logo

иҷтимоиёт

ИСТЕЪДОДИ ФАВҚУЛОДА. Ҷаҳоншиносии Нӯъмонҷони сесола ҳамаро ба ҳайрат овард

Идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо мақсади дастгирии истеъдодҳои ҷавону наврас ва мусоидат ба рушди фикриву зеҳнии онҳо Нӯъмонҷони Хотирмурод, кӯдаки сесолаеро, ки бо истеъдоди фавқулодааш ҳамагонро ба ҳайрат овард, бо диплом ва туҳфаи хотиравӣ (планшет) сарфароз намуд.
Нӯъмонҷони Хотирмурод аз деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ баъд аз он ки дар як навори видеоӣ пойтахти 160 кишвари оламро бидуни иштибоҳ номбар кард, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди таваҷҷуҳи зиёд қарор гирифта, исмаш вирди забонҳо шуд.
Вусъати ҷаҳоншиносии ин кӯдаки хушзеҳн, ки ҳамагӣ се солу се моҳ дорад, ҳосили талошҳои падараш – Хотирмурод Мирзоёров аст, ки дар таълиму тарбияи фарзандон масъулияти ҷиддӣ нишон медиҳад. Мо ин ҳақиқатро дар суҳбати рӯ ба рӯ бо волидони Нӯъмонҷон ҳангоми тақдими туҳфаҳо дарёфтем.
Ба гуфтаи Хотирмурод Мирзоёров, аслан ҳадаф Нӯъмонҷон набуд, балки фарзанди калониаш Ориёни панҷсола буд, ки ӯро аз фанни ҷуғрофия омӯзиш медод. Вале ғайричашмдошт Нӯъмонҷон, ки гоҳ-гоҳе дар ҷараёни омӯзиш ҳузур дошт, зуд пойтахтҳои кишварҳоро аз худ намуда, зимни суолу ҷавоб аз бародараш пешдастӣ мекард. Чунин зиракӣ таваҷҷуҳро ба Нӯъмонҷон бештар намуда, хотираи фавқулода қавиаш даричаи имконоти ӯро дар назди пайвандон ба сурати ҷиддӣ боз намуд. Падар барои тақвияти ҷаҳоншиносии фарзанди хурдсолаш даст ба кор шуд. Дар ҳуҷраи сукунати фарзандон воситаҳои аёнии таълимиро фароҳам оварда, харитаи сиёсии ҷаҳонро насб кард. Омӯзиш бо харита натиҷаи хуб дод ва ҳоло Нӯъмонҷон на танҳо кишварҳои оламро бо пойтахташон медонад, балки дар кадом қитъаи олам ҷойгир будани ин ё он давлатро аз харита бе мушкилӣ нишон медиҳад. Вай ҳангоме ки дар даст ҳарфҳои алифбои тоҷикиро дошт, ба суолҳои мо низ, чун дар навори видеоии интернет, бе иштибоҳ ҷавоб мегуфт. Парчами кишварҳои мавриди назарро аз харита шиносоӣ карда, даст рӯи он мебурд. Ҳамагуна кӯшиши ба иштибоҳ андохтани ин кӯдаки доно бенатиҷа ва посух ба суолҳо дурусту бехато буданд, ки қобили таҳсину офарин аст.
Камоли маърифат, тамкини сухан, шеъру адаб аз ҷумлаи арзишҳоест, ки дар хонадони Мирзоёровҳо ҳамеша рӯи кор аст. Сарвари хонадон Ҳафизмурод Мирзоёров, бобои Нӯъмонҷон, ки баъд аз фаъолияти бобарору тӯлонӣ дар соҳаи маориф, ҳоло дар нафақа аст, ба тарбияи фарзандон ва камолоти маънавии онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Ҳафизмурод Мирзоёров гуфт, ки гузаштагон ва аҳли оилаи онҳо дорои хотираи қавӣ ҳастанд, вале неруи зеҳнии Нӯъмонҷони сесола фавқулода гирову ҳайратовар аст. «Нӯъмонҷон моро қоил кард. Вай ҳамаи пойтахтҳои кишварҳоро дар зарфи се моҳ аз бар карда, қитъаҳои оламро аз харита тақсимбандӣ мекунад. Мо ба ояндаи ӯ хушбин ҳастем».
Албатта, на ҳама метавонад дар сатҳи Нӯъмонҷон зираку ҳушманд бошад, вале кӯшишҳои падари ин кӯдаки хурдсол нишон медиҳад, ки эҳсоси масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд роҳи расидан ба камолоти онҳоро ҳамвор хоҳад кард. Ҳоло донишу биниши Ориён, фарзанди калони ӯ низ қобили таҳсин аст. Вай панҷ сол дорад ва дар суолу ҷавоб бо бародараш рақобат мекунад. Вале тавре мо мушоҳида кардем, аллакай Нӯъмонҷон имкон намедиҳад, ки Ориён аз ӯ пеш гузарад. Баҳсу кашмакаши маърифатии ин ду хурдсол, ки дар ҳолати фориғ аз ҳавои кӯдакиашон ба миён меояд, завқовару омӯзанда аст. Омӯзанда аз он ҷиҳат, ки мешавад чунин фазоро дар ҳар хонадон, бахусус оилаҳои ҷавон фароҳам кард ва таълими фарзандонро аз хурдсолӣ ба самти мусбат равона сохт.
- Бо диплом ва туҳфаи хотиравии «Ҷумҳурият» сарфароз гардидани фарзандам боиси ифтихору сарбаландист. Ин қадршиносии роҳбарияти рӯзномаи бонуфузи кишвар масъулияти моро бештар карда, талош менамоем, ки Нӯъмонҷон сазовори боварӣ бошад ва ҳамаи интизориҳо дар мавриди ояндаи ӯ бароварда шаванд, - изҳор дошт Хотирмурод Мирзоёров, падаре, ки шодиашро ҳеҷ пинҳон дошта наметавонист. 
М. САНГМАМАДОВА,
Ф. РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»
Душанбе – Айнӣ – Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.03.2018    №: 56    Мутолиа карданд: 413

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед