logo

сиёсат

ХИЁНАТ ХАРОБКОРИИ НАҲЗАТИҲО ФАРОМӮШ НАХОҲАД ШУД

Таърих шоҳид аст, ки назария ва амалияи ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон омили асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар ибтидои Истиқлолияти давлатӣ буд. Ин ҳизб, ки дар замони шӯравӣ бо дастгирии хадамоти махсус ва доираҳои мазҳабии  баъзе давлатҳои хориҷӣ таъсис ёфта буд, аз ибтидо рӯҳияи зидди дунявият ва зиддимиллӣ дошта, мехост бо роҳи зӯрӣ ҳокимияти сиёсиро ба даст орад.  Маҳз дар ҳамин солҳо вуҷуд доштани ҳалқаҳои дарсии муллоҳо ва таълими муллобачаҳо дар минтақаҳои кишвар, боиси қувват гирифтани ҳаракати исломи сиёсӣ гардид, ки он барои ташкил додани як созмони сиёсӣ ба мисли ТТЭ ҲНИТ маводи тайёр буд. Ҳарчанд дастандаркорони ин ташкилоти террористӣ даъво пеш меоваранд, ки гӯё ин ҳаракат худҷӯш аст, аммо мушоҳида ва омӯзишҳо баёнгари онанд, ки он бо дастур, сарпарастӣ, идеологияи муайян ва маҳз бо мақсади ба даст даровардани ҳокимияти сиёсӣ аз тарафи хадамоти махсуси хориҷиву доираҳои манфиатдори мазҳабӣ роҳандозӣ шудааст.
То даврони бозсозии горбачевӣ ин ҳизб куллан дар шакли пӯшида ва пинҳонӣ амал намуда, бо роҳи таблиғ якчанд ҷавони кишварро мағзшӯӣ ва ба сафҳои хеш ҷалб менамуд. Пайравони он дар баробари ҷавонони соҳибистеъдод, бештар нафаронеро ба ҳизб ҷалб мекарданд, ки дар муассисоти тиҷоратӣ, бозору дуконҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, муҳосибот, муҳандисони техникӣ, роҳсозӣ ва амсоли инҳо, ки сердаромадтарин касбҳо дар замони шӯравӣ буда, ба истилоҳ имтиёз ё роҳи даромади иловагӣ аз тариқи дуздӣ доштанд, кору фаъолият мекарданд. Ин як тактикаи муваффақи сиёсӣ буд, зеро аз як тараф нафарони зикршуда соҳиби пулу сарват буда, дар байни мардум нуфузи муайян доштанд ва аз тарафи дигар сармояи ин нафарон ба манфиати сарварони ташкилот истифода мегардид.
Пас аз бозсозӣ ва эълон гардидани ошкорбаёнӣ оҳиста - оҳиста пайравони ин ҳизб дар солҳои 1989 - 1990 ба фаъолияти ошкоро гузаштанд ва барои расидан ба мақсадҳои нопокашон бо роҳи таблиғоти зиддидавлатӣ соли 1990 (11 - 14 феврал) дар шаҳри Душанбе гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ ва бетартибии оммавӣ созмон доданд, ки бо задухӯрд ва қурбонии шумораи муайяни одамон анҷом ёфт. Ҳанӯз муҷримони  воқеаҳои хунини соли 1990 ба ҷазои худ нарасида, моҳи августи соли 1991 дубора ҲНИТ фаъол гардида, тавассути таблиғи идеяҳои зиддимиллӣ ва ҳамчунин, нуфузманд гардондани пешвоёни ифротии динӣ мардумро ба гурӯҳҳои мухолиф тақсим намуданд. Баъзе аз сарварону пешвоёни ТТЭ ҲНИТ ҳанӯз пеш аз интихоботи ҳамон сол ҷуръат карда, рӯирост изҳор дошта буданд, ки агар намояндаи онҳо нагузарад, бо роҳи зӯриву зӯроварӣ, яъне тавассути яроқу аслиҳа ҳукуматро мегиранд. Ҳодисаҳои нангин, даҳшатнок ва хунини минбаъда дар ҷумҳурӣ ошкоро нишон дод, ки дар ҳақиқат мухолифони наҳзатии давлат барои ғасби ҳукумат қаблан омодагии ҳамаҷониба дидаанд. Аз он ки ҲНИТ бо ҳар роҳ ба қудрат расидан мехост, интихоботи мазкурро ғайришаффоф ва беадолатона эълон намуд ва ҳамин тавр тавассути расонаҳои гурӯҳии хеш ахбори бардурӯғ ва тавҳину таҳқирро нисбат ба роҳбарони ҳокимияти сиёсӣ баён менамуд ва мардумони аз дасисаи ин аҳриманҳо бехабар масмуми ақоиди заҳрогини онҳо мегардиданд. Сарварони наҳзатиҳо, ки аз берун дастгирии маънавию молиявӣ доштанд, неруҳои дигари демократӣ ва иддае аз зиёиёни вақтро низ таҳти таъсири хеш гузошта, мутаассифона, аз онҳо низ суистифода намуданд. Чунин ҳолат ба он оварда расонд, ки рӯҳониёнро ҳизби наҳзат ба ду гурӯҳ, худиву бегона тақсим намуда, мухолифатҳои сиёсию мазҳабиро дар саросари кишвар ба вуҷуд овард. 26 марти соли 1992 гирдиҳамоии ғайриқонунии эътирозии ТТЭ ҲНИТ дар назди қасри собиқ Президент ба вуқӯъ пайваст. Дастандаркорон он рӯзҳо дар минтақаҳои кишвар таблиғоти зиддиҳукуматиро ба роҳ монда, мардумро ба майдон ҷалб менамуданд. Кор то дараҷае расид, ки 21 апрели соли 1992 дастаи террористони ҲНИТ 20 нафар корманди масъули сохторҳои ҳукуматиро гаравгон гирифтанд. Аз онҳо 16 нафар вакилони Шӯрои Олӣ ва 2 нафар муовинони Сарвазири мамлакат буданд.
ТТЭ ҲНИТ бо пулу аслиҳаи аз сарпарастони хориҷиаш дастраснамуда гурӯҳҳои террористиашро мусаллаҳ намуда, онҳоро барои қатлу ғорати одамони бегуноҳи дигарандеш водор кард. Ҳатто баъзе масъулони ин ҳизби террористӣ худро генералҳои мардумӣ эълон намуданд. Онҳо дар баромаду ба истилоҳ «амри маъруф» - ашон ба тарафдорони худ муроҷиат карда буданд, ки «шумо тир кушоед Худованд фариштагоне дорад, ки онро шумо ба ҳар самте, ки напарронед бурда ба синаи душманон мерасонад». Муаллиму зиёӣ ва кормандони сохторҳои давлатиро кофар эълон карданд ва дастури қатлу куштори онҳоро содир кардани роҳбарияти ТТЭ ҲНИТ ба як амали муқаррарӣ табдил ёфта буд. 5 майи соли 1992 наҳзатиҳо ба марҳилаи ҷангӣ гузашта, ҳуҷумҳои зиддимардумӣ ва зиддиҳукуматиро барои бо зӯрӣ ғасб намудани ҳокимияти сиёсӣ оғоз намуданд. Ҳамон бегоҳ гурӯҳҳои силоҳбадаст бинои телевизионро ба зӯрӣ зери назорат гирифтанд ва таблиғоти мазҳаби бегонаю зиддиҳукуматиро оғоз намуданд. Ба ҷойи барномаҳои «Время» - и русӣ ва «Ахбор» - и тоҷикӣ, ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ ҳар бегоҳ пахш мешуданд,  пахши ҳаррӯзаи барномаи ахбори шабакаи аввали Ҷумҳурии Исломии Эронро ба роҳ монданд. Дар таърихи 6 майи соли 1992 дастаҳои мусаллаҳи ТТЭ ҲНИТ аз бемасъулиятию бетарафии як қисми кормандони давлатӣ истифода карда, фурудгоҳ, вокзал ва баъзе иншооти дигари давлатиро тасарруф намуданд. Ҳамин тавр, наҳзатиҳо дар шаҳри Душанбе вазъиятро пурра хароб карда, сохти конститутсиониро барҳам доданд ва фаъолияти сохторҳои давлатиро фалаҷ сохтанд. Дар давоми моҳи июни ҳамон сол гурӯҳҳои ҷангии террористони наҳзатӣ майдони муқовиматҳо ва амалҳои террористии худро ба вилояти Хатлон ва дигар минтақаҳои кишвар низ паҳн карданд.  Нафароне, ки шомили ТТЭ ҲНИТ ва ташкилотҳои хамроҳи онҳо буданд,  рӯҳияи зиддидунявӣ, зиддимиллӣ ва тахрибкорона доштанд.
Бенизомӣ саросари ҷумҳуриро фаро гирифт ва амнияту осудагӣ аз кишварамон рахт баста буд. Оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга гирифта, дар натиҷа ҳамарӯза одамони зиёде қурбон мегардиданд. Дар чунин вазъият, ҳарфи қонуну адолатро зӯри аслиҳа баён менамуд. Барои ҷиноёти бешумори хешро рӯпӯш намудан террористони наҳзатӣ 24 августи соли 1992 Прокурори генералии ҷумҳурӣ Нурулло Ҳувайдуллоевро ваҳшиёна ба қатл расонданд. Барои ин ҷиноятпешагон ҳеҷ чиз арзиш надошт, ҳар нафаре, ки ба ақоиди онҳо дар мухолифат қарор мегирифт, бо бадтарин шеваҳо ба қатл расонда мешуд. Пешвоёни ҲНИТ, ки аз дастрасӣ ба қудрати сиёсӣ бо роҳи зӯрӣ сархуш буданд, дигар барояшон на мардум, на президенти аз ҷониби мардум интихобгардида, на қонун арзиш надошт. Ҳамин буд, ки 7 сентябри соли 1992 бо дархости роҳбарони ТТЭ ҲНИТ ба воситаи силоҳдорони ин гурӯҳ Президенти вақт Р. Набиев гаравгон ва бо зӯри силоҳ ба истеъфо фиристода шуд.
Аҷиб ин аст, ки имрӯз террористони фирории ТТЭ ҲНИТ андеша мекунанд, ки дигар амалҳои ваҳшиёнаи ба сари миллати тоҷик овардаи онҳо аз зеҳни мардум фаромӯш шудааст. Бешармона аз адолат, ҳақиқат,  қонунмеҳварӣ ва демократия ҳарф мезананд. Нафароне, ки дасташон олудаи хуни ҳазорон одами бегуноҳ аст ва муҷримони асосии ҷанги шаҳрвандианд, бо сабаби заррае виҷдони инсонӣ надоштан аз аъмоли даҳшатбори бар сари миллат овардаашон азоби рӯҳӣ намекашанд. Аммо роҳбарону масъулони ТТЭ ҲНИТ бояд ҳаргиз фаромӯш насозанд, ки хиёнату амалҳои террористии даҳшатбори ба амал овардаи онҳо,  дар хотираи ҳар фарди ин миллат нақш бастааст ва он ҳеҷ гоҳ зудуда нахоҳад шуд. Дигар ҳеҷ гоҳ мардуми мо ба фиребу найранги наҳзатиҳои террорист дода намешаванд ва дар ҳама ҷо онҳоро маҳкум мекунанд. Мерасад рӯзе, ки боқимондаҳои террористони наҳзатӣ ҳам дар назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт.
Эҳсони ИЛҲОМ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2018    №: 72    Мутолиа карданд: 532
12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед