сиёсат
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои Иди байналмилалии Наврӯз, расми кушодашавии як қатор иншооти ҷашнӣ ва шиносоӣ бо вазъи рӯзгори мардум ба шаҳри бостонии Панҷакенти вилояти Суғд ташриф оварданд.
Сарвари давлатро мардуми меҳнатқарини шаҳри Панҷакент бо самимияти хосса ва муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд. Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Панҷакент аз ҷониби ҳунармандону ҷавонон ҷолибу хотирмон доир гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.03.2018 №: 61 Мутолиа карданд: 358