logo

иқтисод

ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. РОҲИ ИННОВАТСИОНИИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати барномавии фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ буда, аз ҷумла роҳҳои  таъмин намудани рушди  устувору босуръати иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони кишварро фаро мегирад.
Ҷаҳони имрӯза, сарфи назар аз тазодду хатарҳои глобалӣ, бо суръати баланд рушд мекунад. Хусусан дар ҷодаи техникаю технологияи нав ва  диверсификатсияи онҳо дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти инсон пайваста пешравиҳои нав ба нав ба вуқӯъ меоянд. Суръати рушди инноватсионӣ ба дараҷае расидааст, ки таҳқиқу омӯзиш ва тадриси фарогири ин равандро дар низоми таҳсилот ва корҳои илмӣ, амалӣ ва пажӯҳишӣ тақозо менамояд.
Аз ин рӯ, дастури Пешвои миллат оид ба беҳтар гардондани дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ  хеле  муҳиму актуалӣ мебошад.  Дар таъмин намудани иҷрои ин амалҳо сармояи инсонӣ, ки дар асоси  илм ташаккул ёфтааст, нақши бориз дорад.
Дар Паём таъкид гардидааст: “Илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд”.
Иқтисоди рақамӣ чист? Онҳое, ки иқтисоди рақамиро фақат ба соҳаи иқтисод алоқаманд менамоянд, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва Интернетро дар иқтисод, пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ (бизнес), андоз, осон кардани савдои мол ва хизматрасонӣ асоси иқтисоди рақамӣ медонанд.
Олимони Донишгоҳи Оксфорд иқтисоди рақамиро чунин шарҳ додаанд: “Иқтисоде, ки дар асоси технологияи рақамӣ, хусусан мубодилаи электронӣ, бо истифодаи Интернет амал мекунад”.
 “Иқтисоде, ки қобилияти пешниҳоди технологияи ахборӣ-коммуникатсионии (ТАК) дорои сифати баланд ва сафарбарнамоии имкониятҳои ТАК ба нафъи истеъмолкунандагон, соҳибкорӣ ва давлатро дорад”, шарҳ додааст маркази тадқиқотии маҷаллаи “Экономист” ва ширкати “Ай-Би-Эм”.
Аксари олимону пажӯҳишгарон ба иқтисоди рақамӣ назари фарохтар доранд ва онро бо маҷмӯи муносибатҳои  иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра алоқаманд менамоянд. Ба ин манзур дар Бонкӣ ҷаҳонӣ чунин назар доранд: “Иқтисоди рақамӣ низоми муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба истифодаи ТАК-и рақамӣ асосёфта мебошад”.
Моҳияти  асосии иқтисоди рақамӣ ҳарчанд дар байни олимон  ихтилофҳои ҷузъӣ вуҷуд доранд, осон кардани мушкилот ва мусоидат ба рушди босуръати иқтисодию иҷтимоист. Пешвои муаззам ҳидоят менамоянд, ки мо бояд ба ҷорӣ намудани иқтисоди рақамӣ дар истеҳсолот ҳамчун ҷузъи муҳими стратегияи дарозмуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибат карда, роҳҳои расидан ба ин мақсадро равшан ва аниқ созем. Ба ақидаи мо, ба мақсад мувофиқ аст, ки дар марҳилаи аввал олимону мутахассисон моҳият, аҳамият ва паҳлуҳои гуногуни иқтисоди рақамиро мушаххасан муайян созанд. Сипас, иқтисоди рақамӣ бояд ба барномаҳои таълимии фанҳои тахассусӣ ҳамчун мавзӯи алоҳида ворид карда, мавриди омӯзиш қарор дода шавад.
Дар баробари ин, зарур аст, ки таҷрибаи ватании истифодаи унсурҳои иқтисоди рақамӣ омӯхта, роҳҳои рушди он муайян карда шаванд. Дар корҳои илмии унвонҷӯён инъикоси масъалаҳои бо иқтисоди рақамӣ алоқаманд низ аз аҳамият холӣ нест. Чунин муносибат имкон медиҳад, ки таҳқиқгарони масъалаҳои гуногуни илмии ҳаёти  ҷамъиятӣ, ки асосан ҷавононанд, ба омӯзиши иқтисоди рақамӣ рӯ оранд, зеро мусаллам аст, ки дар 10 - 15 соли оянда иқтисоди рақамӣ фарогири кулли соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҷомеа хоҳад шуд.
М. ҲОМИДОВ,
номзади илми иқтисод,
Д. БОБОҶОНОВА,
омӯзгори коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2018    №: 39    Мутолиа карданд: 811
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед