logo

иқтисод

ДАНҒАРА. ШОДОБИИ ЗАМИНҲО ШОДМОНИИ МАРДУМ

Дар ноҳия барои азхудкунии заминҳои бекорхобида дар доираи марҳилаҳои якуму дуюми татбиқи лоиҳаи обёрии заминҳои водии Данғара беш аз 575 миллион сомонӣ сармоя ҷалб гардидааст. То ин дам аз ин ҳисоб 4200 гектар замини нав обёрӣ карда шуд.

Сардори давлат 12 майи соли 2017 дар доираи сафари корӣ ба ноҳия канали Данғара – 3 – ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд ва тавассути он майдонҳои доманфарох шодоб гардиданд. Айни замон ҳаҷми маблағи лоиҳаи обёрии заминҳои водии Данғара зиёда аз 33 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки 4,1 миллиони он саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15,8 миллион қарзи Бонки исломии рушд ва 13,8 миллион доллар маблағҳои Фонди Кувайт мебошанд. Канали водии Данғара – 3 бо дарозии 39 километр ва иқтидори обгузаронии 28 метри мукааб – сония барои обёрӣ намудани заминҳои марҳилаи 2 ва марҳилаи 3, инчунин, дар оянда обёрӣ кардани заминҳои дигар пешбинӣ шудааст. Тибқи лоиҳа, то соли 2019 беш аз 1700 гектар замин обёрӣ карда мешавад ва дар маҷмӯъ қариб 6 ҳазор гектар заминҳои нав мавриди истифода қарор гирифта, барои таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом мусоидат мекунанд. Мувофиқи нақша, оянда дар ин заминҳо дар масоҳати 900 гектар пахта, 300 гектар ғалла ва 100 гектар сабзавот кишт карда, 100 гектар барои омода кардани хӯроки чорво ва 300 гектар замин барои бунёди боғ истифода мешавад. Ин иқдом, бешубҳа, боиси боз ҳам афзудани имкониятҳои иқтисодии давлат ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мегардад.
Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2018    №: 62-63    Мутолиа карданд: 313
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед