logo

фарҳанг

АДАБ ТОҶЕСТ АЗ НУРИ ИЛОҲӢ…

Бале, адаб ҳусни инсон буда, шахси боадаб аз хислатҳои неку ҳамида бархӯрдор аст. Аслан, ин қабил одамон фурӯтану боҳиммат ва дурандеш мешаванд.

Бешубҳа, ҳар ҷо, ки адаб аст, оромиву субот ва пешрафту нумӯ низ ҳаст. Дар оилае, ки аъзои он боадабанд, шодиву нишот ҳукмфармост.
Ин ҷо зарур мешуморем, ки қиссае аз боби адаб бароятон манзур намоем, зеро он пур аз панду ҳикмат аст: «Луқмони Ҳакимро пурсидаанд: Адаб аз кӣ омӯхтӣ? Гуфт: Аз беадабон. Ҳар чи аз эшон дар назарам нописанд омад, парҳез кардам».
Аз ин андешаи орифона чунин хулоса бармеояд, ки барои дарки моҳияти адаб зиндагӣ худ моро чун устоди сахтгир таълим медиҳад.
Бузургон адабро ганҷи бебаҳо ва шарафу иқбол ба қалам додаанд. Мисраъҳои ҷовидонаи Абулқосим Фирдавсӣ далели ин гуфтаҳост:

Адаб беҳтар аз ганҷи Қорун бувад,
Фузунтар аз мулки Фаридун бувад.

Аз ин лиҳоз, бояд дар ёд дошт, ки адаб бахту саодат, давлати ноёб, эътибору шаҳомат, тоҷи сари мардон аст.
Аммо, мутаассифона, на ҳамеша наврасону ҷавонони мо одобро дар оила ва ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя мекунанд, ки ин боиси нигаронист. Гоҳо мо – калонсолон дар кӯчаю хиёбонҳо амалҳои носавоби онҳоро мушоҳида кунем ҳам, аҳамият намедиҳем, бепарво мегузарем. Андеша намекунем, ки ояндаи ҷомеа ба онҳо вобаста аст. Аз ин хотир, ҳамагон вазифадорем, ки наврасонро дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намуда, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят созем.
Арӯс САИДОВА,
омӯзгори фанни забони англисии МТМУ № 51-и шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.01.2018    №: 25    Мутолиа карданд: 1357

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед