logo

фарҳанг

СПИТАМЕН АВЛАВИЯТ БА РУШДИ ҲУНАРМАНДӢ

Ҳунару ҳунармандӣ дар кишвари мо хеле ривоҷу равнақ ёфта, аз насл ба насл мегузарад. Мардуми тоҷик аз қадимулайём ҳунарманд буданд ва то ба имрӯз баъзе аз ҳунарҳои миллии қадимаи мо омада расидаанд. Дар хотирам нақш бастааст, ки бобоям дар вақтҳои холигиашон ба бофтани ҳар намуд сабадҳо машғул буданд. Он кас аз ҳунари намадрезӣ низ огоҳ буданд. Модаркалонам бошанд, ба риштаресӣ машғул гардида, сипас ҷӯробҳои пашмин мебофтанд. Ин ҳама ҳунарҳоро бобою бибиям аз гузаштагони худ, ки дар ҳозира ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ умр ба сар бурдаанд, мерос гирифта буданд.
Бонувони Спитамен лаҳзае дар хона бекор нанишаста, бо тарбияи фарзанд ва кори хона машғул гардида, инчунин дар вақтҳои холигиашон бо пухтупази хӯрокҳои миллӣ ва нонҳои болаззат, гулдӯзию қуроқдӯзӣ машғуланд.
Онҳо аз шароити мусоиди фаъолият истифода бурда, бо ҳунари худ асбоби рӯзгорро муҳайё месозанд. Дар ноҳия ҳоло зиёда аз 100 бонуи ҳунарманд ба қайд гирифта шуда, бо аҳли оила ва шогирдони худ  машғули коранд. Бонувони спитаменӣ асосан дар хона ба ҳунарҳои адрасу атласбофӣ, гилембофӣ, сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ машғул гардида, баъзеашон дастранҷи худро ба фурӯш низ мебароранд.
Бинобар маълумоти корманди бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен Азиза Валиҷонова дар қайди ин ниҳод то имрӯз  113 бонуи ҳунарманд  буда, дар Ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоев Муҳаббат Юлдошева  ва дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол Гулчирой Қӯзибоева бо ҳунари сандуқсозӣ ва сабадбофӣ машҳуранд.
Дуредгарӣ, аз чӯб сохтани ҳар гуна асбоби рӯзгор ва мусиқӣ, сандуқсозӣ, гаҳворасозӣ,  кулолгарӣ, танурсозӣ ҳоло ҳам дар ноҳия  дар ҳоли рушд мебошанд. Маҳсулоти тайёркардаи ин гуна устоҳо ниёзмандони зиёд дорад. Аз ҷумла, танӯр дар ноҳия бо сифати баланд омода мешавад.
Бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуд. Ҳунармандони ноҳия аз ин иқдоми неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дилгарм гардида, фаъолияти худро  дар ин самт дучанд карда истодаанд. Зеро илму фан ва техникаву технология хеле пеш рафта бошад ҳам, вале талабот ба маҳсулоти дастӣ ва ҳунарҳои миллӣ боқист.
Фирӯз БОҚӢ, сармуҳаррири ҳафтавори «Паёми Спитамен»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2018    №: 73    Мутолиа карданд: 169

16.08.2018


Рӯзноманигорони ӯзбек меҳмони Тоҷикистон

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед