logo

иҷтимоиёт

ОСИЁИ МАРКАЗӢ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВӢ

Дигаргуниҳои имрӯз дар воқеияти ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон мушоҳидашаванда, аз ҷумла беҳбудии муносибатҳо бо Ӯзбекистон, иштироки Президенти кишвар дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз минбари СММ ҳусни оғоз бахшидан ба Даҳсолаи байналмилалии «Об – барои рушди устувор» ва ғайра, барои мардуми кишварамон басо хотирмон ва дурнамои рушди иҷтимоию сиёсии он арзиши бесобиқа доранд.
Ин падидаҳо гувоҳи онанд, ки бо суръати зиёд ба фазои муносибатҳои куллан нав воридшавии ҷаҳони муосир Тоҷикистон низ бемайлон сайъ менамояд берун аз мадори ин ҷараёнҳо ҳамчун мушоҳидакори бетараф боқӣ намонад, балки имконияти барои аз равандҳои мазкур ба манфиати қонеъсозии талаботи рушди худ баҳра бурданро пайдо намояд. Яъне, зуҳури падидаҳои минтақавӣ ва фаротар аз онро ба манфиати раванди рушди инкишофи  ҷомеа алоқамандии ногусастанӣ бахшидани Тоҷикистон амалияи идоракунии кишварамонро дар чеҳраи сифатан нав намудор месозад.
Сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Душанбе ва ба тасвиб расидани чандин созишномаҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷониба диду тасаввури мардуми ин кишварҳоро дар бораи он ки чӣ тавр онҳо бояд минбаъд бо ҳамсоягони худ бо муросою созиш зисту зиндагонӣ намоянд, куллан тағйир дод. Қобили зикр аст, ки маҳз дар заминаи густариши ин ҳамкориҳо нишонаҳои баръалои собиқаи деринаи дӯстии таърихии мардумони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҷилвагар мегардад ва дар замони ҳозир маъною муҳтавои ҷавобгӯ ба талаботи рушди онҳоро касб мекунад. Самараи собиқаи таърихии ин ҳамкориҳо пеши назари мо бо тобиши чеҳраҳои бузурги файласуфону адибон, меъморону олимони соҳаҳои мухталиф, ки паҳлу ба паҳлуи якдигар дар эъмори тамаддуни минтақа саҳм гирифтаанд, ҷилвагар мегардад ва воқеан ҳам барои ташаккули ҳувияти умумиминтақавиямон мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, ҳар қадам ҷою макони ин минтақа барои сокинони ҳушманди он арзиши баландро барои он пайдо мекунад, ки барояшон ҳувияти минтақавияшонро зинда нигоҳ медорад ва ба наслҳои минбаъда ба мерос мегузорад. Акнун насли имрӯза вазифадор аст, ки ин меросро зинда нигоҳ дораду бо ҷидду ҷаҳд онро ғанитар гардонад. Аз ин рӯ, тақвият додани ҳамкориҳои фарҳангии гуногунҷабҳа ба манфиати ҳар кадоме аз кишварҳои минтақа аст. 
Бо назардошти ин масъала дар изҳороти муштараки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 15 марти соли 2018 чунин омадааст: «Ҳамкории мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, тавсеаи инфрасохтори ҳамлу нақлию нақлиётии минтақавӣ, оқилона аз худ намудани захираҳои обу энергетикӣ ва иқтидорҳои озуқаворӣ, рушди саноат ва соҳаҳои коркард, истифодаи технологияҳои пешрафта ва инноватсия дар самти пешбурди иқтисодиёти рақамӣ ба рушди устувори некуаҳволии мардумони Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд. Дар заминаи масъулияти таърихии худ барои нигоҳдорӣ ва таҳкими муносибатҳои эҳтироми тарафайн, дӯстӣ ва бародарии байни халқҳоямон, мо ба таҳкими ҳамгироӣ дар соҳаи фарҳангу санъат, маорифу илм, сайёҳӣ ва варзиш даъват менамоем».       
Кушодашавии гузаргоҳҳои сарҳадии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва пас аз чандин солҳо ба дидори ҳамдигар расидани мардумони дорои риштаҳои хешутабории наздик боз як ҷанбаи дигари муҳими оғози тақвиятбахшии робитаю ҳамкориҳои ду кишвар ба шумор меравад. Ин робитаҳо ба тадриҷ имрӯз аз доираи муносибатҳои хешутаборӣ фаротар мераванд ва айни ҳол мебинем, ки босуръат ба соҳаҳои дигари фаъолияти мардумони ин ду сарзамин доман паҳн менамоянд.
Қобили зикр аст, ки арзёбии чунин падидаҳо дар фарҳанги имрӯзаи мо бояд маъною ҷилои дархури дигаргуниҳои ҷаҳони муосирро пайдо кунад ва барои ташаккули арзишҳои таҳаммулгароёна мусоидат намояд. Зеро ҳама гуна осори фарҳангӣ дар ҳар давру замон дар қаринаи ҳаёти муайяни ҷамъиятӣ тавлид мешавад ва вижагиҳои онро бояд ба пуррагӣ дар худ инъикос намояд.
Х. ИДИЕВ,
ректори ДДФСТ ба номи М. Турсунзода,
узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2018    №: 71    Мутолиа карданд: 325

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»

Прокурорҳои генералии СҲШ мубориза бо нашъафурӯшӣ ва қочоқро баррасӣ намуданд

Таъкиди сарвазири Гурҷистон аз зарурати беҳсозии муносибат бо Россия

Ҷаҳон дар як сатр

01.10.2019


Тоҷикистон 48 зиндониро ба Афғонистон интиқол дод

Намояндагони комиссияи Аврупо барои музокирот ба Беларус мераванд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед