logo

фарҳанг

ОИЛА. АСОСҲОИ ТАНЗИМ ДАР ОСОРИ ГУЗАШТАГОН

Анъанаи навиштани асарҳои ахлоқӣ баъд аз «Авасто» дар давраи Сосониён идома ёфта, оғози он ба давраи ҳукумронии асосгузори сулолаи Сосониён Ардашери Бобакон рост меояд. Мароми ин пандномаҳо асосан тарбияи мардум ва фарзандони кишвар буд. «Пандномаи Бузургмеҳр», «Андарзи Одурбоди Меҳраспандон», «Калила ва Димна», «Дарахти Асурик» ва асарҳои дигар маҳсули ҳамин давраи таърихӣ мебошанд.
Дар ин асарҳо масъалаҳои илму ҳунар ва тарбияи оилавӣ хеле мӯҷаз ва бо далелҳои боварибахш инъикос гардидаанд. Масалан, дар яке аз андарзҳои Одурбоди Меҳраспандон омадааст: «Агар туро писаре бувад, ӯро дар кӯдакӣ ба дабистон бидеҳ, чунки омӯзиш рӯшноии чашму дил аст». Дар саволу ҷавобҳои Нӯшервону Бузургмеҳр оид ба танзими оила ва аз худ кардани касб гуфта шудааст: «Аз неъматҳои дунё чанд чиз хушбор аст?». Бузургмеҳр посух мегӯяд: «Яке фарзанди солеҳ, дувум давлат аз касби ҳалол».
Асари дигари тарбиявии ин давра «Калила ва Димна» аст, ки қисмати бузурги тарбиявию ахлоқӣ дорад. Гувоҳи таърих аст, ки «Калила ва Димна» дар аҳди Сосониён китоби рӯимизии саркардаҳои ин сулола буда, шоҳону шоҳзодагон ва аъёну ашроф дар рӯҳияи панду андарзи ин асар тарбия мегирифтанд. Минбаъд, дар замони Сомониён устод Рӯдакӣ онро аз забони арабӣ ба форсии тоҷикӣ тарҷума кард, ки баъзе намунаҳои он то ба имрӯз расидаанд.
Унсурмаолии Кайковус яке аз шоирон ва нависандагони забардасти асри ХI буда, бо асари тарбиявияш «Қобуснома» маъруф аст. Дар ин асараш аз номи Бузургмеҳр сухан ронда, дар баробари масъалаҳои дигари ахлоқу одоб, инчунин, аёли гаронро (оилаи серфарзандро) боиси ташвиш донистааст.
Муаллиф дар ташкили оила ва интихоби зан фикрҳои ҷолиби аҳамияти педагогӣ – тиббӣ доштаро низ мавриди баён мекунад. Ӯ дар боби «Андар зан хостан» менависад: «...Ва зан аз қабилаи дигар хоҳӣ, то бегонагонро хеш карда бошӣ, ки ақрабои ту аҳди ту бошанд».
Унсурмаолии Кайковус бо ин ақидааш ду масъалаи муҳими оилавиро мақсади асосии хеш қарор додаст: якум аз ҳисоби бегонагон хонадор кардани фарзанд, яъне ба ин васила сафи хешу ақраборо зиёд кардан, дуюм ба даст овардани фарзанди солим. Тавсияи мазкур то имрӯз қимати илмиву амалии худ-ро гум накардааст.
Авҳадиддини Анварӣ (ваф. 1187), ки пайғамбари қасидасароёни форсу тоҷик эътироф гардидааст, камиёлиро «саодати мард» дар хонадон ҳисобидааст:
Камиёлӣ саодатест, ки мард,
Наравад ҷуз ба рои хеш бад-он;
Мардро низ банди тахтаю ғул,
Ҷуз иёли гарон мадон ба ҷаҳон.
Гарчи мардонагӣ ба ҷаҳд кунад,
Натавонад шуд аз миён ба карон.

Ин ақидаи Анварӣ, бешубҳа дар шароити кунунӣ қабулшаванда аст. Зеро аксари оилаҳои камбизоат, ки серфарзанданд наметавонанд аз уҳдаи дурусти таълиму тарбияашон ба таври бояду шояд бароянд.
Шоир ва нависандаи машҳури нимаи дуюми асри ХVI Камолиддини Биноӣ дар таълимоти тарбиявӣ - ахлоқии худ роҷеъ ба ин  масъала дар маснавии «Беҳрӯз ва Баҳром» бисёрзангириро на танҳо рафтори пасткунандаи шарафи оила медонад, балки бадбахтии оилавӣ мешуморад.  Ӯ вазифаи муқаддаси ҳар як падару модарро дар таваллуд ва тарбияи фарзандони ҳалол ва покизасиришт мебинад:
Бо ҳалоли худ он кӣ суҳбат сохт,
Нияти заръ карду тухм андохт
Бошад ӯро савоби он фарзанд.
Ки бувад дар ҷаҳон саодатманд.
         
Хулоса, бояд гуфт, ки масъалаи ба танзим даровардани оила проблемаи нав набуда, ҳанӯз дар садсолаҳои гузашта низ диққати олимону мутафаккирони форс–тоҷикро низ ба худ ҷалб намуда буд.
Дилафрӯз САИДОВА,
омӯзгори коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2018    №: 29    Мутолиа карданд: 108

21.02.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов бо Оле Йоҳан Бёрней

Ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ дар Вазорати кишоварзӣ

Баррасии масоили мубрами густариши ҳамкориҳо

Баргузории намоиши «Корвони ҳунар»

Ҷаҳон дар як сатр

СММ Туркияро ба қатъи амалиёти низомӣ дар Африн даъват намуд

Дар ИДМ 90 нафар барои маблағгузории терроризм ба даст афтод

Кушта шудани 24 полис аз дасти толибон

ДИ дар Афғонистон ва Покистон реша медавонад

Венесуэла соҳиби криптоасъори худ шуд

Samsung дроне баровард, ки бо нигоҳ идора мешавад

20.02.2018


Бизнес-форуми доираҳои соҳибкорӣ баргузор мешавад

Хисрав Соҳибзода бо Султон Саъд ал-Мурайхӣ мулоқот намуд

Дурнамои рушди сиёсати давлатии ҷавонон матраҳ мегардад

ҶДММ “Суғуртаи асри XXI” соҳиби иҷозатнома шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Вячеслав Володин: «Дар Сурия миёни «ДИ» - ро Русия шикаст»

Гуфтушуниди Чин бо ҷудоихоҳони покистонӣ

Қазоқистон: «Шустан» - и $500 миллион ва 8 сол маҳрумӣ аз озодӣ

Барои барқарорсозии Мехико баъди заминҷунбӣ шаш сол зарур аст

19.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Валбурга Рос мулоқот намуд

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Япония густариш меёбанд

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мешавад

Барориши нахустини коғазҳои қиматнок ба иқтисоди кишвар 500 миллион доллар ворид намуд

Нуъмон Абдуғаффорзода: "Ба шарофати имтиёзҳои андозию гумрукӣ инфрасохтори сайёҳӣ рушд меёбад"

Ҷаҳон дар як сатр

Масъулияти куштори одамон дар Қизлярро «ДИ» ба зимма гирифт

ИА воридсозии сулҳофарон ба Донбассро воситаи қатъи таҳрими зиддирусӣ мешуморад

Мексика дар 33 мунитсипалитет ҳолати фавқулода роҳандозӣ кард

Садамаи чархбол боиси марги 13 нафар гашт

Дар Венесуэла ҳавопаймо ба болои хона афтид

Варзиш

17.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Ясмин Гуедар мулоқот намуд

Баррасии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед