logo

ҳуқуқ

ХАТЛОН НАХУСТМАРОСИМИ ГУСЕЛИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 марти соли 2018  «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991 – 2000 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҷараён дорад. Дар оғози ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар вилояти Хатлон маросими гусели аввалин гурӯҳи даъватшавандагон баргузор  гашт.
Тавре Фақер Саъдуллоев, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, зимни гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар назди Театри мусиқи-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода чорабинии вижа баргузор гардид.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат худро чун ҳомии кишвар ва амнияту оромии ҷомеа бо неруи тавоно рисолати касбии худро дар назди халқу Ватан иҷро менамояд. 
- Хизмат ба Ватан шарафи бузург ва вазифаи муқаддаси ҳар як фарди худогоҳу миллатдӯст мебошад. Хизматчиёни ҳарбӣ бояд хуб дарк намоянд, ки садоқат ба Ватан-Модар дар пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату миллат зоҳир мегардад, - афзуд раиси вилоят.
Гуфта шуд, ки имрӯз маҳз шумо - ҷавонони соҳибиродаи Ватанро мо меросбарони гузаштагони шуҷои худ меҳисобем ва барои шумо шарафи бузург аст, ки ҳимояи марзу буми Тоҷикистони азизро ба шумо бовар мекунанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи созанда ва бузурги ҷавонони саодатманд ва ҳимоятгарони хоки аҷдодӣ бовар дошта, амнияту субот ва пешрафту шукуфоии кишварро дар ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва бозувони қавии шумо мебинанд. Итминон дорем, ки қарзи худро бо сари баланд дар назди Модар - Ватан адо хоҳед намуд.
Дар ҷараёни ҷамъомад ҷавонон аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат изҳори сипос намуда, омодагии худро баҳри хизмат ба халқу Ватан иброз намуданд.
Дар қисмати дигари чорабинӣ ҳунармандон барномаи ҷолиби таҳиянамудаи худро, ки аз суруду таронаҳои ватандӯстона иборат буд, намоиш доданд.
Кароматулло РАҲМАТОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2018    №: 69    Мутолиа карданд: 209

16.08.2018


Рӯзноманигорони ӯзбек меҳмони Тоҷикистон

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед