logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 25 - солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ, шаҳри Душанбе, 23 феврали соли 2018

Муҳтарам генералҳо, афсарон ва сарбозони шуҷои Ватан!
Муҳтарам собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Имрӯз мо бисту панҷумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи Ватани азизамон ҷашн мегирем.
Ба ин муносибат ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбиро, ки дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини амнияти давлату ҷомеа саҳми бузург доранд, бо камоли ифтихор ва самимона табрик менамоям.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди онҳо вазифаҳои муқаддасу пуршараф - ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шуданд. Яъне, ҳанӯз бисту панҷ сол пеш ба дӯши ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат иҷрои вазифаҳое вогузор гардид, ки сарнавишти давлат, тақдири миллат ва сулҳу суботи кишвар аз ҳалли онҳо вобаста буд.
Имрӯз бо ифтихор изҳор менамоем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон бо сарбаландӣ баромаданд. Давлат ва мардуми Тоҷикистон дар симои хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони далеру шуҷои марзу буми Ватанро мебинанд.
Ҳаждаҳуми декабри соли 1992 фармони Раёсати Шӯрои Олӣ дар бораи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявӣ, ҳанӯз аз нахустин рӯзҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус эътибори аввалиндараҷа дода, дар баробари омодасозии мутахассисони соҳа, ба ташкили воҳидҳои алоҳида ва таъминоти онҳо бо техникаву муҳимот ва таҷҳизоти муосир шурӯъ намуд.
Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ қарзи ватандории хешро содиқона иҷро карда, дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъият дар кишвар саҳми арзишманди худро гузошт.
Ҷангу нооромӣ, вазъи мураккаби сиёсӣ, касодии иқтисодӣ, набудани техника ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ, озуқаворӣ, сарулибос ва муҳимтар аз ҳама, нарасидани кадрҳои соҳибихтисос аз ҷумлаи мушкилоте буданд, ки дар он айёми басо ҳассосу тақдирсоз ҳар лаҳза эҳсос мешуданд. Дар чунин шароити бисёр душвор мо бо итминони қавӣ ба азму иродаи мардуми кишвар ба бунёди Артиши миллӣ шурӯъ намудем ва 23 - юми феврали соли 1993 аввалин расми гузашти низомии афсарону сарбозони содиқи Ватан доир гардид. Минбаъд бо мақсади тарбияи кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ ҳазорон нафар ҷавононро ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии кишварҳои хориҷӣ фиристода, бори нахуст дар Тоҷикистон литсей ва донишкадаи ҳарбиро таъсис додем.
Артиши миллӣ дар муддати бисту панҷ сол ва хусусан, тайи солҳои аввали таъсисёбии худ дар муборизаҳои шадид ва набардҳои сангини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ташаккул ва обутоб ёфт. Мақсади асосӣ аз таъсис додани Артиши миллӣ ташкили неруи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи истиқлолияту озодии кишвар қодир бошад ва якпорчагиву тамомияти арзии онро таъмин намояд.
Мехоҳам бори дигар махсус зикр намоям, ки ба шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ - фарзандони бонангу номуси Ватан дар кишвари азизамон ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, барои сулҳу суботи устувор заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд. Дар даврони муқовиматҳои мусаллаҳона ва саркӯб намудани ошӯбҳои исёнгаронаи хоинону душманони миллати тоҷик ҳазорон нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ҷони худро аз даст доданд.
Давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд. Бинобар ин, ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ба хизматчиёни ҳарбӣ доимо хотирнишон месозам, ки ҳамеша зираку ҳушёр бошед ва ҳаргиз фаромӯш насозед, ки фазои орому осудаи имрӯзаи мамлакат бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст.
Таҳаввулоту ҳодисоте, ки вақтҳои охир дар дунё ба амал омада истодаанд, моро ҳушдор медиҳанд, ки ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ гардондани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ минбаъд низ тадбирҳои зарурӣ андешем ва иқтидори мудофиавии мамлакатро боз ҳам баланд бардорем. Дар баробари ин, сатҳи иқтидори мудофиавии кишвар аз тарбияву ҷобаҷогузории кадрҳои соҳибихтисоси дорои маҳорати баланди касбӣ вобастагии мустақим дорад. То имрӯз муассисаҳои олии ҳарбии мамлакат ва давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонро қариб 5000 нафар, аз ҷумла академияҳои ҳарбии хориҷи кишварро беш аз 600 нафар ҷавонони мо хатм кардаанд.
Қобили зикр аст, ки ҳоло 80 фоизи афсароне, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат мекунанд, хатмкардагони донишкадаҳо ва академияҳои ҳарбӣ мебошанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ садҳо нафар афсарони ҷавон - хатмкардагони муассисаҳои таълимии ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар ба вазифаҳои масъули роҳбарӣ таъйин карда шудаанд.
Дар робита ба масъалаи тарбияи кадрҳо мехоҳам як нуктаи муҳимро хотирнишон созам, ки ҳангоми таъсис додани Артиши миллӣ мо як нафар ҳам генерал надоштем. Дар зарфи беш аз бисту панҷ сол даҳҳо нафар афсарон – кадрҳои миллӣ бо чунин унвони олии ҳарбӣ сарфароз гардиданд ва ҳоло 45 нафари онҳо дар вазифаҳои фармондеҳии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ кор карда истодаанд.
Дар баробари ин, зарур аст, ки минбаъд ба масъалаи сатҳу сифати корҳои тарбиявӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҳарбӣ, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва инсондӯстиву рафоқат тарбия кардани ҳайати шахсӣ диққати боз ҳам бештар дода шавад. Зеро танҳо кадрҳое метавонанд амнияти давлат ва суботи ҷомеаро таъмин намоянд, ки дорои донишҳои муосири ҳарбӣ буда, технологияҳои навтаринро аз худ кардаанд, ҳисси баланди миллӣ доранд ва Ватани худро сидқан дӯст медоранд. Аз ин лиҳоз, муташаккилона ва дар сатҳи талаботи замона ба роҳ мондани омӯзиши маҳорату малакаи ҷангӣ ва тарбияи ҳайати шахсӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳайати фармондеҳӣ ба ҳисоб рафта, аз ҳар як роҳбару афсар масъулияти баланд ва донишу малакаи кофии замонавиро талаб менамояд.
Бо дарназардошти воқеияти кунунӣ, бахусус, ҷиҳати пешгирӣ кардан аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир, инчунин, вобаста ба вазъияти ҳарбиву сиёсии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки метавонад ба амнияти Тоҷикистон таъсир расонад, ба таври ҷиддӣ тақвият бахшидан ба ҳамкории сохтору мақомоти марбута як амри зарурӣ гардидааст.
Дар робита ба ин, роҳбарони Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомиро зарур аст, ки ҳадафҳои муайяншудаи рушди дарозмуддати сохторҳои ҳарбии мамлакатро бо истифода аз таҷрибаи андухташуда, захираву имкониятҳои мавҷуда ва бо дарназардошти омилҳои беруниву дохилӣ, пешбиниҳои раванди сиёсиву ҳарбӣ ва иқтисодии минтақаву ҷаҳон муайян намоянд.
Ҳамзамон бо ин, иҷрои талаботи оинномаҳои ҳарбиро нисбат ба афсарон, алалхусус, дар самти кор бо наваскарон пурзӯр намуда, ба машғулиятҳои омӯзишиву амалӣ ва обутоби маънавию ҷисмонии онҳо бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Ҳукумати мамлакат илова бар ин, ки барои Қувваҳои Мусаллаҳ то имрӯз садҳо иншооти замонавӣ бунёд карда, ба хизматчиёни ҳарбӣ шароити беҳтарини хизматро фароҳам овардааст, бо истифода аз имкониятҳои молиявию иқтисодӣ ҷиҳати мустаҳкам гардондани заминаи моддиву техникии ҷузъу томҳои низомӣ, тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ дар оянда низ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ месозад.
Тавре ки ҳамаи шумо огоҳед, дар Паёми Президенти мамлакат “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” супориш дода шуд, ки бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои молиявӣ аз 1 - уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда шавад.
Ҳозирини гиромӣ!
Риояи қатъии қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва интизоми ҳарбӣ дар фаъолияти ҳар як ҷузъу томи низомӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Зеро кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмин намудани волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.
Бинобар ин, риояи талаботи оинномаҳои умумиҳарбӣ ва интизоми қатъӣ, баланд бардоштани малакаву маҳорати касбӣ ва омодагиву омодабошии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, мунтазам такмил додани донишҳои сиёсиву низомӣ, густариши ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву садоқатмандии хизматчиёни ҳарбӣ бояд ҳамеша дар маркази диққати ҳар як роҳбари ҷузъу томҳои низомӣ қарор дошта бошад.
Шубҳае нест, ки ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбии мамлакат анъанаҳои хуби Қувваҳои Мусаллаҳро идома бахшида, минбаъд низ ҳифзи зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи халқи хешро бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ – ҳимояи амнияту оромии Ватани маҳбубамон сарбаландона иҷро менамояд.
Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ бояд аз гузаштаи пурифтихору ибратомӯзи миллати фарҳангиву сулҳдӯст, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи тоҷик сабақи мардонагӣ гирифта, ба Ватани аҷдодии худ, давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва миллати тоҷик ҳамеша содиқона хизмат намоянд.
Ман ба ғайрату матонат, далериву шуҷоат ва ҳисси баланди миллии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва аз онҳо ифтихор мекунам.
Бо итминони комил изҳор медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ ҷавонмардона адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд.
Бори дигар тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомии мамлакатро ба ифтихори бисту панҷсолагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломативу сарбаландӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани соҳибистиқлоламон рӯҳи шикастнопазир ва иродаи қавӣ орзу менамоям.
Ҷашн муборак бошад, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2018    №: 41    Мутолиа карданд: 255

16.08.2018


Рӯзноманигорони ӯзбек меҳмони Тоҷикистон

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед