logo

иҷтимоиёт

ЛЕВАКАНТ. САФИ БОНУВОНИ ҲУНАРМАНД МЕАФЗОЯД

Дилором Каримова яке аз кадбонуҳои ҳунарманди шаҳри Левакант мебошад, ки дар пухтани хелҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ ва нону кулча маҳорати хосса дорад.

- Ин ҳунарҳоро ҳанӯз аз наврасӣ бо сахтгириву роҳнамоиҳои модарам Азизмо Давлатова, ки ҳунари беҳамто дошт, аз худ намудаам. Акнун худи ман кӯшиш менамоям, ки тамоми нозукиҳои онро ба фарзандонам омӯзонам, зеро медонам, ки ҳунарманд дар ҳама ҷо иззату эҳтироми мардумро соҳиб аст, - мегӯяд Д. Каримова.
Боғигул Эшова солҳост, ки барои тӯю маъракаи ҳамсояҳо ва ҷашну чорабиниҳо қаламаҳои хушмаза омода мекунад. Ҳунари волои ӯ  сазовори эътибори умум гардидааст.
Оростамо Шарифова ва Раҷабгул Каримова, сокинони деҳаи Вахши Ҷамоати деҳоти Ваҳдат, аз ҷумлаи бонувони ҳунармандеанд, ки дар пухтани нони чапотӣ ва омода намудани маҳсулоти ширӣ дар шароити хона беҳамтоанд. Онҳо ба ҷавондухтарон нозукиҳои ҳунари худро меомӯзонанд. Парчиной Ашӯрова ва Маҳбуба Қурбонова, истиқоматкунандагони деҳаи Зағертути ҳамин ҷамоат, дар қуроқдӯзию чакандӯзӣ, шероздӯзӣ, тоқидӯзӣ ва зардӯзӣ  маъруфанд.  
Наргис Қурбонова, муовини раиси шаҳр, гуфт, ки эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҳунармандон рӯҳу илҳоми тоза бахшида, сафи ҳунармандон рӯз то рӯз зиёд мешавад. Ҳоло барои рушди соҳа шароити мусоид фароҳам омада, онҳоро ба сайқал додани ҳунар водор месозад.
Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2018    №: 80    Мутолиа карданд: 261

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед