logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад


Филворди «Футбол»
Дар филворди мазкур номи дастаҳои футболи кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҷой дода шудааст. Тибқи қоидаи ҳалли филворд муштариён бояд аз чап ба рост ва аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, номи ин дастаҳоро пайдо намоянд.

Таҳияи Шафоатулло ШОКИРОВ
Ҷавоби муамморо  расм гирифта,
ба мо ирсол намоед! 93-547-00-05 Вайбер,    
Bzm_701@mail.ru  (Аз соати 800 то 1700 )
Эзоҳ: Ҷавобҳои муаммоҳои шумораҳои гузашта дар сомонаи «Ҷумҳурият»
Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон: 238 - 53 – 40 Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


НИҲОЛИ МУҲАББАТ
Рӯзе дар истгоҳ интизор менишас-там, миёни анбуҳи мусофирон пиразане ба чашмам афтод, ки дар даст ду зарфи пурбор ҷониби мо ҳаракат мекард. Чун наздик омад, дидам, ки дар кӯлвораш об дошт. Дидаҳои мо бо ҳам бархӯрданд ва бо эҳтиром назди ин модар аз ҷой баланд шудам. Пиразан зарфҳояшро ба замин гузошта, оҳи сабуке кашид. Пас коғазпораеро, ки миёни ангуштони дасти дигараш маҳкам медошт, ба чашмонаш наздик оварда, канда-канда зери лаб хонд ва гӯё хотирҷамъ шуд, ки онро дубора миёни панҷааш гирифт. Ҳанӯз ҳам хаста менамуд, аз чеҳрааш аён буд, ки ин бори вазнинро аз дуриҳо то ин ҷо кашонда овардааст.
- Писарам ҳамин обро ба бехи ҳо ана ҳамон дарахт бурда рез, - ба канори роҳ ишора карда, гуфт модар. Дигарон ҳам, ки ҳаракатҳои пиразанро назора мекарданд, ҳайрон монданд. Модар инро пай бурд, ки бо овози ларзон, вале барои ҳама шунаво ба гап даромад.
- Се сол пеш якаписарам ҳамин ҷо дар садама ҳалок шуд. Барои то деҳа бурдан дастам кӯтоҳӣ кард. Ҳарчанд ҷигарам месӯхт, розӣ шудам, ки дар ҳамин ҷо дафнаш кунанд. Мабодо манзили писарамро гум накунам гуфта, аз дӯстонаш хоҳиш  кардам, ки ҳамин ниҳолакро шинонанд. Инак, се сол мешавад, ки хумори фарзандамро аз дидори ҳамин дарахт мешиканам. Охир, ба ҷуз ин дигар ягон нишонае аз писари ҷавонмаргам надорам. Санги мазор намондам, ақаллан дарахти хокашро нахушконам, мегӯям...
Пас аз шунидани ин қисса ва ошноӣ бо саргузашти талхи  пиразан бори дигар ба садоқат ва меҳри беинтиҳову ҷовидонаи модар қоил шудам. Ба андешаи ман, ниҳояти одамият ва муҳаббат ҳамин аст!  
Бузургмеҳри БАҲОДУР


ОЗМОИШГОҲ
Закариёи Розӣ (865 – 925), ки дар тамоми ҷаҳон ҳамчун асосгузори илми кимиё шинохта шудааст, бо устодаш Ибни Ҳайсам аввалин шакли лабораторияро ташкил намуда, дар он фаъолият менамуд. Ӯ бори аввал муайян месозад, ки дар озмоишгоҳи кимиёӣ чи гуна бояд фаъолият кард ва дар он чиҳо бояд мавҷуд бошанд. Бисёр асбобҳоро дар шакли найчашиша (пробирка),  колба, титр бори аввал Розӣ истифода намудааст. Аҷиб ин аст, ки то асри XIX лабораторияҳо дар ҳамон шакле фаъолият доштанд, ки Закариёи Розӣ бо ҳамзамони худ ташкил ва пешниҳод намудаанд.
Ӯ аввалин бор ба зиёноварии баъзе маводи кимиёӣ аҳамият дода,  собит месозад:  шахсе, ки дар озмоишгоҳи  кимиёӣ кор мекунад, саломатиаш зарар мебинад. Аз ин рӯ, пешниҳод месозад, ки чунин нафарон ҳангоми кор дар озмоишгоҳ либоси махсус ба бар намоянд.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


АЗ ЗАНИ ХОНАШИН ТО НАВИСАНДАИ САТҲИ ҶАҲОНӢ
Маргарет Митчелл ягона адибаест, ки бо як асар - романи «Бодбурдаҳо» шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намуд. Маргарет дар синни 22 - солагӣ ба ҳайси рӯзноманигор дар нашриёти «Атланта ҷордан» фаъолияти хешро оғоз намуда, баъд аз се сол ба иллати осеб бардоштани пояш аз кори рӯзноманигорӣ даст кашид ва ба як соҳибхоназани одӣ табдил ёфт. Вале завқи нависандагӣ дар қалбаш хомӯш нашуд. Ӯ дар вақтҳои фориғ аз кор дар бораи ҳодисаву воқеаҳои миёнаи асри XIX саҳифаҳои зиёде сиёҳ кард, ки гоҳ – гоҳе барои оромии қалбаш онҳоро мутолиа мекард.
Танҳо соли 1935 бо хоҳиши муҳаррири яке аз нашрияҳо дастхати худро бо номи «Пагоҳ - рӯзи дигар» барои шиносоӣ супурд. Дар натиҷаи таҳрир номи роман ба «Бодбурдаҳо» иваз гардида, соли 1936 дар ҳаҷми 100 ҳазор нусха пешкаши хонандагон гардид.
Ҳамин тариқ, давоми даҳ соли минбаъда зиёда аз 3,5 миллион нусхаи асари «Бодбурдаҳо»  нашр шуда, аввалин ва охирин асари Маргарет яке аз беҳтарин ва серхонандатарин романи ҷаҳонӣ эътироф гардид.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ЧАНД РЕКОРДИ ЯК ШАХС
Кевин Фаст дар ҷаҳон пурқувваттарин шахс шинохта шудааст. Ӯ аз синни 12 - солагӣ ба варзиш машғул буда, чандин маротиба вориди  «Китоби рекордҳои Гиннес»  гаштааст. Бори аввал соли 2008 бо 30 метр кашонидани  мошини вазнаш 57 - тоннага, ба китоби рекордҳо шомил шуда буд.  Баъдан тайёраеро, ки 189 тонна вазн дошт,  9 метр кашонд. Соли 2010 бо хоҳиши Кевин  болои хати роҳи оҳан хонаи  вазнаш 40 тоннаиро сохтанд. Ӯ  тавонист онро 12 метр кашонад. Дар соли 2011  мошини зиддисӯхторро бо як даст то 30 сантиметр ба ҳаракат даровард. Охирин маротиба бо амали ғайриодӣ - болои китф нигоҳ доштани 22 зан шомили китоби мазкур гардид.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА


ТАҚДИР ИН ДАФЪА ОМАД НАКАРД
Сокини Уругвай Рамон Артагаветия соли 1871 чун мусофири киштии оташгирифтаи «Амрико» ҷон ба саломат бурд. Аз 164 мусофири дар киштӣ буда, 65 нафар то соҳил шино карда тавонис-танд, ки Рамон бо ҳамин тарки сафар бо киштӣ намуд, зеро солиёни зиёд вуҷуди ӯро тарс ва ҳаяҷони равонӣ тарк накард. Бо гузашти вақт Рамон қарор дод, ки як бори дигар ба киштӣ савор шуда, сафари дуру дароз намояд, то тарсу ҳаяҷон аз вуҷудаш берун шавад. Ниҳоят баъди 41 сол, 10 апрели соли 1912 ӯ дигарбора ба киштӣ  чипта гирифт. Аҷиб ин аст, ки ин киштӣ «Титаник» ном дошт. Ин дафъа Рамон тарсу ҳаяҷонашро бо худ бурд…
Таҳияи Ф.  АЛИШЕР


ҲАМ ҒИЗО, ҲАМ ДАВО
Мувофиқи натиҷаҳои пажӯҳиши гузарондаи олимони чинӣ ва британиягӣ кам истеъмол намудани мева барои ба вуҷуд омадани бемории қанд замина фароҳам меовардааст.
Дар ин пажӯҳиш 500 ҳазор ихтиёриён иштирок намуданд. Тибқи натиҷаҳои бадастомада одамони дар вояи хӯрокашон аз 12 дарсад кам маҳсулоти мевагӣ истифоданамуда, ба ин бемории хавфнок мубтало гаштанд.
Аз ин сабаб, мутахассисон ба одамони дучори бемории қанд зиёдтар истеъмол намудани мевагиро тавсия медиҳанд.
Таҳияи  М. БЕРДИЁРОВ


НӮШБОДИ АБРИКОСОВ
Абрикосов, ҳунарманди маъруфи замони худ, ки ҳамроҳи шахсиятҳои дигари саршинос дар зиёфати расмии Кремл  меҳмон буд, қадаҳи пур аз шароб дар даст ногоҳ аз ҷой бархоста, нидо кард:
- Барои саломатии Шумо менӯшем, рафиқ Сталин.
Сталин, ки ҳар қадаҳи нӯшидаи меҳмонро назора мекард, оҳиста дар гӯшаш гуфт:
- Ғами саломатии худро хӯред, рафиқ Абрикосов.
Тарҷумаи  М. ОДИНАЕВА

9 НАФАРЕ, КИ СИННИ 30 - СОЛАГӢ ҚАҲРАМОНИҲОИ ТАЪРИХӢ НИШОН ДОДААНД
4. ЖАННА Д, АРК
Ин қаҳрамонзани фаронсавӣ яке аз фармондеҳони қӯшунҳои Фаронса дар сад соли ҷанг буд. Ӯ ба дасти бургундиҳо асир афтод ва онҳо ӯро ба англисҳо доданд, ки аз дасти онҳо бо ҷурми бидъаткорӣ маҳкум гардида, дар оташ сӯзонда шуд. Баъдан сафед карда шуда, муқаддас эълон гардид ва дар калисои католикӣ, дар радифи муқаддасоти он ҷо шумурда шуд.
Ҳангомӣ вафот карданаш ӯ ҳамагӣ 19 сол дошт.
Таҳияи Умар АЛӢ


МУҲАММАД БО ДУЧАРХА 5000 КМ - ро ТАЙ КАРДАНИСТ
Муҳаммад Нуфал шаҳрванди Миср ният дорад, ки то оғози мусобиқаи бонуфузи Ҷоми ҷаҳон - 2018, ки дар Русия баргузор мешавад, тариқи дучарха ё ба истилоҳ «велосипед» ба кишвари Русия сафар кунад. Барои гусел намудани Нуфал хонаводааш ба Қоҳира раҳсипор шуданд. Ӯ дар назди худ мақсад гузоштааст,  ки 5 ҳазор километрро дар 65 рӯз тай намояд. Ин мухлиси футболи Миср ҳангоми сафар аз марзҳои кишварҳои Булғористон, Руминия, Молдавия ва Украина гузашта, вориди Русия мегардад. Ёдовар мешавем, ки тими мунтахаби Миср бори аввал баъди 28 сол  ба мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон роҳхат пайдо кард.
Таҳияи Раҳматулло КАРИМОВ


БЕ ЛАҚАБ
Сталин, ки театрро дӯст медошт, аз рӯи одат ба намоиш омад. Доҳиро дар даромадгоҳ Станиславский, ки нақши асосиро бояд мебозид, пешвоз гирифта, худро шинос кард:
- Алексеев.
Сталин дарк кард, ки ин насаби ҳақиқии ҳунарманд аст, на аз қаҳрамони ӯ. Бинобар ин, баробари дасти ҳунармандро фишурдан, оҳиста худро низ шинос кард:
- Ҷугашвили.
Тарҷумаи М. ОДИНАЕВА


ДАР ФРОНТИ ЛЕНИНГРАД
Андрей Корзун (1911-1943), тӯпчии контрбатареяи 3- юми корпуси артиллерии фронти Ленинград.
Сарбоз Андрей Корзун дар оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба артиш даъват шуд. Дар фронти Ленинград, ки муҳорибаҳои шадиди хунин идома доштанд, меҷангид.
5 ноябри соли 1943, ҳангоми задухӯрди навбатӣ, батареяи онҳо зери оташфишонии шадиди душман қарор гирифт. Корзун сахт захм бардошт. Аъзои баданаш аз дарди тоқатнопазир месӯхт. Вай дид, ки ба зарфи борут оташ наз-дик мешавад. Ӯ ҳис кард, ки агар борут даргирад, анбори гулӯлаҳо низ метаркад. Андрей охирин мадорашро ҷамъ намуд, аз дарди ҷонкоҳ лаб газид ва то оташи алангагиранда хазида худро расонд. Вале дигар натавонист, ки шинелашро кашида, рӯи оташро пӯшонад.  Аз ҳуш рафта истода бо танаш оташро пахш кард. Тӯпчии қаҳрамон тавонист бо баҳои ҷон пеши роҳи таркишро бигирад.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


25 МИЛЛИОН ДОЛЛАР НАРХИ ЯК СОАТ
Сурати қиматтарин
Сурат “Фотом” ном дошта, арзиши он 6.5 миллион доллар аст. Ин расмро бори аввал Питером Ликом ба фурӯш баровардааст, ки арзиши он дар соли 2011 4.3 миллион доллар буд.

Хонаи қиматтарин
Ин хона, ки тарҳи онро меъмор Антина кашидааст, дар Мумбай сохта шудааст. Нархи он 2 миллиард доллар буда, онро 600 нафар одамони махсус посбонӣ мекунанд.

Соати қиматтарин
Ин соат “Haute Joaillere” ном дошта арзишаш 25 миллион долларро ташкил медиҳад.
Соат бо 15 ҳазор бриллианти бунафшу кабуд  оро дода шудааст. Шакли соат ба дил шабоҳат дорад.

Пианинои қиматтарин
Ин пианино “Hientzman Crustal” мебошад. Арзиши он 3.22 миллионро ташкил медиҳад. Ин асбоби мусиқиро соли 2008 дар Пекин ба фурӯш бароварда буданд.
Таҳияи Кароматулло РАҲМАТОВ

 
ТАМАЪҶӮИИ ТАБИБ БА ПИСАРАШ МАРГ ОВАРД
Дар яке аз кишварҳои сераҳолӣ се нафар наврасро мошин пахш мекунад. Онҳоро зуд ба беморхона мебаранд. Табибон ба ду наврасе, ки хешу пайвандонашон ҳамроҳ буданд, фавран ёрӣ мерасонанд. Аммо сеюмиро аз сабаби бекасу бесарпараст буданаш дар як кунҷи беморхона гузошта, рӯяшро бо матои сафед мепӯшанд. Ин амали нодуруст қариб ҳар рӯз бо супориши сардухтури бемористон сурат мегирифт.
Дере нагузашта, модари зори он навраси ба қавле “бекас” бо доду фиғон вориди беморхона мешавад. Сардухтур мебинад, ки зани аламкашида ҳамсари ӯст. Саросемаву ҳайратзада матои сафедро аз рӯӣ наврас мекушояд, ки кор, аллакай аз кор гузашта буд...
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


КАМБАЛА МОҲИЕ, КИ ЯКПАҲЛУ ШИНО МЕКУНАД
Камбала моҳии хеле аҷиб буда, бо шакл ва тарзи шино карданаш аз дигар моҳиҳо фарқ дорад. Вай ҷисми ҳамвори мисли чалпак дошта, ду паҳлуяш сиёҳ ва сафед аст. Аз ҳама аҷибаш он аст, ки чашмон ва даҳони ин моҳӣ дар як тараф ҷойгиранд. Камбала аз тарси моҳиҳои даранда дар қаъри об панаҳ меёбад. Барои аз гирду атроф бохабар шудан бошад, чашмонашро аз косахонаи сар бароварда, атрофро назора мекунад.
 Чизи дигари аҷиб он аст, ки камбалаҳои навзод ҳамчун моҳиҳои муқаррарӣ таваллуд мешаванду якпаҳлу  шино намекунанд. Онҳо танҳо баъди каме калон шудан таҳти фишори об шакли волидонашонро мегиранд. 
Таҳияи Гулистони ҚАДАМСАИД

 
ДАҚИҚАҲОИ РОЙГОН БАР ИВАЗИ ГОЛ
Муҳаммад Салоҳ, футболбози тими мунтахаби Миср ва дастаи «Ливерпул» - и Англия, дар кишвараш аз маҳбубияти хос бархӯрдор аст. Маҳз бо голи задаи ӯ тими мунтахаби Миср ба Ҷоми ҷаҳон, ки имсол дар Федератсияи Русия баргузор мегардад, роҳ ёфт. Ширкатҳои мобилии Миср тасмим гирифтаанд, ки барои ҳар голи задаи Муҳаммад Салоҳ ба миқдори муайян ба муштариёни худ дақиқаҳои ройгон туҳфа намоянд.
Таҳияи Маҳмуд ҶӮРАЕВ


БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
• Кӯдакон дар як рӯз ба ҳисоби миёна 400 маротиба механданд, калонсолон бошанд, ҳамагӣ 15 маротиба.
• Инсон дар давоми умри хеш ба андозаи панҷ маротиба хати экваторро убур кардан роҳ меравад.
• Миқдори организмҳои зиндаи пӯсти як инсон аз ҷамъи умумии ҳама одамони курраи Замин бештар аст.
• Абр метавонад то 500 тонна обро дар худ нигоҳ дорад.
• Кӯдакон то синни семоҳагӣ бе рехтани ашк мегирянд.
• Бархӯрди раъду барқ бо Замин дар ҳар як дақиқа 360 дафъа аст.
• Инсон дар як сол то 10 миллион маротиба чашмак мезанад.
• Соҳибхоназанҳо зимни иҷрои корҳои хона ба ҳисоби миёна дар як рӯз то 11 километрро тай мекунанд.
Зокир ҲАСАН


САГИ ЗАБОНДАРОЗ
Забони Мочи ном саг, ки дар иёлати Дакотаи Ҷанубии Амрико парвариш меёбад, 18,5 сантиметр мебошад.
Ба гуфтаи соҳиби он Карл Рикерт, Мочиро дар синни 2 - солагӣ аз паноҳгоҳ гирифтаанд. Саги мазкур хислатҳои аҷибу ҳайратангез дорад.  Вақте ӯро либос пӯшонда сурат мегиранд, аз ин хушаш меояд. Картошкаи пухтаро дӯст медорад.
«Барои дақиқ кардани дарозии забони саг мо Мочиро бо ширинии дӯстдоштааш зиёфат кардем. Саг забонашро дароз бароварда, шириниро лесидан гирифт» - мегӯяд соҳиби саг Карл Рикерт.
Таҳияи Гулистони ҚАДАМСАИД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2018    №: 74    Мутолиа карданд: 145

26.04.2018


САНЪАТ. Намоиши асарҳои Маҳмадӣ Шарифов

Ҷаҳон дар як сатр

Нахустконфронси зиддитеррористии кишварҳои узви СММ дар Ню-Йорк

85 кишвари донор барои Сурия $4,4 миллиард ҷамъ овард

Чин ба Русия истифодаи асъорҳои миллиро дар муомилот пешниҳод намуд

Афзоиши бесобиқаи истеҳсоли маводи мухаддир дар соли 2017

Гӯшаи кишоварз

25.04.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳои мақомоти гумрук

Дар Тоҷикистон калонтарин аквапарки Осиёи Марказӣ бунёд мегардад

24 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Шойгу ба тақвияти мубориза бо терроризм дар СҲШ даъват кард

Содироти сементи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 16 маротиба афзуд

Трамп ба қарибӣ артиши амрикоиро аз Сурия бароварданист

Баландтарин арзиши газ дар Арманистон ба қайд гирифта шуд

24.04.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Хоҷa Муҳаммад Осиф

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Фаластин

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Исфара

Конференсия доир ба масоили об

"ХУҶАНДОБУКАНАЛ". Авлавият ба беҳбудии хизматрасонӣ

Варзиш

23.04.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Дмитрий Медведев

Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Руминия

Иштироки ҳайати Бонки миллӣ дар ҳамоиши сатҳи баланд

Ҷаласаи роҳбарони хадамоти ҳуқуқии ВКХ-и ИДМ

ДАНҒАРА. Кишти чигит ба анҷом расид

21.04.2018


Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ ва Ахмет Йилдиз

Ҳамкориҳои Бонки миллӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор вусъат меёбанд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ

Бунёди меҳмонхонаи “Шикорчиён”

Рӯзи заргарон дар Боғи Ирам

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Авлавият ба истеҳсоли пахта

19.04.2018


НОБОЛИҒОН. Аз боздошти оворагардон то ҷаримаи волидон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед