logo

иқтисод

АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. ТАДБИРҲОЕ, КИ БОЯД БЕТАЪХИР АНҶОМ ДИҲЕМ

Тоҷикистон кишвари гарму офтобӣ аст ва вобаста ба ҳарорати ҳаво нигоҳдории меваю сабзавот ва маводи хӯрока низ дар кишвар тартиби махсуси худро дорад. Маҳсулоти гӯштӣ, ки ба гурӯҳи маҳсулоти хӯроквории зудвайроншаванда шомил аст,  бояд дар яхдон ва анборҳои салқин дар ҳарорати муайян нигоҳ дошта шаванд. Мутаассифона, ин меъёр ва қоидаҳои нигоҳдорӣ дар аксари анборҳои нигоҳдории гӯшт сарфи назар мешавад.
Гӯшти мурғи яхкунондашуда нисбат ба гӯшти мурғи хунуккардашуда арзонтар аст. Аксари мардум гӯшти яхкардашуда мехаранд ва таваҷҷуҳ намекунанд, ки дар тамғакоғази онҳо чунин навишта шудааст: “Чӯҷаи бройлери яхкунонидашуда, намакоб дар асоси иловаҳои комплексии хӯрока, намаки ошӣ, стабилизатори Е451, Е452, эмулгатори Е415”. Бояд дар хотир дошт, ки стабилизатори Е451, Е452 кислотаи намаки ортофосфорӣ мебошад ва аз меъёр зиёди он метавонад миқдори холестеринро дар ҷисми инсон зиёд намуда, сабаби ба вуҷуд омадани бемории саратон гардад.
Аз рӯи меъёрҳои стандартӣ  ҳангоми обкунии ях вазни гӯшти мурғ набояд аз 4 дарсад кам шавад. Аммо истеҳсолкунандагон ин қоидаро риоя намекунанд. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳоро «мурғ» нею «масолеҳи нимтайёр» (полуфабрикат) ном гирифтан мумкин аст, зеро ин маҳсулот на 4 - 10  дарсад, балки пас аз доғкунӣ то 60 дарсад вазни худро гум менамояд. 
Дар нуқтаҳои савдо баъзан гӯшти мурғи дуюмбора яхкунондашударо  низ ба фурӯш мегузоранд, ки хеле нигаронкунанда аст. Як сабаби ба вуҷуд омадани ин вазъ дар нуқтаҳои савдо зиёд шудани сафи  шахсони аз касби савдогарӣ ноогоҳ мебошад. Онҳо аз маданияти бозордорӣ, тарзи дурусти муошират бо харидорон, фарҳанги шаҳрдорӣ, одоби суханварӣ ва риояи қоидаҳои  тозагӣ бехабаранд. Мақсади онҳо бо ҳар роҳ  танҳо ба даст овардани даромади бештар мебошаду халос.
Дар пайи дастуру супоришҳои Сарвари давлат  бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати рафъи мушкилоти дар ин самт ҷойдошта ҳоло тадбирҳои судманд андешида мешаванд.  Роҳи ягона ва ниҳоии ҳалли ин камбудӣ зиёд намудани шумораи корхонаҳои ватанӣ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки воридоти маҳсулоти пастсифат аз хориҷи кишвар коҳиш ёбад.
Парандапарварӣ соҳаи манфиатовари бахши  кишоварзӣ мебошад. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муқаррар намудани имтиёзу сабукиҳои андоз ва гумрукӣ барои воридоти технологияю таҷҳизот ва маводи дигари соҳаи парандапарварӣ барои зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хушсифати тухм ва гӯшти паранда мусоидат менамояд. 
Ба андешаи мутахассисони соҳа, барои истеҳсоли маҳсулоти ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯй дар соҳаи парандапарварӣ таъминот бо хӯрокаи серғизо ва истифодаи тавсияи олимон низ нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, соҳибкоронро зарур аст, ки барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти гӯшти мурғ ва афзун намудани саршумори паранда талош варзида, аз тавсияи олимони соҳа  истифода баранд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2018    №: 44    Мутолиа карданд: 553
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед