logo

иҷтимоиёт

БАРАКАТ АЗ ХАЙРУ ЭҲСОН

Бо ҳидоятҳои Сарвари давлат сафи фарзандони ватандӯсту саховатпеша, хайрхоҳу миллатпарвар сол ба сол афзуда, онҳо барои ободию сарсабзии кишвар саҳми арзанда  мегузоранд. Натиҷаи ҳамин кӯшишҳост, ки симои кишвари мо тайи солҳои охир ба куллӣ дигаргун шудааст. Яке аз ҷавонмардони бонангу номус соҳибкори муваффақ  сокини ноҳияи Шаҳринав  Мирзоалӣ Маҷидов мебошад. Ӯ дар баробари мутахассиси чашмикордони соҳаи хеш будан, инчунин, марди олиҳиммату саховатпешаест, ки солҳо боз барои ҳалли мушкилоти мардуми ноҳия ва ноҳияҳои гирду атроф корҳои хайри зиёде анҷом медиҳад.

М. Маҷидов  ғайр аз сарпарастии ширхоргоҳ - кӯдакистон, муассисаи таҳсилоти умумии рақами 15 ва маркази саломатии ноҳия боз дар арафаи ҳар як ҷашн сокинони камбизоати деҳот, хонаи кӯдакони ноҳия, хона - интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода, мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринавро бо маводи ғизоӣ таъмин менамояд.
Кори хайре, ки Мирзоалӣ соли гузашта ба анҷом расонд, ин бунёди мактаби рақами 42 дар деҳаи Чамбули Ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав мебошад. Фарзандони деҳа дарсҳои зинаи ибтидоиро дар синфхонаҳои фарсуда мехонданду  2 - 3 километр тай карда, таҳсилро дар дигар мактабҳо идома медоданд. Кор ба ҷое расид, ки зарурати бастани ин мактаб ба миён омад. Аз ин ҳол Ҳоҷӣ Мирзоалӣ огоҳ шуд ва азм кард, ки аз ҳисоби худ бинои нави макони маърифатро сохта ба истифода медиҳад. Ҳамин тавр, бинои нави муассисаи таълимӣ дар муддати 57 рӯз барои 200 хонанда бо назардошти 2 баст бо тамоми лавозимоти зарурии хониш муҷаҳҳаз ба истифода супурда шуд. Хонандагон соли нави хонишро дар бинои наву замонавӣ оғоз намуданд. Мактаб ба муассисаи асосии таълимӣ табдил дода шуд. Мактаби мазкур  - бинои ягонаи намунавии деҳа аз 5 синфхона, утоқи компютерӣ, китобхона, хонаи муаллимон ва ошхона иборат буда, аз ҷиҳати сохт, сифат, ҷойгиршавӣ, таҷҳизот ва шароити фароҳамшуда пурра ба талабот ҷавобгӯ мебошад.
Дар арафаи соли нави мелодӣ ба мактаб – интернати ҷумҳуриявии ятимони ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳия туҳфаҳои Сарвари давлат супурда  шуданд.  Ҳамзамон, таъмиру ободсозии ҳавлии он роҳандозӣ гардид. Мирзоалӣ низ дар ин кори хайр камари ҳиммат баста, сохтани дарвоза ва ободонии атрофи онро ба уҳда гирифт. Бо ибтикори ӯ 100 хоҷагӣ дар деҳаҳои Даҳбед ва Ҳакимии Ҷамоати деҳоти Истиқлол бо оби ошомиданӣ таъмин гаштанд, ба масофаи 5 км барои муассисаҳои таҳсилоти № 15 - и деҳаи Омада ва № 35 - и деҳаи Нуробод хати интиқоли барқ кашида, насоси обкашии рустои Даҳбед ба истифода дода шуд, ки аҳолиро бо оби ошомиданӣ таъмин кард. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо ҳампешааш Аюбҷон Қузиев 4 км роҳи байни ҷамоатҳои  А. Ҳасанов ва Истиқлолро мумфарш кард.
Корҳои хайри ӯ зиёданду дар ин самт боз тасмимҳои нав дорад. Вақте аз соҳибкори муваффақ Мирзоалӣ Маҷидов дар хусуси амалҳои басомонрасондааш пурсон шудем, гуфт: «Мегӯянд, ки тарзе хайр кун, то дасти дигарат нафаҳмад. Ҳар амалро бо амри виҷдон ва роҳнамоиву ҳидоятҳои Сарвари давлат ба ҷой меорам».
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.04.2018    №: 65    Мутолиа карданд: 347

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед