logo

сиёсат

РӮЗЕ, КИ СОЛҲО МУНТАЗИРАШ БУДЕМ

Дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мардумони шарифу тамаддунофар, фарҳангсолори тоҷику ӯзбек рӯйдоди муҳими таърихӣ ба вуқӯъ пайваст, ки наметавонад ҳар фарди бедордилро бетараф гузорад.   Рӯзҳои 9 – 10 марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, ки ин аввалин сафари расмии давлатии роҳбари олии кишвари ҳамсоя дар зарфи 26 соли Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Натиҷаи сафари мазкурро оғози таҳаввулоти ҷиддӣ, гардиши куллӣ ва рӯзи таваллуди муносибатҳои  нави ҳамкорӣ миёни ду давлати дӯсту ҳамсоя бояд эътироф кард.
Дар доираи сафари давлатӣ  миёни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бастаи бузурги созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки онҳо тамоми соҳаҳои калидӣ ва афзалиятноки рушди муносибатҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатборро  фаро мегиранд.
Давоми он рӯзҳо мо шоҳиди рӯйдодҳои фараҳбахши таърихӣ ва дастоварди беназири сиёсати муваффақонаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ гаштем, ки  он аз  кӯшишу талошҳои  бобарор, ҳадафмандона ва  дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Ин рӯзи неку саидро тоҷикону ӯзбекҳо  кайҳо боз мунтазир буданд. Тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, пиру барно  он лаҳзаҳои таърихиро тавассути  воситаҳои  ахбори омма бо чашми умед тамошо карда, аз имзо шудани аҳду паймонҳои  дӯстию бародарӣ ва  ҳамкорӣ  миёни ду миллати дорои умумиятҳои зиёди таърихӣ хушҳолӣ мекарданд ва беихтиёр ашки шодӣ мерехтанд.
Кушода шудани беш аз 10 гузаргоҳи сарҳадӣ ва ба муҳлати то 30 шабонарӯз бе раводид сафар кардани шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба кишварҳои ҳамдигар аз бузургтарин иқдомҳоест, ки дар доираи ин сафари давлатӣ роҳандозӣ гаштанд. Дар асл аз нав ба ҳам овардани дилҳо, пайвастани риштаи дӯстию муҳаббат, бародарию шафқат миёни  ду халқу миллате, ки тайи садсолаҳо дар як сарзамини таърихӣ паҳлу ба паҳлуи якдигар  мезистанд, аз як ҳаво нафас кашидаву аз як ҷӯй об менӯшиданд, муносибатҳои хешутаборӣ ва фарҳангу анъанаҳои  якхела доштанд, азобу уқубат ва ҷабру ҷафои зиёдеро аз масири таърих таҳаммул кардаанд, бояд мардонавор эътироф намуд, як ҷавонмардӣ, корнамоии бемисл ва қаҳрамонист.
Дарвоқеъ таърихи навини давлатдории тоҷиконро бе заҳмату талош, хизматҳои арзандаву шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур  кардан имконнопазир аст. Ба имзо расидани силсилаи санадҳои муҳими таърихию тақдирсоз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба таҳкиму рушди  робитаҳои дӯстию бародарӣ ва шарикии стратегӣ миёни ҳар ду ҷониб мусоидат менамоянд, дар заминаи роҳандозӣ намудани ташаббусҳои созандаву  сиёсати ҳадафмандона ва андешидани тадбирҳои мақсаднок ба даст омадааст. Аминем, ки таҳкиму густариши муносибатҳои неки ду миллату ду давлати дӯсту бародар, ҳамфарҳангу ҳамсоя ба болоравии сатҳи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ    ва таъмини сатҳи шоистаи зиндагии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат менамояд.
Руқия ҚУРБОНОВА,
раиси Шӯрои собиқадорони
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2018    №: 57-58    Мутолиа карданд: 418

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед