logo

иқтисод

АФЗАЛИЯТ БА СИФАТ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ суханронии худро бо ғояи созандаи «Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад» оғоз намуданд.
Воқеан, тавре дар Паём ҳам ишора шуд, агар роҳи начандон тӯлонии иқдом ва ташаббусҳои Ҳукумати кишварро дар замони Истиқлолияти давлатӣ баррасӣ намоем, раванди татбиқи ин маслакро дар чанд самт метавон асоснок намуд. Ташкили ҳуқуқии аркони давлатдорӣ, талошҳо барои расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, ҷустани роҳҳои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва буҳрони иқтисодӣ, ба вуҷуд овардани заминаҳои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла маорифу илм, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва амсоли ин аз вазифаҳои аввалиндараҷаанд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ва талошҳои Ҳукумати кишвар ҳалли худро ёфта истодаанд.
Имрӯз кишвар дар марҳилаи нав қарор дорад. Ин марҳила ба стандартҳои ҷаҳонӣ наздик намудани ҳама гуна фаъолият, сифати молу маҳсулот, ба вуҷуд овардани фазои солим барои ҳифзи манфиатҳои кишвар ва арзишҳои миллӣ мебошад. Дар ин марҳила, чуноне дар Паём таъкид гардид, «бо назардошти тағйирёбии вазъу талаботи бозори ҷаҳонӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ тараққӣ додани соҳаи саноат ва коркарди маҳсулоти он то ҳадди ниҳоӣ, аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин мебошад». Муносибат ва роҳҳои иҷрои ин вазифаҳо гуногун бошанд ҳам, мақсади ниҳоӣ ноил шудан ба сифати хуби ҷавобгӯ ба талаботи муосир аст. Дар ин раванд сифатнок гардондани маҳсулот зарурати бештар пайдо мекунад. Табиист, ки меъёри ҳар гуна натиҷаи кору фаъолият аз рӯйи ду омил арзёбӣ мешавад, ки яке миқдор ва дигаре сифат аст. Аз нигоҳи миқдор мо ба натиҷаҳои нисбатан назаррас ноил шудаем, ки нодида гирифтани онҳо аз рӯйи инсоф нест, аммо натиҷаҳои миқдорӣ дар танҳоӣ муваффақияти комил буда наметавонанд, балки маҳз сифат ба онҳо пуррагӣ мебахшад. Бо чунин меъёри арзиш муносибат намудан ба ҳар гуна маҳсули эҷод ва фаъолият дар Паёми Президенти кишвар таносубан афзалият дошт. Роҳбари давлат  ба баланд бардоштани сифати маҳсулоти саноатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Тавре аз расонаҳои хабарӣ огоҳем, дар ҷумҳурӣ амалиёти пешгирии маҳсулоти пастсифат, ки бо роҳҳои гуногун вориди кишвар гардида, бозори дохилиро пур кардаанд, идома дорад. Агар қисми камтарини ин намуд маҳсулот истеҳсоли корхонаҳои худӣ бошад, ағлаби онҳо маҳсулотеанд, ки аз хориҷи кишвар ворид гардидаанд. Барои мисол, куртаҳои чакану тоқиҳои чустӣ бо тарҳи сунъӣ вориди бозори  мо шуда, на танҳо тиҷорати маҳсулоти табиии худиро мекоҳонанд, балки ба саломатии мардум зарар доранд. Ҳамин нуктаро дар бораи бозичаҳои кӯдакона низ метавон гуфт. Азбаски нархи чунин маҳсулот дар муқоиса ба маҳсулоти ватанӣ нисбатан арзон аст, харидори зиёд пайдо мекунад. Ин ҳолат моро ҳушдор медиҳад, ки роҳҳои ҳуқуқии пешгирӣ намудани воридоти чунин маҳсулоти пастсифати зарароварро ба кишвар ҷӯё шавем. Аммо ин ҷо масъала дигар аст. Чунин маҳсулот бо кадом роҳ ва бо чӣ мақсад вориди кишвар мешавад? Кӣ ба воридшавии чунин маҳсулот манфиатдор аст? Чаро то ин вақт мақомоти дахлдор ба ин масъала камтаваҷҷуҳ будаанд?
Дар ин шароит ҳар яки моро масъулият мебояд: масъулият дар назди виҷдон, масъулият дар назди вазифа, дар назди кишвар ва ҷомеа.
Дар ин зимн фаъолият ва масъулияти кормандони бахши гумрук нақши муҳим мебозад, зеро ворид гардидани маҳсулоти пастсифат ба бозори дохилӣ аз муносибати эшон ба касбу вазифаашон низ вобаста аст.
Фикр мекунам, иқдоми пешгирифтаи давлату Ҳукумат - таҳия ва амалисозии Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, ҳамчунин, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018 мувофиқи мақсад буда, ба маърифату дарки иҷтимоӣ ва ватандӯстиву ҳувияти миллии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон иртибот дорад. Аммо ин маърифат якбора ба вуҷуд намеояд, балки ба таълиму тарбия ва тарғибу ташвиқ ниёз дорад.
Дар замони муосир, ки имконоти баҳамоии фарҳангҳо, рақобатпазирии молу коло ва интиқоли он фароҳам омадааст, сатҳу сифати фаъолият дар ҳама соҳа аҳамияти бештар пайдо мекунад. Маҳз принсипи сифатнокӣ метавонад дар интихоби касбу вазифа, истеҳсоли маҳсулот, муайян намудани мақому мартаба фазои озоди рақобатпазириро ба вуҷуд орад ва ба зиндагии шоистаи мардум мусоидат намояд. Аз ин лиҳоз, ҳамагонро мебояд ба ин ҷиҳат эътибор диҳем.
Мурод МУРОДӢ, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.02.2018    №: 30    Мутолиа карданд: 245

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед