logo

номаҳо

ШАҲРАКИ ҲУНАРМАНДОНРО БУНЁД СОЗЕМ

Муҳимияти рушди соҳаи сайёҳиро дар тақвияти иқтидори иқтисодии мамлакат, таъсири арзишманди ҳунарҳои мардумиро дар шакл додани мафкураи миллӣ ва талабот ба маҳсулоти дастсохтро ба инобат гирифта, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 - ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Ин иқдоми тозаи Пешвои миллат дар ҳақиқат боиси фараҳмандист.

Дар баъзе кишварҳои дар арсаи туризм пешгом, ё лоақал рӯ ба рушд, шаҳракҳои ҳунармандон сохта шудаанд. Шаҳраки ҳунармандон бештар дар он кишварҳое сохта мешавад, ки фарҳанги қадима доранд. Зеро чуноне маълум аст, аксари сайёҳон ба маҳсулоти қадимӣ таваҷҷуҳи бештар доранд. Ва арзиши ин гуна маҳсулот аз маҳсулоти тавассути дастгоҳҳо сохташуда гаронтар аст.
Ба гунаи мисол, барои сайёҳон шаҳраки ҳунармандони Будапешт дар қиёс ба дигар мавзеъҳои тамошобоб аз ҷолибияти зиёд бархӯрдор аст. Дукону хонаҳои начандон боҳашамат, аммо бо усули меъмории миллӣ ва хеле зебо сохташуда, роҳравҳои дар шакли қадимӣ кошинкоришуда ба кас имкон медиҳад, ки худро беихтиёр дар як дунёи афсонавӣ тасаввур кунад. Ё ҳадди ақал, фарҳангу ҳунари мардуми ин сарзаминро бо чашм бубинад. Нашъаи ҳамин чанд лаҳза кофист, ки сайёҳ барои хотира ба худ ва наздиконашон чизе бихарад. Озарбойҷон ҳам, ки мисли мо ахиран ба соҳаи туризм таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд, аҳамияти ҳамин навъ шаҳраки ҳунармандонро аз манфиат холӣ надида, онро сохт.
Биноан, ба масъулон пешниҳод  дорам, ки ҳатман чунин як шаҳраке дар Тоҷикистон низ бисозанд. Ба андешаи ман, ин сон шаҳракро метавон дар масоҳати на камтар аз 2 гектар бо назардошти талаботи меъмории миллӣ дар наздикии шаҳри Душанбе, ё яке аз ноҳияҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ ҷолиби мамлакат бунёд кард. Дар як гӯшаи шаҳрак метавон дуконҳои дуредгарон, оҳангарон, чармгарон, кулолҳо, сангтарошон, заргарон, кандакорҳо, наққошон ва ғайраро ҷо кард. Дар гӯшаи дигараш дуконҳои чакандӯзон, тоқидӯзон, гулбурон, зардӯзон, кӯрпадӯзонро.
Мувофиқи таҷрибаи байналмилалӣ, агар қисмати пеши дуконҳо бо шишаи барқад маҳкам ва дар дохил як - ду усто машғули кор бошад, хеле беҳтар аст. Ин имкон медиҳад, ки тамошогарон ба кори устоҳо халал нарасонда, рафти онро назорат кунанд. Таҷрибаи дигар кишварҳо нишон медиҳад, ки агар ин шаҳракҳо дорои ҳам кӯчаю хиёбону нишастгоҳҳои миллӣ, ғизою нӯшокиҳои маҳаллӣ, хидматрасону ҳунармандони дорои  либоси тоҷикӣ бошанд, боз беҳтар аст. Метавон дар асоси озмун идеяҳои аз ин ҳам ҷолибро дарёфт намуд.
Зокир МУРОДОВ,
Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.02.2018    №: 34    Мутолиа карданд: 265

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед