logo

фарҳанг

ҲУНАР БЕҲ АЗ МЕРОСИ ПАДАР

Дар замони муосир, ки замони бархӯрди тамаддунҳост, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар боло бурдани ҳувияти миллӣ нақши босазо мегузоранд. Шахси ҳунарманд бошад, дар ҳама давру замон соҳиби обрӯву эътибори хосса аст. Зеро ҳар қадар технологияҳои замонавӣ фаъолияти дастиро осону онро сермаҳсул намоянд ҳам, онҳо эҳсосот, орзуву омол ва ниятҳои неки ба эҷози худ эҳдо намудаи инсонро иваз карда наметавонанд. Аз ин ҷост, ки рӯз аз рӯз ва сол аз сол таваҷҷуҳ ба ҳунармандон ва ҳунарҳои миллӣ бештар мегардад. Шахсе, ки мо дар борааш ҳарф мезанем, воқеан ҳам, ҳунарманди мардумӣ аст. Ӯ сокини деҳаи Сари Пули Ҷамоати деҳоти Нушори ноҳияи Тоҷикобод Адҳам Давлатов мебошад.

Номбурда солҳои зиёд аз пайи меҳнати ҳалоли худ нон хӯрда, фарзандони худу шогирдонашро дар рӯҳияи ватандорию хештаншиносӣ ва меҳнатдӯстӣ тарбия намудааст. Аз ин ҷост, ки фарзандонаш низ, новобаста аз ихтисоси гуногун гирифтанашон, ба касби  дуредгарӣ таваҷҷуҳи беандоза доранд ва худро боифтихор давомдиҳандаи касби падар меҳисобанд.
Адҳам Давлатов аслан омӯзгор аст. Дар мактаби деҳа ба шогирдон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯяд. Новобаста аз оне, ки омӯзгор аст, бо асбобҳои аз падар меросмонда ба сохтани ашёи рӯзгор аз қабили ҷевон, гаҳвора, асбоби мусиқӣ (тор, тамбур, думбра, дутор), инчунин, лавҳ, табақ, қошуқ, қанддон, сандуқҳои кандакорӣ ва ғайраҳо машғул аст. Дар эҷодаш аз нақшу нигорҳои қадима, ки бо гулҳои рангоранг, парандагон ва рамзҳои мухталиф оро ёфтаанд, васеъ истифода мебарад.
Солиёни зиёд аст, ки дар намоишгоҳҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ бо маҳсули дастони хеш ширкат варзида, соҳиби ифтихорномаҳо гардидааст. Ҳар нақшро бо ҳавсалаи том рӯйи пораҳои чӯб тасвир намуда, пасон  кандакорӣ мекунад. Сеҳри дастони муъҷизаофараш дар ҳар кораш эҳсос мегардад.
Чун дар бораи ҳунару ҳунармандӣ аз ӯ пурсон шудем, чунин посух дод: «Ҳунар сармояест, ки онро ҳеҷ газанде намерасад. Аз ин ҷост, ки ҳунармандон онро бо ягон дороӣ ва симу зар иваз кардан намехоҳанд. Ҳунарро харидан низ мумкин нест. Онро танҳо  дӯст доштан даркор аст. Агар меҳр дошта бошед, ҳунарро аз худ мекунед, вагарна не.
Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидарӯҳ мегардонад ва зиндагиро зебоӣ мебахшад. Ҳамаи ҳунарҳо дар оғози аз бар намудан душворӣ доранд, вале кам одамоне ёфт мешаванд, ки ин душвориҳоро паси сар намоянд. Аз ин ҷост, ки дар ҳама давру замон ҳунарманд воломақому бообрӯ мебошад».
Таҷрибаи усто Адҳам Давлатов нишон медиҳад, ки ҳунарманд коргоҳ намеҷӯяд, ҳар куҷое, ки бошад, метавонад барои худ шуғле пайдо намояд. Гузашта аз ин, ҳунар мояи рӯзгор мебошад. Мояе, ки дар он хайру баракати беандоза нуҳуфта аст.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.02.2018    №: 34    Мутолиа карданд: 515

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим

НБО - и "РОҒУН". Корҳои сохтмонӣ вусъат мегиранд

Сафари варзишгарони тоҷик ба Буэнос - Айрес

ТОҶИКОБОД. 31 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед