logo

иҷтимоиёт

БА САВГАНД ВАФО КАРД

Шодӣ Саидро дар ҷумҳурӣ чун рӯзноманигори варзида, сармуҳаррири рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" (ҳоло "Ҷумҳурият"), раиси Иттифоқи рӯзноманигорон, намояндаи Шӯрои Олии мамлакат ва шахсияти намоёни давлатӣ ҳама мешинохтанд ва эҳтиром мекарданд. Ӯ бо хушгӯӣ, шӯхиҳои ширину гуворояш дар байни аҳли адабу ҳунар ва ҳам роҳбарони ҷумҳурӣ маҳбубияти хоссе дошт. Ин навишта аз ҳамин хислати устод қисса мекунад.

Ба муносибати 70 - солагии Сталин мунтазам дар рӯзномаҳо шеърҳо нашр мешуданд. Дар дили Шодӣ Саид, ки худ иштирокчии ҷанг буд, якбора шавқу рағбати дар бораи ин сарвари давр шеър сурудан боло мегирад. Чанд рӯз суханҳоеро, ки муносиби  доҳӣ бошад, як-як гирд меоварад ва баъд барои ба риштаи назм кашидани онҳо боз чанд рӯзи дигар арақи ҷабин мерезад. Вақте ки шеърашро бо овози баланд мехонад, гумон мекунад, ки беҳтарин шеърро дар васфи ин роҳбари давлат ӯ сурудааст, на каси дигаре. Муддаояшро дар ин хусус ва нашри шеър ба муҳаррир арз мекунад.
- Касе шеъратро дид ё не? - мепурсад муҳаррир.
- Боқӣ Раҳимзода дида буданд. Хонда маъқул карданд.
- О, ин тавр бошад, бисёр хуб. Дар шумораи оянда, дар саҳифаи аввал ҷой мекунем.
Рӯзи нашри шеър рӯзи пурташвиштарин ва пурмоҷаротарини идораи рӯзнома гардид. Аз кумитаи вилоятии ҳизб низ занг зада, муҳаррирро сахт маломат менамоянд, ки чунин як шеъри саҳташ пасту бемаъниро чоп кардааст.
Муҳаррир баъди андешаи зиёд ба қарори қатъӣ меояд, ки бояд Шодӣ Саид аз кор ронда шавад. Ба ин хотир, таъҷилан ӯро назди худ мехонад.
- Шин! Ин чӣ коре буд, ки кардӣ? Ҳам ба сари худат, ҳам ба сари идора бало овардӣ. Хулосаи гап ҳамин, ки ту аз кор озод.
- Мебахшед, шайтон васваса кард. Набошад ман куҷою шеърнависӣ куҷо?
- Э, вой ба ҳолат, Шодӣ! Муаллимат, раҳнамоят, илҳомбахшат шайтон будааст?! Фармони аз кор озод шуданатро фардо дар маҷлис эълон мекунам.
- Хайр, ихтиёр дар дасти худатон. Рав гӯед, меравам. Лекин мардум чӣ мегуфта бошанд?
- Роҳбари ту манам ё мардум?
- Оё мардум гап намекунанд, ки Шодӣ Саидро барои дар васфи Сталин шеър навиштанаш аз кор пеш кардаанд?
- Ана, ин аст гуноҳат! Ана, ин ҳуҷҷат! Кӣ инро рад карда метавонад? Ҳеҷ кас!
- Мабодо ин хабар ба Кумитаи Марказии Тоҷикистон расад, чӣ мегуфта бошанд?
- Ҳеҷ чиз намегӯянд. Баръакс, хурсанд мешаванд, ки мо туро барои бемасъулиятиат, саводи сиёсӣ надоштанат, барои фиребгарию дурӯғгӯият аз кор пеш кардаем.
- Хайр, майлаш, рав гӯед, меравам. Аммо агар ин хабар шахсан ба худи Сталин рафта расад, чӣ мегуфта бошад? Ва ҳам оё дар Кремл намегӯянд, ки фалон касро барои дар васфи доҳӣ шеър навиштанаш аз кор рондаанд?...
Шодӣ Саид субҳи рӯзи дигар ба идораи рӯзнома меояд ва бо табъи болида аз назди муҳаррир берун мебарояд. Баъд даст сӯи осмон бардошта мегӯяд: - Эй, олиҳаи назм! Густохии маро бубахш! Савганд ёд кардаам, ки дигар ҳеҷ гоҳ шеър нахоҳам навишт.
Ӯ ба савгандаш вафо кард ва тамоми ҳаёташро ба рӯзноманигорӣ бахшид.
Раҷабалӣ ҚУДРАТОВ, Корманди шоистаи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2018    №: 51    Мутолиа карданд: 162

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Армуғон аз Италия

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон маркази музофоти Фараҳро аз «Толибон» озод карданд

Дар Қоҳира кишварҳои араб масъалаи Байтулмуқаддасро баррасӣ мекунанд

Дар Қазоқистон иттиҳодияҳои динӣ ҳисоботи молиявӣ хоҳанд дод

Қирғизистон: ҳаҷми воридот аз содирот 3,2 маротиба бештар аст

16.05.2018


Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Хатлон

В. Путин: «Силоҳи нави мо даҳсолаҳо тавозуни стратегиро дар ҷаҳон таъмин месозад»

Пхенян таҳдиди дасткашӣ аз ҳамоиши ИМА – Кореяи Шимолӣ кард

«Иқтисоди сабз» метавонад 24 миллион ҷойи нави кор фароҳам орад

Дарёфти 7 медал дар Чемпионати Осиё

Касби мақоми дувуми Разавӣ дар Чемпионати Осиё

Баргузории «Дави миллӣ»

15.05.2018


Оғози ҷаласаи дуюми Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда

Баргузории мизи мудаввар дар Суди Олии иқтисодӣ

«Оила ва нақши он дар рушди шахсияти инсон»

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Остона музокироти сулҳи Сурия оғоз ёфт

Мулоқоти Путин ва Жээнбеков дар Сочи

Назарбоев байни баҳрҳои Сиёҳ ва Хазар сохтани канали киштигардро мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед