logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКИСТОН. АРҶГУЗОРӢ БА ОБ

Арҷгузорӣ ба об аз замонҳои дур  дар бовари тоҷикони бостон ҷой доштааст ва ниёкони мо аз миёни ҳафт офаридаи Аҳурамаздо обро пас аз Замин дувумин офарида мепиндоштанд. Аноҳито, Аноҳид ё Ноҳид дар боварҳои митроӣ (садсолаи IX пеш аз милод) эзадбону ва дар боварҳои зартуштӣ олиҳа ё фариштаи нигаҳбони обҳо буд. Дар замони Ашкониён барои ниёиши Аноҳид маъбадҳо ва тандисҳои (ҳайкалҳои) бузург бунёд мекарданд.
Воқеан, гумон меравад, пайкараҳои аз ковишҳои бостоншиносон дар қаламрави тоҷиктаборон ёфтшуда бозтоби эзадбонуи обҳои пок Аноҳид бошанд, на бутҳои хос ба мардумони Тибету Чин.
Дар китоби куҳантарини ҷаҳон - «Авасто», ки онро ниёгони ҳушманди мо беш аз 6000 сол пеш навиштаанд, гуфта шудааст: “12 амшосипанд (Amesha Spenta – фариштагони бузурги бемарг), ки ҷилвагоҳи рӯшноиву некуӣ ва неъмату фаровонӣ ва дорои як даста аз сифатҳои Худованд (Аҳурамаздо) мебошанд, ҳар кадоме вазифаеро бар дӯш доранд. Аз ин миён фариштагони бузург Хурдод ва Умурдод дорои нақши вижае дар олами моддианд:  ба Хурдод нигаҳбонию парастории обҳо ва ба Умурдод сарпарастиву нигоҳбонии гиёҳон ва киштзорҳо супурда шудааст”. Дар ҳоти (ё готи) 68, ки бистучаҳор банд дорад, аз банди дувум то банди шонздаҳум ҳама гуфторҳо ба ситоиш ва ниёиши обҳои поку зиндагисоз бахшида шудаанд. Ҷолиб аст, ки дар «Авасто» аз “сарзамини обшоре миёни Омӯдарё ва Сирдарё” ёд мешавад.
Дар яшти панҷум, ки «Обоняшт» номида шудааст, перомуни муқаддас шумурдани об ва олуда накардани он гуфторҳои зиёде ҳастанд. Аз рӯи гоҳшумории авастоӣ, рӯзи даҳуми Наврӯз, ки «Обон» ном дорад, чунин ёд мешавад: «Оби беолоиши муқаддас ва гиёҳҳои офаридаи Маздо хушнуд месозем».
Тоҷикони бостон сарзаминҳои хушк ва биёбонҳои бесамарро қаламрави Аҳриман медонистанд. Бо ҳукми шоҳони Ҳахоманиш онҳое, ки сарзаминеро обёрӣ ва обод мекарданд, то панҷ насл аз пардохти андозҳо озод буданд.
Перомуни об, усулҳои обрасонӣ, обшорсозии заминҳои хушк ва поксозии сарчашмаю наҳрҳо дар асарҳои ҳакимони қадими мардуми тамаддунэҷоди тоҷик гуфторҳои зиёде мавҷуданд. Мо, тоҷикон, нахустин мардумоне мебошем, ки дар китоби ҳанӯз 1000 сол пеш эҷодшудаи «Шоҳнома» - и Ҳаким Фирдавсӣ дар ин бора ёдкардҳо дорем:
Чу ин карда шуд, чораи об сохт,
Зи дарё бароварду ҳомун навохт.
Ба ҷӯй он гаҳе обро роҳ кард,
Ба фарри кайӣ ранҷ кӯтоҳ кард.
Чу огоҳмардум бар он барфузуд,
Пароканда шуд тухму кишту дуруд.

Бостоншиносон дар водиҳои Кӯлоб, Вахш ва Зарафшон шабакаҳои густурдаи наҳрҳо ва корезҳои обёриро бозёфтаанд. Ҳамлаварони биёбонгарди кӯчӣ он шабакаҳоро вайрону валангор сохта, бахши зиёди заминҳоро ба даштҳои хушку шӯразор табдил доданд. Дар Кӯлоб ду маҳалла бо номи усули обрасонии бостонии «корез» унвонгузорӣ шудаанд ва дар дарозои ошуфтабори садсолаҳо худи он шабакаҳои обрасонӣ аз байн рафта бошанд ҳам, вале номҳояшон ба сони «Корези Боло» ва «Корези Поён» ба ёдгор мондаанд.
Дар «Авасто», ҳамчунин, аз деви палидиву хушкӣ Апауша (Apausha) ва Фариштаи борон гуфторе ба миён гузошта шудааст, ки ин ҳар ду давоми се шабонарӯз бо ҳам дар набард буданд ва пас аз пуштибонии эзади Тиштрия (Thishtrya) деви хушкӣ шикаст хӯрда, мубориза бо пирӯзии Фариштаи борон ба анҷом мерасад.
Об ва зарур будани бориш масъалае буда, ки дар оинҳои наврӯзӣ мавриди арҷгузории хосса қарор гирифтааст. Дар тамоми ин оинҳо боваре вуҷуд дорад: бояд одамон дар соли нав борону оби кофӣ, ки мояи ободонӣ аст, орзу кунанд. Барои гиромидошти об рӯзи даҳуми Наврӯзро, ки «Рӯзи обҳои зинда» ва гаҳе «Ҷашни обрезагон» номидаанд, интихоб карда  буданд.
Маросими "Ашагулон", ки дар водии Кӯлоб ва аксари деҳоти ҷануби Тоҷикистон ривоҷи густурда дорад, ба ин пиндори гузаштагонамон пайванд аст.
Бояд ба ёд овард, ки чанд сол пеш ҷавонони водии Кӯлоб ба хотири баргузории маросими “Ашагулон” дар рӯзҳои наврӯзӣ дӯшизаи шӯхтабъеро пироҳани куҳна пӯшонда, бо сурудани таронаи «Ашагулон» дар гирдогирди ӯ рақскунон аз дари хонаҳои ҳамдеҳагон мегузаштанд. Ҳамчун фоли даъвати борон кадбонуҳо ба сару китфи “духтари Ашагулон” бо коса об мепошиданд. Сипас, кадбонуи хона косаи аз об холиро пур аз зироати донагӣ, ба монанди гандум, нахӯд, наск ё лӯбиё карда, ба яке аз халтаҳои навҷавонон мерехт. Дар ҷараёни иҷрои маросими обпошӣ ва хонагаштак садои хушнудӣ ва таронасароӣ дар васфи Ашагулон ба гунаи зерин ба тамоми деҳа паҳн мегашт:
Ашагулони ростина,
Оста биҷунбон остина.

Ҳамон рӯз духтарон ба лаби ҷӯй рафта, гиёҳи ба тозагӣ рӯидаи пӯдина мечиданд. Сари субҳи дигар духтарону писарон бо сарварии зани солори деҳа дар чорбоғ гирд омада, дар якчанд дегҳои калон (ба истилоҳи мардум “деги чилгӯша”) аз донагиҳои гирдоварда хӯрокҳои кашк, далда, пӯдинаҷӯшак, гандумҷӯшак, атола таҳия мекарданд ва дастархон ороста, атрофиёнро ба зиёфату базм мехонданд. Занони гирду атроф ҳар кадоме нону кулчаву фатир, суманаку меваҳои хушк оварда, дастархонҳои дар зери дарахтони чорбоғ густурдаро ороиш медоданд. Ин ва ҷашнҳои дигари бостон нишонаи равшананд, ки мардуми тоҷик аз қадим обро муқаддас медонистанд.
Зафар МИРЗОЁН,
мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.04.2018    №: 70    Мутолиа карданд: 306

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед