logo

Хабарҳо

ИШКОШИМ. Беморон таҳти назорат қарор доранд

Ба мақсади огаҳӣ пайдо намудан бо вазъи саломатии сокинони аз орди гандум заҳролудгардидаи ноҳияи Ишкошим гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуд.
Шодихон Ҷамшед, раиси вилоят, зимни мулоқот бо намояндагони вазорат зикр намуд, ки 17 январи соли ҷорӣ пас аз истеъмоли нони гандумии дар осиёби маҳаллӣ ордшуда 5 сокини деҳаи Питупи ноҳияи Ишкошим бо аломатҳои заҳролудшавӣ дар беморхонаи вилоятӣ бистарӣ шуданд. Пас аз ташхис муайян гардид, ки онҳо ба бемории гепатити гелиотропӣ, ки бар асари заҳролудшавӣ аз рустании заҳрноки гелиотроп ба амал меояд, мубтало гаштаанд. Мутаассифона, 31 январ сокини 11 - солаи ин деҳа ба ҳалокат расид. Ҳамчунин, 3 феврал ҳодисаи заҳролудшавӣ боз дар як оилаи дигар ба қайд гирифта шуд.
Бо назардошти вазъи баамаломада аз ҳисоби мутахассисони соҳаҳои дахлдор гурӯҳи корӣ ба ноҳияи Ишкошим сафарбар карда шуд. Дар рафти тафтиш маълум гашт, ки сабаби заҳролудшавии аҳолии ҷамоат  гандуми аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон овардаи соҳибкори маҳаллӣ, сокини деҳаи Тугози Ҷамоати деҳоти Питуп Шавкат Раҳматов мебошад.
Тибқи иттилои масъулон, айни ҳол 44 сокини ин деҳот бо аломатҳои бемории гепатити гелиотропӣ дар беморхонаи вилоятӣ бистарӣ гардидаанд, ки 16 нафари онҳо кӯдакон мебошанд.
Бо дастури раиси вилоят Шодихон Ҷамшед орди боқимонда аз мардум бозпас гирифта, барои нобуд кардан ба мақомоти салоҳиятдор супурда шуд. Бар ивази он Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар ВМКБ ва соҳибкори маҳаллӣ аз шаҳри Хоруғ Насриддин Сабзалиев сокинони ҷамоатро бо орд таъмин намуданд.
Ҳоло сокинони Ҷамоати деҳоти Питуп ва атрофи он зери назорати роҳбарияти вилоят ва мутахассисони соҳаи тандурустӣ қарор доранд ва бо пайдо шудани аввалин нишонаҳои ин беморӣ мавриди ташхису табобат қарор хоҳанд гирифт.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 301

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед