фарҳанг
ИЛМ ҒОФИЛ НАМОНЕМ!
Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон муҳимтарин масоили ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакатро мавриди баррасӣ қарор дода, баҳри рушди онҳо ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои зарурӣ доданд.
Хусусияти хос ва фарқкунандаи Паёми навбатӣ аз паёмҳои пешин дар он аст, ки раванди таъсиррасонии манфии буҳрони молиявӣ ва раҳоӣ аз он, истифодаи мақсадноки захираҳои истеҳсолӣ, самаранок истифодабарии маблағҳои пешбинишуда, пешгирӣ аз хароҷоти нодаркор мушаххас нишон дода шудаанд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон илми тоҷик низ таҳти раҳнамоию ҳидоятҳои пайвастаи роҳбарияти давлатамон хеле пеш рафта, олимони тоҷик ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Ҳаёти минбаъдаи инсониятро бе техника ва технологияҳои замонавӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Рӯз аз рӯз зиёд гаштани теъдоди аҳолии сайёра олимонро муваззаф месозад, ки барои ҳаёти осоиштаи мардум аз неруи зеҳнии созанда васеъ истифода баранд.
Аз дигар тараф зуҳури техникаи нав кори инсониятро чандин маротиба осон намуда, ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир мусоидат мекунад. Имрӯз масъалаи ихтироъкориву навоварӣ, кашфи эҷоди техникаву технологияҳои нав ва ҳар чи бештар ба роҳ мондани робитаи илму истеҳсолот аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки бояд дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти Академияи илмҳо ва сохторҳои марбутаи он қарор дошта бошад. Аз ин лиҳоз, олимону ихтироъкорони моро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати анҷом додани таҳқиқоти ҷадид ва рушди илмҳои дақиқ эътибори ҷиддӣ диҳанд. Вақти он расидааст, ки олимону донишмандони тоҷик аз омӯзиш ба амал гузашта, симои фарҳанги техникии оламро ба ахтари тозаҷавлон зиннат бахшанд. Зеро, танҳо амал метавонад рисолати азалии илмро дар ҷомеа таъмин созад.
Аз ин лиҳоз, олимонро зарур аст, ки аз вақт оқилона ва самаранок истифода бурда, дар олами илму маърифат фалакпаймо гарданд.Чунки дар ҳар давру замон масоили марбут ба илм, дастёбӣ ба донишҳои воқеӣ, ба афкору зуҳури мавҷудоти бошуур мудом таъсири худро мегузорад. Илм бо амал судманд аст. Ба андешаи камина дар чунин шароити мусоид меҳнат накардану дастоварде надоштан гуноҳи нобахшиданист. Хурдтарин кашфиёт метавонад нафърасони ҷомеаи бузург бошад.
Иҷобатулло АКРАМОВ,
директори КВД «Таъминоти илм»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.04.2018 №: 72 Мутолиа карданд: 378