logo

фарҳанг

ВАҲДАТ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки дар роҳи расидан ба ин марҳалаи сарнавиштсоз саъю талош ва хидматҳои шоиставу ватанпарастонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст. Бо ин амр дар кишвари мо марҳалаи таърихии бунёдкориву созандагӣ оғоз ёфт.
Албатта, бидуни тинату сиришти созанда ва ҳувияти ваҳдатгароӣ мардуми тоҷик имкон надошт, ки сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллии воқеӣ дар сарзамини ҷангзадаи тоҷикон ба таври дилхоҳ ҷараён бигирад. Бе мавҷудияти чунин арзишҳои волои милливу башарӣ ҳеҷ халқе, ҳеҷ миллате наметавонад дар роҳи оромиву осудагӣ гом бардорад.
Бояд гуфт, ки аксари миллатҳо мисли шахсони алоҳида дорои ҳувият ва хусусиёти гуногун буда, шахсҳо ва ҳам миллатҳоро аз ҳамдигар тафовут мебахшанд. Таркиботи зотӣ, андешаи миллӣ, хештаншиносии миллӣ ва дигар нишонаҳо аз ҷузъиёти инфиродӣ - шахсӣ бунёд ёфта, дар маҷмӯъ ҳувияти миллиро ташкил медиҳанд. Ҳувияти миллӣ ҳамеша аз сарчашмаи ҳувияти инфиродӣ об мехӯрад ва дар навбати худ ҳувияти инфиродӣ бо таъсири ҳувияти миллӣ шакл мегирад. Аммо ҳам ҳувияти миллӣ, ҳам инфиродӣ дар чаҳорчӯбаи ҳувияти меросӣ - анъанавии ин ё он халқ ташаккул меёбад, ки он тайи ҳазорсолаҳо сиришт ва тору пуди миллатро ташкил додааст. Омили асосии муҳим ва ҳалкунандаи шаклгирии ҳувияти миллӣ бошад, ваҳдат, ягонагӣ, ҳамбастагӣ ва сулҳу салоҳи миллат маҳсуб меёбад, зеро бидуни чунин омил ва заминаи муҳими сарнавиштсоз ҳар миллатеро оқибат завол дар пай аст. Миллат бидуни ҳувияти хос дар миёни дигар халқҳо маҳлул шудаву нопадид мегардад.
Баъди Истиқлолияти давлатӣ бори нахуст дар Меҳани тоҷикон заминаи воқеии парвариши ҳувияти аслии миллӣ ба вуҷуд омад. Шарти асосии бақои миллату давлату Ватан ва халқ ваҳдат, парвариши ҳувияти миллии солим ва ифтихор аз ин арзишҳост. Ҷои хушист, ки ононе, ки бо тамоми ҳастӣ ояндаи миллату Ватанро вобастаи тарбияву инкишофи ин арзишҳои воло медонанд, кам нестанд. Онҳо ҳам дар гуфтор ва ҳам дар кирдор ин амали савобро дар нисбати хидмат ба халқу Ватан бар дӯш доранд. Ва, албатта, дар ин силсилаи ватанпарварон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон соҳиби мақоми аввал мебошанд, ки сухан ва амалашон таҷассуми олии ибтикори ватанпарастист. Агар дар таърихи адабиёти меросиамон аз ҷиҳати арзишҳои ватанхоҳӣ «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ беназир бошад, дар таърихи давлатдориву сиёсатмадории халқамон китобу мақолаҳо ва суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон назир надоранд.
Ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва сулҳу ваҳдат сифату сиришти азалии мардуми куҳанбунёди тоҷик ба шумор меравад. Ин хусусиёт дар навиштаҳои ёдгориҳои фарҳангии аҳди бостони мардуми ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон - «Авесто», «Шоҳнома» ва дигар осори аҷдодӣ мавриди тавсифу ситоиш ва бузургдошту ниёиш қарор гирифтааст. Дар ин ёдгориҳо эзадон аксаран эзадони соҳавӣ буда, ҳар як бар дӯши худ вазифаҳои мушаххас ба бор дорад. Яке аз ин эзадони ориёӣ Меҳр - Митро - эзади Офтоб будааст, ки дар забони аҷдоди қадими мо маънои сулҳу ваҳдатро ифода менамояд. Митро аз бонуфузтарин эзадони «Ригведа» ва «Авесто» ба шумор меравад, ки таҷассуми ягонагӣ, адолат, меҳрубонӣ ва сулҳу сарҷамъист.
Аҷдоди ориёии тоҷикон барои наслҳои ояндаи худ майдони меҳру муҳаббат, сулҳу оштӣ ва ҳамдиливу ҳамбастагиро хеле фарох бунёд намуда, дар он тамоми имконотро ҷиҳати меҳру ваҳдат, ҳувияти миллӣ, хештаншиносиву хештаншиносонӣ, ноил шудан ба рушду нумӯи кишвар фароҳам овардаанд. Сулҳу оштӣ, дӯстӣ, рафоқат дар байни афроди ҷомеа, ки бо унвони умумии меҳр ҷамъбаст мешаванд, омили асосии ҳам зиндагии шахсӣ, ҳам зиндагии ҷомеавии инсон мебошад. Ваҳдат бидуни меҳри самимӣ ва меҳр бидуни ваҳдати воқеӣ вуҷуд дошта наметавонанд. Меҳри миллат бо меҳри Ватан ҳамбастагии наздик дошта, ду тарафи як масъаларо таҷассум менамояд. Меҳру ифтихори Ватан бидуни меҳри миллат ва, баръакс, меҳри миллат бидуни меҳру ифтихори Ватан меҳру ифтихори дурӯғин ва бебақоянд. Ҷиҳати парвариши ҳувияти солими инфиродӣ ва миллӣ дар ҳама давру замон, қабл аз ҳама, мавҷудияти замина ва шароити мусоид, яъне Ватан тақозо мешавад. Ватан муҳимтарин омили парвариши ҳувияти миллист. Меҳр ва ифтихори ватандорӣ аз хонаи падар, аз деҳаву маҳал маншаъ мегирад. Ин ҳолро бо маҳалгароӣ мухталит кардан нашояд. Модари худро дӯст дошта тавонӣ, метавон дигар модарро низ дӯст дошт. Вале бояд эҳсосу ҳувияти маҳдуди деҳ, хонаву ҳавлӣ ва маҳал ба ҳадди саросари Ватан тавсеа ёбад.
Ҳувияти миллӣ, бешак, дар офариниши ҳувияти инфиродӣ - шахсӣ, дар кору пайкор, сухан ва эҷоди шахсиятҳо таъсири нозудуданӣ мегузорад. Аз ин лиҳоз, корнамоиҳои бузургони таъриху фарҳанги миллат дар заминаи ҳувияти миллӣ, таърихӣ - фарҳангӣ ва меросӣ - анъанавии халқ нашъунумӯ меёбанд. Корнома ва эҷодиёти бузургон аз ин заминаҳо маншаъ гирифта, онро дар дидгоҳи фарохтаре намоён месозад. Аллома Бобоҷон Ғафуров тоҷиконро аз парокандагии замонҳову маконҳои таърихӣ дар китоби «Тоҷикон» ҷамъ овард, ҳаққи таърихии ин миллатро ба ӯ бозгардонд, бисёр арзишҳои миллӣ - таърихияшро аз фаношавӣ раҳоӣ бахшид.  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон миллатро ба сулҳу ваҳдат овард, онро аз парокандагии миллӣ ва Ватанро аз пора - порашавӣ наҷот дод, пояҳои давлатдории навини тоҷиконро бунёдгузорӣ намуд. Дар замоне ки аксаран бовари эҳёи ин давлату боқӣ мондани ин миллатро аз даст дода буданд, Пешвои муаззами миллат моро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшид. Маҳз баъди ноил шудан ба сулҳу ваҳдат ва оштии миллӣ заминаи мусоид ва муассири беҳтар намудан ва парвариши ҳувияти солими миллӣ ба вуҷуд омад. Яъне, бори аввал имконияти бесобиқаи таърихӣ ҷиҳати бунёдгузории заминаи воқеии давлатдории миллӣ бо тамоми нишондиҳандаҳои сиёсиву иҷтимоияш ба шарофати фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон фароҳам гардид ва дар навбати аввал ҷиҳати парвариши ҳувияти асил ва воқеии миллӣ комилан мусоидат намуд.
Муҳтарам ҲОТАМ, адиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.04.2018    №: 77    Мутолиа карданд: 917

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед