logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

КУШТОР
Бародар қотили бародар
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ як марди 51 - солаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғдро ба гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ боздошт карданд.
Бино ба иттилои ВКД, ин мард бародари 47 - солаи худро дар манзили истиқоматиаш бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расондааст. Ҳодиса 31 март дар Ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Сипитамен рух дода, сабабаш муноқишаи байни бародарон гуфта мешавад.
Дар робита ба ин ҳодиса, бо моддаи 104 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. 

ЗАМИНФУРӮШӢ
Раиси ҷамоат ба курсии айбдорӣ нишаст
Раиси Ҷамоати деҳоти Г. Ортиқови шаҳри Конибодом, ки аз ӯ марди 55 – сола ном бурда мешавад, бо гумони гирифтани пора ба малағи 15000 сомонӣ аз сӯи маъмурони милитсия дастгир гардид.
Номбурда ин маблағро ба воситаи миёнарав – сармуҳосиби хоҷагии деҳқонӣ, зани 53 - солаи сокини Ҷамоати деҳоти Ортиқов, аз зани 27 - солаи сокини шаҳри Хуҷанд, барои омода намудани ҳуҷҷатҳои замини наздиҳавлигӣ талаб кардааст. Вале ҳангоми гирифтани пора дар меҳмонхонаи “Шоми Қанд”, воқеъ дар шаҳри Конибодом дастгир шуда, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

ҚАЛЛОБӢ
боз ду нафарро пушти панҷара бурд
Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шаҳрвандон Э. Балхов ва А. Газарянро барои қаллобӣ ва тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда гунаҳкор дониста, онҳоро мутаносибан ба муҳлати 14 ва 10 сол равонаи зиндон кард.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, Э. Балхов аз 18 августи соли 2011 то 30 марти соли 2012 бо маслиҳати пешакӣ бо эксперти қарзии Маркази хизматрасонии бонкии №7 - и ҶСК “Агроинвестбонк” дар шаҳри Душанбе  А. Қудратов дар нуҳ ҳолат ба номи худ, хешовандону дӯстонаш ва дар як ҳолат бо маслиҳати пешакӣ ба номи А. Р. Газарян дар маҷмӯъ 50 000 доллари амрикоӣ қарзи бонкӣ гирифтаанд. Онҳо ин маблағро ба манфиати шахсиашон сарф намуда, ба ҶСК “Агроинвестбонк” ба миқдори 56.436,75 доллари амрикоӣ зарари махсусан калони моддӣ расондаанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон Э. Балхов 30 марти соли 2012 бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварии Р. Сабурова ва келинаш М. Идибойзода ба номи онҳо низ аз ҳамин бонк 10 000 доллар қарз гирифта, аз пардохти он саркашӣ намудааст. Дар натиҷа Р. Сабурова бо талаби намояндагони ҶСК “Агроинвестбонк” хонаи истиқоматии фарзанди маъюбаш Ш. Сабуров, воқеъ дар шаҳри Душанберо фурӯхта, аз ҳамин ҳисоб маблағи қарзи бонкиро пардохт кардааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.04.2018    №: 68    Мутолиа карданд: 477

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт

Дар Қазоқистон хароҷоти соҳаи тандурустӣ то 5 дарсади ММД боло меравад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик

20.12.2019


Дурнамои густариши ҳамкориҳо матраҳ гардид

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимии нав

Мулоқоти Акрамшо Фелалиев бо Эмилио Певида Пупо

19.12.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед