logo

фарҳанг

"ДУХТАРБАЧА Ё КИ ХОЛИДА" - И УСТОД АЙНӢ

Устод Айнӣ фаъолияти рӯшангарии хешро аз таъсиси мактабҳои усули нав оғоз кард, зеро «маънавиятро шаҳсутуни бинои нави зиндагонӣ» шумурда, барои тарбияи кӯдак - насли нави ҷомеаи навбунёд китобҳои дарсӣ навишт. Ба ин маънӣ, адабиётшинос Х. Асозода навиштааст: «Масъалаи мактаб ва маориф аз даҳсолаи аввали қарни бист боиси таваҷҷуҳи устод Айнӣ гардидааст. Соли 1908 нахустин мактаби нав дар Бухоро бо ибтикори ӯ ва Мунзим кушода шуд, ки натиҷаи мусбат дод. С. Айнӣ дар ин боб барномаву дастур, китобҳои таълимӣ навишт».
Китобҳои дарсии «Таҳзиб - ус - сибён» (1910), «Заруриёти диния» (1914) ва «Тартил - ул - Қуръон» - и устод Айнӣ дар замони худ аҳамияти муҳими тарбиявӣ доштанд. Дар ин байн, асари «Қизбола ё ки Холида» - и устод Айнӣ, ки барои мактабҳои духтарона навишта шуда буд, бори аввал дар Берлин соли 1924 дар китобхонаи ширкати «Ковиёнӣ» бо забони ӯзбекӣ чоп шуд. Дар соли 1964 нашри дувуми он дар Тошкант бо муқаддимаи Абдулмаҷид Ҳасанов таълиф ёфт. С. Табаров ва Р. Ҳошим доир ба мазмун ва мундариҷаи «Қизбола ё ки Холида», паҳлуҳои ахлоқӣ - адабӣ ва тарбиявию омӯзгорӣ, нақши муҳим доштани онро дар мактабҳои усули нав таъкид намудаанд. С. Табаров дар мақолаи «Дар бораи як китобчаи фаромӯшшудаи С. Айнӣ» қабл аз таҳлили мундариҷаи ин асар чунин менависад: «Чи навъе ки маълум аст, Садриддин Айнӣ дар баробари нависанда, шоир, муаррих ва адабиётшиноси намоён будан, дар давраҳои муайяни зиндагии худ ба кори маориф, мактаб ва равшаннамоӣ машғул буд, баъзан ба кори педагогӣ - муаллимӣ шуғл дошт ва дар соҳаи ҳаёти маънавии халқи тоҷик низ хизмати шоёне намудааст».
Фаъолияти маорифпарварии С. Айнӣ, на танҳо аз тарғибу ташвиқи кушодани мактабҳои тарзи нави таълим иборат буд, балки ӯ бештар барои ин гуна мактабҳо китобҳои дарсӣ менавишт.
Соли 2010 адабиётшинос А. Маҳмадаминов ин китобро ба хати кириллӣ баргардон намуда, таҳти унвони «Духтарбача ё ки Холида» ба чоп расонд. Ба ин мазмун, адабиётшинос ишора карда менависад: «Духтарбача ё ки Холида» китоби пурарзиши дарсӣ, ахлоқӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ, тарбиявӣ  ва пандомӯз мебошад. Тарҷумаи тоҷикии ин китоб аз рӯи матни аслии С. Айнӣ, нашри соли 1924, сурат гирифтааст».
Мазмуни асари «Қизбола ё ки Холида» аз он иборат аст, ки дар он устод Айнӣ ҳаёти намояндаи ду табақаи мухталифи иҷтимоӣ Холида ва Фотимаро ба тасвир гирифтааст. Ин асар 30 ҳикояти хурдро дар бар мегирад, аз қабили «Духтарбача ё ки Холида», «Духтарбача», «Духтарбачаи боадаб», «Духтарбачаи хуб», «Холида либоси зебо мепӯшад», «Фотима аз мактаб меояд», «Холида ба ғайр аз хату савод ба чизи дигар хоҳиш надорад», «Хату савод дар бозор фурӯхта намешавад» ва амсоли инҳо.  Ин ҳикояҳо аз рӯйи мазмун бо ҳамдигар алоқаманд буда, масъалаи ахлоқиро дар бар мегиранд. Ин асар ба тарбияи духтарон бахшида шудааст, ки имрӯз ҳам аҳамияти худро аз даст надодааст. Аз ин рӯ, тарҷумаи  китоб аз рӯйи нусхаи аслии он ва пешниҳоди адабиётшинос А. Маҳмадаминов мавриди ба куллиёти нависанда ворид кардани он мувофиқи мақсад мебошад.
Холида аз оилаи сарватманд буд, ки бо киб-ру ғурур, ба сарулибоси қиматбаҳо, ороиши худ машғул буда, аз духтаракони табақаи камбағали он замон фарқ мекард. Тамоми хати сужети ҳар як фаслҳои хурди асар дар муносибати ҳамин ду духтар, - Холида ва Фотима сурат мегирад. Устод Айнӣ баромади иҷтимоӣ, тарзи зисту дигаргуниҳои ботинӣ ва зоҳирии Холидаро дар муқоиса бо Фотима – духтари Ортиқи машкоб – тасвир мекунад.
Бо нишон додани ин зиддиятҳо устод Айнӣ ба масъалаи тарбияи оилавии кӯдакони табақаҳои он замон (яке сарватманд ва дигаре камбағал) диққат додааст, ки масъалаи таълиму тарбия ва таъсири он дар пешрафти ҷомеа омили муҳим маҳсуб меёфт.
Холида дар аввал ба мақсади нишон додани сарулибоси қиматбаҳои худ меравад, вале мебинад, ки касе ба ӯ диққат намедиҳад ва ҳама танҳо дар андешаи андухтани илму дониш ва баланд бардоштани маърифати хеш мебошанд.
Устод Айнӣ дар рафти силсилаи ҳикояҳо тарбияи хонаводагӣ ва таъсирпазирии муҳитро ба шахс равшан намудааст. Холида пешрафти ҳамсолони худро дида, ба илмомӯзӣ мепардозад. Ба ин маънӣ, дар асар устод Айнӣ таъсири мусбати афсонаҳои халқиро ба шуури бачагон, инкишофи ҳиссиёту таассуроти гуногуни онҳоро нишон додааст. 
Яке аз масъалаҳое, ки дар «Духтарбача ё ки Холида» мавриди таваҷҷуҳи нависанда қарор гирифтааст, хуруфотпарастӣ мебошад. Ба ин восита нависанда дар ҳикояҳои «Хурофот», «Фол», «Холида фол нишон медиҳад» масъалаи таъсири манфӣ расондани хурофотпарастиро дар тарбияи кӯдак ва муносибати танқидии худро ба он нишон додааст. Дар ин фасли китоб нависанда ба фол бештар таваҷҷуҳ доштани мардуми он замон, хусусан занонро нишон додааст, ки роҳи ҳалли мушкилоти зиндагиро бо роҳи фолбинӣ ҳал карданӣ мешаванд. Нависанда дар охири ин фасли китоб менависад: «Вақте ки бемор шудем, ба ҷои пеши фолбин ба назди табиби доно рафтан лозим аст. Зеро барои ҳар як дард дармоне омода карда шудааст. Ва табиби донишманд ҳамон касе аст, ки чунин дармонҳоро аз рӯи илм ёфта медиҳад».
Ҳамин тавр, бо таъсири мафкураи нави ҷамъиятӣ ва талаботи замон дар Холида ва духтаракони монанди ӯ дигаргуниҳои мусбати ботинӣ рӯй медиҳад, ки барои бунёд ва пешрафти ҷомеа нақши ҳалкунанда дошт.
Албатта, нақши мактабу маориф ва тарбияи хонаводагӣ дар ин маврид ҳалкунанда мебошад, зеро пояи устувори афкори иҷтимоиву сиёсӣ, ва фарҳангии ҷомеа ба он робитаи ногусастанӣ дорад. Ва устод Айнӣ, ки дигаргуниҳои бузурги иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву адабиро аз сар гузаронда буд, аҳамияти бузурги таълиму тарбия ва «камолоти ахлоқию маънавӣ» - ро дарк карда буд.
Хуршеда ҲОШИМОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2018    №: 74    Мутолиа карданд: 697

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед