logo

фарҳанг

МАТБУОТИ ТОҶИКӢ ДАР ҚИРҒИЗИСТОН. АЗ "БАЙРОҚИ МУСОБИҚА" ТО "ПАЁМИ АЛА - ТОО"

Зиёда аз 55 ҳазор тоҷике, ки имрӯз дар шаҳру навоҳии гуногуни Ҷумҳурии Қирғизистон ба сар мебаранд, барои ҳифзи ҳувияти хеш камари ҳамеша баста доранд, ки инро дар мисоли роҳи тайкардаи матбуоти тоҷикии ин кишвар метавон рӯшан дид.

- Ҳанӯз, солҳои 60 - уми асри ХХ бо иқдоми як гурӯҳ тоҷикони адабпарвар, аз ҷумла омӯзгор, аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Сайдазим Пӯлодӣ, адиб ва публитсист, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шарифҷони Учқӯрғонӣ ва дигарон дар ин кишвари дӯст нахустин нашрияи тоҷикӣ бо номи «Байроқи мусобиқа» рӯи чоп омад. Сармуҳаррири аввалини ин нашрия Шарифҷони Учқӯрғонӣ интихоб гашт ва ин  рӯзнома то соли 1962 мунтазам нашр шуда, чароғи маърифату иттилооти тоҷиконро фурӯзон кард. Аммо, бинобар расман барҳам хӯрдани ноҳияи Учқӯрғон дар Қирғизистон «Байроқи мусобиқа» аз чоп монд, - изҳор медорад С. Пӯлодӣ.
Дигарбора, аллакай дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон роҳбарияти нави Иттиҳодияи тоҷикони ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, таҳти роҳбарии Равшанбек Собиров орзуҳои деринаи тоҷикони қирғизистониро ҷомаи амал пӯшонд ва нашри ҷаридаи «Паёми Ала -Тоо» - ро ба роҳ монд.
Дар ин росто, илми тоҷик ҳам хомӯш набудааст. Аз ҷумла, Фарида Абдуҷалилова, аспиранти кафедраи таърихи нав ва навтарини кишварҳои хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба омӯзиши таърихи матбуоти тоҷикони Қирғизистон камар баста, дар ин мавзӯъ рисолаи номзадии худро дифоъ намуд.
- Фарида Абдуҷалилова ба шаҳри Бишкек сафар карда, матбуоти тоҷикиро бештар дар мисоли «Паёми Ала - Тоо» омӯхт ва дар ин замина таърихи дигар нашрияҳои пешинаи тоҷикиро низ мавриди пажӯҳиш қарор дод. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки сардабири ҷаридаи ёдшуда аз соли 2010 ин тараф рӯзноманигори хушқареҳа, муовини Иттиҳодияи ҷамъияти тоҷикон Қодиршои Мурувват аст, - меафзояд С. Пӯлодӣ. 
Мавсуф, инчунин, мегӯяд, ки оид ба гузаштаву имрӯзи тоҷикони Қирғизистон чандин омӯзиш ва пажӯҳишҳо сомон пазируфтаанд ва ҳар яки онҳо боиси зикр ва омӯзиш аст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2018    №: 51    Мутолиа карданд: 375

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед