logo

иҷтимоиёт

ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН...

Дӯстии мардуми тоҷику ӯзбек таърихи дерина дошта, тӯли асрҳо идомаву  обутоб ёфтааст. Онҳо аз қадим  аз як дарё об нӯшида, аз як офтоб нур гирифта, аз як ҳаво нафас кашидаанд. Тӯю тамошо, шодию хурсандӣ, ғаму ғусса ва дарду алами онҳо муштарак буда. Ба гуфтаи Боқӣ Раҳимзода тоҷику ӯзбек як халқанд, ки бо ду забон гап мезананд. Дар тақвияти ин суханон байте дорам, ки чунин аст:
Ҳеҷ мапурсед миллатамро, баски ин аст як ҷавоб:
Зуллисонайн ин Сулаймон тоҷику ӯзбек бувад.
Дарахти дӯстии тоҷику ӯзбекро ягон қувва аз байн бурда наметавонад. Зеро решаи ин дарахт дар дил месабзад ва аз дил об мехӯрад. Дӯстӣ мулки дил аст. Ин мулк бозор надорад. Онро дуздида намешавад. Ҷои пинҳон кардан нест, баъзе иғвогарон миёни ин ду  халқ нифоқ андохтанӣ мешаванд.  Лекин тири  онҳо хок мехӯраду ба ҳадаф намерасад. Ба дарахти дӯстӣ зиён нахоҳад расонд. Дарахти дӯстӣ  ҳамоно  сарсабз аст.
Танҳо дар рӯзи хурсандӣ дӯст будан ин фазилат нест. Дӯстро дар рӯзи сахтӣ бояд  шинохт, мегӯянд. Ин ҳақиқати одӣ борҳо дар ҳаёт исбот шудааст. Чунончӣ, ҳангоми заминҷунбии Тошканд, тоҷикон нахустин шуда ба ёрии бародарони ӯзбек рафтанд. Баъди заминларзаи даҳшатбори Шарораи Ҳисор (январи соли 1989) сохтмончиёни ӯзбекистонӣ шаҳраки наверо дар ноҳияи Ҳисор барои зарардидагон бунёд карданд. Шаҳраки мазкур ба хотири дӯстии безаволи ин ду халқ «Ӯзбекистон» ном гирифтааст.
Президенти  мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 600 - солагии шоири бузурги тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ сухан ронда, гуфтанд, ки дар байни  ин ду шахсияти  сиёсӣ ва адабии ҳамон давра – Ҷомӣ ва Навоӣ муносибатҳои самимии устоду шогирдӣ, дӯстию ҳамкорӣ, якдигарфаҳмӣ барқарор буд. Дар замири ин суханон  як ҳикмати бузург – решаи дӯстии  ду халқ:  тоҷику ӯзбек  аз сарчашмаҳои дури таърих об мехӯрад, гуфтани Сарвари давлат  ҳувайдост.  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз «Тоҷикон» - и академик Бобоҷон Ғафуров иқтибос оварда, хотиррасон карданд, ки  баъди вафоти Мавлоно Ҷомӣ ҳазрати Навоӣ ва дӯстони ӯ як сол азо  гирифтаанд. Ин таъкид бесабаб набуд. Зеро, халқҳои ӯзбеку тоҷик аз азал дӯсту бародар, гӯшту нохун ҳастанд. 
Кӯдаки дар гаҳвора бударо, ки яке тоҷик,  дигари ӯзбек аст, як калима ором медиҳад – алла. Тӯю сури тоҷику  ӯзбекро як суруд – «Ёр - ёр» оро медиҳад. Калимаҳои муҳаббат, ишқ, меҳр, садоқат,  ки ошиқу маъшуқонро бо ҳамдигар мепайванданд,  ҳар ду халқ як хел  истифода мебарад.  Калимаҳои тоҷикии гул, Наврӯз, ки рамзи зебоӣ, рамзи бедоршавии табиатро ифода мекунанд, дар  забони ӯзбекӣ  муродиф надоранд. Калимаҳои тоҷикии   рӯймол, рӯзгор, чилла, якандоз, заргар, якдил, меҳрубон ва амсоли инҳо,   ки дар тарзи зиндагӣ, урфу одатҳои   ду халқ  истифода мешавад,  бо ҳамдигар чи  қадар наздик будани тоҷикону ӯзбеконро  ифода мекунанд.  Муаллифи  китоби «Зарбулмасал» Муҳаммад Шариф Гулхании Қаротегинӣ,  ки шоири бузурги муҳити адабии Қӯқанд шинохта шуда буд, дар асарҳои ба забони ӯзбекӣ навиштааш  мақоли тоҷикии «Зӯри беҳуда миён мешиканад»- ро истифода барад, устод  Айнӣ  дар асари «Дохунда» менависад:  «...ӯзбекони мо  мегӯянд, ки   « қорним учун йиғламайман, қадрим учун йиғлайман». Аз ин маълум мешавад, ки танҳо калимаҳо не, балки  мақолҳо низ ба ду забон истифода мешаванд.
Зироати бебаҳое,  ки тоҷикон «гандум», ӯзбекон «буғдой» мегӯянд, баъди орду хамир шуда, аз танӯр баромадан ба як калимаи ширин ва лаззатнок табдил меёбад,  ба номи «нон».
Дар бораи дӯстии ин ду халқ бисёр навиштаанд ва менависанд. Дар замири ин хотиррасониҳо, чи тавре  ки  Сарвари давлатамон  гуфтаанд, як маънии  рамзӣ ҳаст. Абдураҳмони  Ҷомӣ ва Алишери  Навоӣ дар давраҳои тезу тунд ва пур аз  зиддият ба майдон омаданд.  Фитнаангезии сафавиҳо ба девори дӯстии Ҷомиву Навоӣ бархӯрда, шикаст. Ин ҳақиқатро аз манбаъҳои таърихӣ  нағз медонем. 
Вақте  ки дар бораи дӯстии  ду халқ  ҳарф мезанем, беихтиёр суханони Пешвои миллат ба ёд меоянд, ки дар  кушодашавии мактаби нави шаҳри Турсунзода  гуфта буданд: «Дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек  амри Худованд аст». 
Алишери Навоӣ ақидаҳои дӯстӣ ва рафоқати  Абдураҳмони Ҷомиро давом дода буд. Президенти мо низ ҳамин роҳро пеш гирифта, ҳамчун падари як оила дар нашъунамо ёфтани дӯстии тоҷику ӯзбек саҳми арзанда гузошта истодаанд.
– Чашмаи  мусаффои тоҷику ӯзбекро тоза, ҳамчун гавҳараки чашм  нигоҳ дорем,– гуфтанд Сарвари давлат. – Дар оинаи рӯи ин об баргҳои хазон  не, гулҳои нилуфар шукуфта, шино кунанд». Ин суханон,  ки дар бораи дӯстии ду халқ  гуфта шудаанд, ба  об ва гул пайваст буда, ба дили ҳар яки мо хушнудӣ  мебахшанд.     
Ба гуфтаи адиби машҳури тоҷик Садриддин Айнӣ, тоҷику ӯзбек аз қадим ёру дӯст ва хешу таборанд. Чи тавре ки шоири ширинзабон Лоиқ Шералӣ гуфтааст, ин ду халқ ду тори як созанд, ду шохи як дарахтанд, пайраҳаи як роҳанд. Ин ду халқ  шуълаи як гулхан, гулҳои як чаман, орзуҳои як дил, панҷаҳои як даст, оҳангҳои як рубобанд. Ба гуфтаи Шароф Рашидов болу пари як парандаанд, ду сари як мазраанд. Бобоёни мо дар як мадраса таҳсил намуда,   дар як масҷид намоз мехонданд. Ҳоло низ наврасони мо дар як мактаб мехонанд. Ниёконамон дар васфи бузургони ҳар ду миллат шеъру достон ва китобҳо навиштаанд. Ҷавонмардони ин ду халқ дар майдони меҳнат якҷоя кор мекарданд, дар майдони варзишӣ бо ҳам мусобиқа менамуданд.  Таърихи  одамият то ҳол ин гуна наздикшавии ду халқро дар хотир надорад. Дар миёни дӯстии ин ду халқ ғараз ва сохтагӣ дида намешавад. Зеро кӯҳ ва замини ин дӯстиро як Офтоб гарм мекунад. Бинобар ин, дӯстии ин ду халқ дар замони истиқлол торафт мустаҳкамтар мешавад...
Сулаймон ЭРМАТОВ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2018    №: 49    Мутолиа карданд: 754

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед