logo

фарҳанг

ГУЛЧИНЕ АЗ ГУЛШАНИ РОЗИ ТОҶИКУ РУС

Яке аз муҳаққиқоне, ки дар соҳаи адабиёти рус ва тоҷик фаъолият бурда,  саҳми арзандаи хешро барои таҳлилу таҳқиқ ва муаррифии адабиёти миллатҳои гуногун низ гузоштааст, Бароат Ҳоҷибоева мебошад.
Ӯ сарнавишти аҷибе дорад. Падараш Абдураҳим Ҳоҷибоев нахустин Раиси Шӯрои Нозирони Халқии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон буда, баъдтар дар сатҳи баланди сиёсати давр қарор доштанаш Бароати хурдсол ва дигар пайвандони ӯро ба сахтиҳои зиндагӣ рӯ ба рӯ кард. Кор ба дараҷае расида буд, ки ҳамсари Абдураҳим Ҳоҷибоевро низ ба зиндон андохта, модари хурдсолонро зиндонӣ карданд.
Дар хотираҳои хоҳарбузурги мавсуф, чунин қайд шудааст: “Кӯдакии мо хеле рангину зебо буд. Вақте ки ман мактабрав шудам, хоҳаракам Бароатҷон, бо вуҷуди он ки се сол аз ман хурдтар буд, ҳамроҳи ман ба мактаб мерафт. Муаллимон дар аввал аз омадани ӯ розӣ набуданд, аммо баъди он ки шавқу ҳаваси беандозаи ӯро мушоҳида намуданд, ба ҳолаш гузоштанд. Модарам ҳам ҳар рӯз ба ҷомадончаи мо кулчаву қанд ва пораи нону гӯштро гузошта таъкид мекарданд, ки ҳамроҳ ҳангоми танаффус наҳорӣ кунем.
Дар Москва ба хонаи мо меҳмонҳои зиёд меомаданд. Баъзан падару модарам аз мо хоҳиш мекарданд, ки барои меҳмонон суруд хонем ва рақс кунем. Ман дар роял менавохтам. Бароатҷон ба ман ҷӯр мешуд ва рақс мекард. Кӯдакии мо соли 1937 яку якбора ба охир расид...”
25 январи соли 1938 бо қарори коллегияи ҳарбии Суди Олии ИҶШС А.Ҳоҷибоев ба қатл маҳкум гардид. Баъди ҳабси модар моҳи феврали соли 1938 Рафоат ва Бароат Ҳоҷибоеваҳоро ба хонаи кӯдакони Харков, баъдан ба ятимхонаи Средние Буди супориданд, ки солҳои ҷанг ин ятимхона ба деҳаи Козловкаи Мордовия кӯч бастааст. Дар хонаи кӯдакон ба сабаби камии фарзандони маҳкумшудагон мураббиён аз тақдири волидони онҳо ёдовар намешуданд.
Пас аз шаш соли дар ба дарӣ ва дур аз диёру пайвандон соли 1944 ба Тоҷикистон бозгаштанд. Бароат Ҳоҷибоева хотироти солҳои вазнини ҳаётро дӯст намедошт, вале бо вуҷуди он чунин мегӯяд: “Дар рӯзҳои аввали бозгаштан ҳарфҳое мисли “ҳоҷибоевчигӣ”, “думҳои Ҳоҷибоев” ва “миллатчигии буржуазӣ”, ки дар бораи падар дар рӯзномаву маҷаллаҳо чоп мешуд, хеле озорамон медод".
Дар солҳои вазнини ҳаёт Б. Ҳоҷибоева аз вартаи даҳшатбори ҳаёт наҳаросид, ба факултаи забон ва адабиёти руси Институти омӯзгории Ленинобод дохил шуд ва бо муваффақият онро (соли 1948) хатм намуда, бо камоли сидқу самимият ҳидоятгари шогирдон гашт ва ишқи забону адабиёти рус ва тоҷикро дар дили толибилмонаш бедор намуд. Соли 1968 дар Маскав рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Таълими осори ғиноӣ дар дарсҳои адабиёти русии мактабҳои тоҷикӣ” муваффақона дифоъ намуд. Пас аз он ба шаҳри Хуҷанд баргашта,  корҳои муҳими илмиро анҷом дод. Самти асосии тадқиқоташ масоили равобити адабиёти русӣ ва тоҷикӣ, таҳлилу баррасии осори илмии бузургони ин адабиёт ва роҳу усулҳои омӯхтани ҷаҳоншиносии шоирон ва нависандагони рус дар иртибот бо суханварони адабиёти классикии тоҷику форс мебошад. Ӯ дар ин маврид 150 асари илмӣ, илмӣ - методӣ, публитсистӣ таълиф намудааст.
Барои заҳматҳои шоёни илмӣ моҳи марти соли 1993 Вазорати мактабҳои олии Федератсияи Русия ба Б. Ҳоҷибоева унвони илмии профессориро шоиста донист. Ҳамзамон баҳри хидмати содиқона ба Ватан, тарбияи насли наврас ва тайёр кардани мутахассисони баландпоя, соҳиби ордену медалҳо ва ифтихорномаҳо шудааст. Моҳи апрели соли 1997 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон профессор Бароат Ҳоҷибоева ба унвони Ходими хидматнишондодаи маданияти Тоҷикистон сарфароз гардонда шуд.
Замира ӮЛМАСОВА,
доктори илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2018    №: 49    Мутолиа карданд: 182

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Армуғон аз Италия

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон маркази музофоти Фараҳро аз «Толибон» озод карданд

Дар Қоҳира кишварҳои араб масъалаи Байтулмуқаддасро баррасӣ мекунанд

Дар Қазоқистон иттиҳодияҳои динӣ ҳисоботи молиявӣ хоҳанд дод

Қирғизистон: ҳаҷми воридот аз содирот 3,2 маротиба бештар аст

16.05.2018


Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Хатлон

В. Путин: «Силоҳи нави мо даҳсолаҳо тавозуни стратегиро дар ҷаҳон таъмин месозад»

Пхенян таҳдиди дасткашӣ аз ҳамоиши ИМА – Кореяи Шимолӣ кард

«Иқтисоди сабз» метавонад 24 миллион ҷойи нави кор фароҳам орад

Дарёфти 7 медал дар Чемпионати Осиё

Касби мақоми дувуми Разавӣ дар Чемпионати Осиё

Баргузории «Дави миллӣ»

15.05.2018


Оғози ҷаласаи дуюми Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда

Баргузории мизи мудаввар дар Суди Олии иқтисодӣ

«Оила ва нақши он дар рушди шахсияти инсон»

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Остона музокироти сулҳи Сурия оғоз ёфт

Мулоқоти Путин ва Жээнбеков дар Сочи

Назарбоев байни баҳрҳои Сиёҳ ва Хазар сохтани канали киштигардро мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед