logo

иқтисод

ХАТЛОН. ТАДБИРҲОИ САРИВАҚТӢ БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА

Дар вилояти Хатлон бо мақсади пешгирии оқибати офатҳои табиӣ  давоми соли гузашта зиёда аз 24 километр заҳбуру каналҳо, наздики 40 километр селпарто ва роҳҳо тоза карда шуда, қариб дар масофаи 5 километр корҳои соҳилмустаҳкамсозӣ ба анҷом расиданд.
Ба гуфтаи Сулаймон Исозода, сардори раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ хавфи кандашавии соҳили дарёҳо ва селпартоҳо дар мавсими боришоти баҳорӣ коҳиш ёфт. Ҳамин буд, ки  соли гузашта дар вилоят се ҳодисаи табиӣ ба қайд гирифта шуда, маблағи зарари онҳо зиёда аз 4 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2016  15 миллиону 200 ҳазор  сомонӣ кам мебошад.
Дар ин самт аз ҷониби раёсат барои соли ҷорӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулода дар шаҳру навоҳии вилоят тарҳезӣ шудааст. Дар асоси он аллакай корҳои соҳилбандӣ, тоза кардани каналҳо, селроҳа ва заҳбуру заҳкашҳо роҳандозӣ гардидаанд. Аз аввали сол то ин дам қариб 45 километр заҳбуру заҳкаш ва каналҳо тоза карда шуда, беш аз як километр соҳили рӯду дарёҳои минтақа бо симтӯрҳо мустаҳкам гардиданд. Ҳамчунин, масъулони соҳа қариб 8 километр роҳро сангфарш намуда,  зиёда аз 9 ҳазор бех ниҳол шинонданд.
Кароматулло РАҲМАТОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2018    №: 57-58    Мутолиа карданд: 433
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед