logo

иқтисод

АКАДЕМИЯИ МУҲАНДИСӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Ҷаласаи навбатии Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири беҳсозии илми муосири ватанӣ ва истифодаи самараноки он дар рушди истеҳсолоти кишвар бо назардошти баррасии чанд масоили вобаста ба навоварӣ ва пешрафти соҳаҳо, аз ҷумла кишоварзӣ, технологияи инноватсионӣ ва сохтмону меъморӣ доир гардид.
Нахуст Лутфулло Саидмуродов, раиси Академияи муҳандисӣ, доир ба бурду бохти фаъолияти академия дар соли 2017 маълумот дода, иброз дошт, ки 71 аъзои академия дар як сол тавонистанд бо амалисозии натиҷаи корҳои илмӣ - тадқиқотӣ дар истеҳсолот муваффақ шаванд. Яке аз онҳо профессор Музаффар Каримов, узви вобастаи Академияи муҳандисӣ мебошад, ки зимни ҷаласа кори илмии худро таҳти унвони «Биотехнологияи картошкаи беҷурм дар Тоҷикистон» муаррифӣ намуд. Мақсад зиёд кардани ҳосили картошка тавассути дар хоҷагиҳо ҷорӣ намудани биотехнологияи тухмипарварии картошкаи беҷурм, яъне бевирус мебошад. Барои ин дар назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Институти тадқиқотии биотехнология таъсис ёфта, олимону тадқиқотчиён пайваста дар инкишофи меристемаи апикалии навъҳои гуногуни картошка корҳои илмӣ бурда истодаанд. Солимгардонии тухмӣ бо усули биотехнология имконият медиҳад, ки ҳосилнокии на танҳо картошка, балки дарахтони мевадиҳанда низ аз 20 то 35 дарсад зиёд гардад. Ин самаранокии расидан ба ҳадафи олии давлату Ҳукумат – таъмини амнияти озуқавориро дар кишвар ба маротиб беҳтар месозад.
Алъон Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ – эҷодӣ ва илмӣ – техникӣ барои таҳкими пайвандҳо миёни илм ва истеҳсолот, ҳамчунин, пешрафти технологияи инноватсионӣ бо мақсади мусоидат намудан ба рушди устувори иқтисоди миллӣ беҳтарин олимон ва муҳандисони ҷумҳуриро ба таври ихтиёрӣ ва интихобан гирди ҳам овардааст. Академия узви Академияи байналмилалии муҳандисӣ, Федератсияи институти муҳандисии давлатҳои исломӣ ва Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аъзои он имкон доранд, ки дар чорабаниҳои илмии ҷаҳонӣ иштирок карда, дониши худро мукаммал гардонанд. Ин амал ба пешрафти илм дар кишвар мусоидат хоҳад намуд.
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2018    №: 61    Мутолиа карданд: 533
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед