logo

фарҳанг

АЛЛОМА БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА "ҶУМҲУРИЯТ"

Аллома Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти густурдаи худ дар соҳаҳои фарҳангу санъат, илму маориф, таъриху тамаддун ва иҷтимову сиёсат номи худро ба дафтари абадият сабт намуд. Аз ҷумла, дар ин мақолаи фишурда кӯшиш кардем, то робитаву ҳамкории ҳамешагии ӯ бо матбуоти тоҷик дар мисоли «Тоҷикистони советӣ» (имрӯза «Ҷумҳурият») барои хонанда рӯшантар шавад.
Аз чандин суханрониҳои гарм ва номаву навиштаҳои Бобоҷон Ғафуров пайдост, ки ӯ ба матбуот, бавижа рӯзномаву ҳафтаномаҳои даврӣ, меҳру ихлоси хосса доштааст ва онҳоро ҳамчун фишангҳои давлатсоз эътирофу эҳтиром мекардааст. Ӯ борҳо нақши бузург бозидани матбуотро дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси тамоми соҳаҳо таъкид намуда, аз ҷумла 25 марти соли 1975 дар саҳифаи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» навиштааст: «Дар солҳои 20 - 30 газетаҳои аввалини тоҷикӣ на танҳо ташкилотчӣ ва пропагандисти коллективӣ, балки макони ҳақиқии тайёрии кадрҳои партиявӣ, журналистӣ, адабӣ, маданӣ ва илмӣ буд. Аз насли калони нависандагон, коркунони илм ва маданият шояд касе набошад, ки дар газетаи «Тоҷикистони советӣ» кор ва ё бо вай ҳамкорӣ накарда бошад».
Зикри ин матлаб низ айни муддаост, ки Бобоҷон Ғафуров хатмкунандаи Институти журналистикаи ҳизбии Москва буд ва фаъолияти ҷамъиятиву сиёсии худро маҳз аз кори рӯзноманигорӣ оғоз кардааст. Ҳамчунин, ӯ солҳои 1927 - 1928 мухбири фаъоли рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» буд ва минбаъд равобити ӯ бо ин рӯзнома ӯро ба қуллаҳои баланд расонд.
Ӯ ҳанӯз ҷавони навхат буд, ки бо номи мустаор – «Бӯвоҷончӯлоқ» (Бобоҷони ланг - Б. Б.)  мақолаву фелйетонҳои тезу тунд ва фошкунанда навишта, аз кирдорҳои мулломаобону бойҳои истисморгар интиқод мекард. Бино ба навиштаи профессор Усмонҷон Ғаффоров, мавсуф солҳои 1927 - 1928 дар саҳифаҳои «Бедории тоҷик» (имрӯза «Ҷумҳурият»), «Овози тоҷик» зуд - зуд матлабҳо нашр менамуд ва минбаъд душману қасосгирандагон пайдо карда, ҷойи истиқоматашро тағйир дода меистод.
Баъдтар Бобоҷонро мухбири хурди рӯзномаи «Қизил Тоҷикистон» («Тоҷикистони сурх») таъйин мекунанд ва ӯ зина ба зина мудир, ҷонишини муҳаррир ва муҳаррири рӯзномаи номбурда шуда, ба камол мерасад. Дар ҷашни 50 - солагии «Тоҷикистони советӣ» иштирок ва суханронӣ карда, бори дигар ёдовар мешавад, ки ин рӯзнома дар камолоти ходимони барҷастаи давлативу ҳизбӣ ва фарҳангӣ нақши бориз дорад.
Шурӯъ аз соли 1935 ба тарбияи журналистони соҳибқалам кӯшида, бо ташаббуси Ҳизби коммунист курси шашмоҳаи тайёркунии муҳаррирони ноҳиявиро роҳандозӣ мекунад ва бори нахуст соли 1937 бисту ҳафт кас курси мазкурро хатм намуда, барои кор ба рӯзномаҳои ноҳиявӣ фиристода мешаванд.
Далели ҷолиби дигар ин аст, ки Бобоҷон Ғафуров дар аввалин мактаби омодасозии кадрҳои рӯзноманигорӣ, ки соли 1938 дар Душанбе (Сталинобод) ташкил ёфта буд, аз назария ва амалияи кори матбуот ба мутахассисони оянда дарс ҳам гуфтааст. Ӯ дар баробари мудирии сектори матбуоти маданӣ - равшаннамоии КМ ҲК Тоҷикистонро ба уҳда доштанаш, инчунин, як муддат муҳаррири маҷаллаи «Коркуни партиягӣ» буд ва бо мақолаҳои «10 сол ва зани озодшуда» (1939), «Мубориза ба муқобили боқимондаи одатҳои феодалӣ - боӣ нисбат ба занон қувватнок карда шавад» (1940) аз ҳуқуқу озодиҳои занон дифоъ мекард.
Барои Б. Ғафуров дар масъалаҳои ҷиддитар, ки тобиши сиёсӣ доранду аз ҳуқуқҳои маънавиву таърихии халқи тоҷик бояд дифоъ шавад, минбари баландтар аз «Тоҷикистони советӣ» набуд. Масалан, солҳои ҳафтодуми асри ХХ олими англис Тереза Раковская – Хармстоун китобе бо номи «Русия ва миллатчигӣ дар Осиёи Миёна дар мисоли Тоҷикистон» навишта, ба таҳрифи таърихи халқи тоҷик даст мезанад. Дар ҷавоби он Б. Ғафуров дар «Тоҷикистони советӣ» (9 сентябри 1972) мақола навишта, аз ҷумла чунин гуфтааст: «Таърихи гузаштаи халқҳои Шарқ, аз ҷумла халқи тоҷик  аз силсилаи беохири ҷангҳову табаддулоти дарборӣ иборат аст» (ин ҷумлаи Тереза Раковская – Б. Б.), зарбаи сахт зад. Бинобар ин, ман аз рӯи масъулиятшиносӣ гуфта метавонам, ки ин «тадқиқотчии» бевиҷдон таърихи гузашта ва ҳаёти ҳозираи халқи тоҷикро то чи андоза сохтакорӣ ва таҳриф кардааст. Манзарае, ки вай дар китобаш тасвир кардааст, ба воқеият ягон қадар монандӣ надорад».
Номбурда дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ бо мақолаҳои оташину нишонрасаш халқи тоҷикро ба муборизаи беамони зидди фашистон даъват кардааст. Ҳатто устод Садриддин Айнӣ зикр мекунанд, ки Бобоҷон Ғафуров барои навиштани асарҳои таърихӣ чандин мавзӯъҳоро пешниҳод кард ва ман аз байни онҳо мавзӯи Ибни Муқаннаъро пазируфтам (У. Ғаффоров, А. Усмонов «Нобиға», 2017, саҳ. 94 - 95). Минбаъд аз ин таваҷҷуҳи Б. Ғафуров устод Айнӣ илҳом гирифта, асарҳои «Исёни Муқаннаъ», «Қаҳрамони халқи тоҷик - Темурмалик» - ро офарид ва тоҷиконро ба корнамоиҳо ҳидоят намуд.
Боз як далели ҷолиби диққат ин аст, ки Б. Ғафуров баъди фикру мулоҳизаҳои зиёд навиштани номаи умумихалқиро ба унвони аскару афсарони зидди фашистон ҷангидаистодаи тоҷик ҳадаф қарор дода, матни пурраи онро 20 марти соли 1943 дар «Тоҷикистони советӣ» чоп кунонд. Номаи мазкур имзоҳои 390 ҳазор ходими машҳури соҳаҳои гуногун, аз ҷумла Бобоҷон Ғафуровро дар худ дошта, ҳар як ҳарфи он ҷавонмардони моро ба шуҷоату қаҳрамонӣ ва нангу номуси ватандорӣ даъват мекард. Яке аз нусхаҳои он то ҳол дар хонаи профессор У. Ғаффоров нигаҳдорӣ мешавад.
Албатта, ин садоқату самимият ва дилбастагии якумраи аллома Бобоҷон Ғафуров ба рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» бесабаб набуд. Зеро ӯ дарк мекард, ки умри «Тоҷикистони советӣ» пайваста бо умри Тоҷикистону тоҷикон дароз аст ва фардо ҳам, имрӯз ҳам бо номи «Ҷумҳурият» дар пойдории давлат, муназзаму мутараққӣ кардани афкори ҷомеа ва ваҳдату ҳамгироии халқи тоҷик мусоидат мекунад. Ва, дар ин росто, «Ҷумҳурият» низ номи содиқтарин мухбир ва муаллифи худ – Бобоҷон Ғафуровро зинда нигаҳ медорад!
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2018    №: 33    Мутолиа карданд: 65

17.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Ясмин Гуедар мулоқот намуд

Баррасии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон

Густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Ванҷ. Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

ХАТЛОН. Ба ҳунар арҷ мегузоранд

ИШКОШИМ. Беморон таҳти назорат қарор доранд

Хадамот ба буҷети мамлакат 92799, 26 сомонӣ ворид намуд

"ТОҶИК – ЭЙР". Камбудиҳо бартараф мешаванд

АГЕНТИИ ОМОР. Пешниҳоди шакли нави ҳисоботи ҷойҳои кории навтаъсис

Шералӣ Сиддиқзода: "Шароити муосири таҳсилро фароҳам меорем"

Агентӣ 1980 ҷинояти коррупсиониро ошкор кард

Бекоршавии ақди никоҳ аз мушкилоти мубрам боқӣ мемонад

14.02.2018


ҲИСОР. Аз таъмини дурнамои пахта то иҷрои барзиёди даромади буҷет

КБА яхбандиро сабаби садамаи ҳавопаймои Ан-148 номид

СММ: «Гурезаҳои Мянмаро фоҷиаи нав дар пеш аст»

Ҳиҷрат ба Аврупо тавассути баҳри Миёназамин коҳиш ёфт

Дар Қирғизистон мубориза бо коррупсия миёни қудратиён сахттар мешавад

Қатар барои дучархаронҳо роҳҳои нав месозад

13.02.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Тоҷикистону Қазоқистон Масоили мубрами ҳамкориҳо матраҳ гаштанд

Рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қатар

Ширкати "Хитойатом" "Аргус"-ро маблағгузорӣ хоҳад кард

33 миллион доллар барои рушди кишоварзӣ

Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфти журналистони касбӣ барои сомона ва ровиёну барандаҳои боистеъдод барои радио ОЗМУН эълон мекунад.

КТР: «Ҳавопаймои Ан-148 пас аз афтидан таркид»

Барқарорсозии роҳи оҳани Амузанг - Хатлон оғоз ёфт

Дар ҷануби Сурия ҷабҳаи нав кушода шуд

Сарвари ифротиёни «Давлати исломӣ» дар дами марг аст?

Чин дар рушди Сурияи баъдиҷангӣ нақши калон бозиданист

12.02.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Шоқосим Шоисломов

Тақвияти муносибатҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

Баррасии масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Омодагиҳо ба ҷашни 25 - солагии Қувваҳои Мусаллаҳ

Ифтитоҳи мағозаи «Армуғон»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед