logo

иҷтимоиёт

МУРҒОБ ДАР ҲИФЗИ ОБ БОШЕМ!

Иштироки  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 72 - юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ташаббускори ҳалли масоили об боиси ифтихори сокинони ин диёри баландкӯҳ гардидааст. Сарвари давлати мо таъкид доштанд, ки  ҳифзи захираҳои азими оби кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар кӯҳҳои Помир  ҷойгиранд, вазифаи ҷомеаи ҷаҳонист.
Мурзабай Ҷоошбаев, раиси ноҳия, гуфт, ки забонаҳои калони пиряхҳои Федченко ва Гармо дар қаламрави ин ноҳияи дурдаст воқеъ буда, дарёчаи Мурғоб ба кӯли афсонавии Сарези водии Бартанги ноҳияи Рӯшон мерезад. Ҳамчунин, кӯлҳои Яшиккӯл, Қароқӯлу Булункӯл, Зорукӯл ва даҳҳо кӯлҳои хурду калони дигари ин минтақа, ки аксарияташон дорои оби ошомидании ширинанд ва ҳамзамон, барфҳо ва лозурҳои асрҳо боз ғуншуда дар ин диёри паҳновар ҷой гирифтаанд. Мутаассифона, як қисми ин боигариҳои бебаҳои табиат солҳои охир бо таъсири гармшавии ҳаво об шуда, ба нобудӣ расида истодаанд.
- Захираҳои обии ноҳия босамар истифода мешаванд. Аз маркази ноҳия рӯди ҳаётбахши Оқсу мегузарад. Бо маблағгузории Ҳукумати кишвар дар ин ҷо неругоҳи барқи обии «Оқсу - 2» бо иқтидори 1500 кВт -  соат то Ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ҳамзамон, аз ҷониби ширкати «Помир энерҷӣ» бунёди хатти баландшиддати барқии Чарсем - Мурғоб тариқи водии Ғунди ноҳияи Шуғнон оғоз гаштааст, - зикр кард М. Ҷоошбаев.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2018    №: 73    Мутолиа карданд: 148

23.06.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Невен Мимитса

Масоили амният ва суботи минтақа матраҳ гардиданд

Ҳамоиш ба муносибати 21 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ ба кор шурӯъ кард

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед