазкунанда ва содиротӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи мустақими дохилӣ ва хориҷӣ барои тараққиёти соҳаҳои афзали  иқтисод, хусусан саноату энергетика,  истихроҷи маъдан ва коркарди маҳсулот, давоми соли 2017 дар меҳвари сиёсати иқтисодии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошт.

Тибқи маълумоти расмии Агентии омор, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ назар ба соли 2016 - ум 7,1 дарсад афзуда, ба 61,1 миллиард сомонӣ расид. Дар натиҷаи тадбирҳои роҳандозинамудаи Ҳукумати мамлакат дар самтҳои истеҳсоли молҳои саноатӣ (21,3 %), бахши аграрӣ (6,8 %), маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ (4,1 %) ва савдои чакана (6,6 %) афзоиши босуръати иқтисодӣ таъмин гардид. Истеҳсоли масолеҳи асосии бинокорӣ, риштаи пахтагӣ, қолин ва газвор зиёд шуда, бори нахуст дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол истеҳсоли ангишт ба беш аз 1 миллиону 740 ҳазор тонна расид. Бо таъсисёбӣ ва ба фаъолият пардохтани 170 корхонаи саноатӣ қариб 3 ҳазор шаҳрванди кишвар бо ҷойи кор таъмин гардид. Минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат дар маҷмӯъ ба андозаи 368,3 миллион сомонӣ, аз ҷумла «Суғд» 332,6 миллион, «Данғара» 35 миллион ва «Панҷ» 700 ҳазор сомонӣ, маҳсулот истеҳсол карданд.
Нақшаи ҷамъоварии андоз 102,6 % иҷро шуд. Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар сатҳи устувор нигоҳ дошта, суръати рушди воқеии иқтисодиёт ба 7,1 дарсад баробар шуд. Нисбат ба соли пешӣ ММД ба ҳар сари аҳолӣ 12 дарсад зиёд ва таваррум, бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, аз сатҳи пешбинишуда (7 дарсад) андаке пасттар (6,7 дарсад) ҷамъбаст гардид.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, айни ҳол дар мамлакат 68 барномаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 24,9 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 14 барномаи қарзӣ, 25 барномаи грантӣ ва 29 барномаи маблағгузориашон омехта (қарзию грантӣ) татбиқ шуда истодаанд. Соли гузашта дар доираи ин барномаҳо дар ҳаҷми 293,5 миллион доллар корҳо иҷро гардиданд. Сохтмони маҷмааҳои «Диёри Душанбе» ва «Масҷиди калони Душанбе», бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаҳои «Кока – Кола», «Обҳои нӯшокии Тоҷикистон», истихроҷи маъдан, заводҳои металлургӣ, семент ва муассисаҳои металлҳои сиёҳу ранга аз муҳимтарини ин барномаҳоанд.
Гардиши мол дар муомилоти хориҷӣ назар ба соли 2016 ба андозаи 1,1 дарсад афзуда, дар маҷмӯъ ба 3 миллиарду 973 миллион доллар расид. Хурсандиовар аст, ки дар гардиши берунии табодули мол ҳаҷми содирот назар ба соли пешӣ сеяк баробар (33,3 %) – қариб 300 миллион доллар зиёд гардида, воридоти мол 8,5 % ё 256,3 миллион доллар коҳиш ёфт.
Павилйони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи ЭКСПО - 2017 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон давоми се моҳ (аз 10 июн то 10 сентябр) зиёда аз 450 ҳазор меҳмонон, ҳайатҳои  давлатӣ ва иштирокчиёни намоишгоҳ тамошо карданд. Муваффақияти кишвар дар ин ҳамоиши бузурги иқтисодӣ – тиҷоратӣ аз сиёсати хирадмандонаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обу энергетика ва ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтаанд, сарчашма мегирад. Тоҷикистон дар байни 115 давлат ва 22 созмони байналмилалӣ аз рӯи номинатсияи “Мавзӯи намоишгоҳ” сазовори Ҷоизаи тиллоӣ гардид. Рейтинги сайёҳии мамлакат боло рафт ва Тоҷикистон, тибқи раддабандии созмонҳои маъруфи туристӣ, ба сафи кишварҳои барои сайёҳӣ ҷолиб ворид гардид.
Соли 2017 - ро дар қиёс ба солҳои пешӣ соли барору комёбиҳо номидан арзанда аст. Аммо дар баробари комёбиҳо камбудиҳои ҷиддие низ ҳастанд, ки боиси нигаронии Сарвари давлат ва садди роҳи рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат мегарданд. Амалҳои коррупсионӣ, сарфи назар аз чораҳои қатъии андешидаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан дар байни мансабдорон, тамоюли болоравӣ доранд. Қисмати даромади Буҷети давлатии соли 2017 ва нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ иҷро нашуданд. Ҳолатҳои истифодаи нодурусти маблағҳои буҷетӣ ҷой доранд. Дар корхонаҳои саноатии мамлакат ҳамагӣ 18% - нахи пахта коркард шудааст. Фақат 12 дарсади хонандагон бо либоси мактабии истеҳсоли худӣ таъминанд, яъне 88 % - и дигари либоси мактабӣ моли воридотист.
Ҳамчунин, воридшавии маҳсулоти пастсифати ғизоӣ ба кишвар идома дорад. Бештар аз 1,1 миллион метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд, аммо ин нишондод дар муқоиса ба соли пешӣ 8,1 % кам аст. Афзоиши истеҳсоли меваю сабзавот равшан аён бошад ҳам, содироти онҳо назар ба соли пешӣ коҳиш ёфт. Дар мамлакат сардхонаҳо ва марказҳои муосири логистикӣ намерасанд. Имкониятҳои васеи кишвар дар бахшҳои дорусозӣ ва истифодаи обҳои шифобахш босамар истифода  намешаванд.
Соли равон татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028», ки бо ташаббуси башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қатъномаи Маҷмаи кулли СММ қабул шудааст, оғоз меёбад. Ғайр аз ин, Сарвари давлат ба хотири рушду нумӯи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ соли 2018 – ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Ба хотири муҳайё намудани шароити мусоид барои зиндагии шоиста имсол то 65,7 миллиард сомонӣ боло бурдани ММД, муҳайё намудани 110 ҳазор ҷойи нави кор, бахусус барои бонувону ҷавонон, тарҳрезӣ шудааст. Шак нест, ки бо иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём баён доштанд, ба ин ҳадафҳо мерасем.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2018    №: 24    Мутолиа карданд: 254

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим

НБО - и "РОҒУН". Корҳои сохтмонӣ вусъат мегиранд

Сафари варзишгарони тоҷик ба Буэнос - Айрес

ТОҶИКОБОД. 31 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед