logo

иҷтимоиёт

ИММУНИЗАТСИЯ ВА СОЛИМИИ АҲОЛӢ

Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика ва дар ҳамкорӣ бо Бюрои минтақаи аврупоии Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ дар кишварамон ҳафтаи иммунизатсия  идома дорад. Мақсад аз чорабинии мазкур баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ оид ба муҳимияти иммунизатсия мебошад.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 2016 дар ҷаҳон аз ҳар понздаҳ кӯдак як нафараш вояи якуми ваксинаи зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон, аз ҳар бисту як кӯдак як нафараш ҳамаи вояҳои тавсияшударо бар зидди бемориҳои гулӯзиндонак, кузоз ва баногӯшак нагирифтааст. Шояд нишондиҳандаҳои мазкур ба назари баъзеҳо ночиз тобанд, аммо як нафар бемор метавонад чандин шахси солимро гирифтори бемориҳои сироятӣ намояд. Махсусан бепарвоӣ ба масъалаи фарогирии кӯдакон ба иммунизатсия метавонад боиси хурӯҷи бемориҳои мазкур гардад.
Ваксинаҳо дар сатҳи фардӣ муҳофизатро аз бемориҳои хатарнок таъмин менамоянд. Агар мо тамоми шахсони ниёзмандро аз иммунизатсия гузаронем, дар ҷомеа ягон шахси таъсирпазир ба ин бемориҳо намемонад. Дар ин ҳолат паҳншавии бемориҳои сироятӣ миёни аҳолӣ коҳиш меёбад.
Дар ин самт яке аз вазифаҳои асосӣ бо кӯшишҳои якҷоя нигоҳ доштани саломатии гурӯҳи аз ҳама осебпазир – кӯдакону наврасон мебошад.   Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, иммунизатсия ягона воситаи самаранок ва муҳими пешгириву муҳофизати кӯдакон аз бемориҳои сирояткунанда, аз қабили сил, гулӯзиндонак, сурхча, гулафшон, кузоз, фалаҷ, гепатити В, сирояти ротавирусӣ, кабудсулфа ва сирояти гемофили шакли b мебошад.
Қобили зикр аст, ки чорабинии мазкур бори нахуст таҳти унвони ҳафтаи аврупоии иммунизатсия соли 2005 гузаронда шуда буд. Инак, чордаҳ сол мешавад, ки дар Аврупо дар доираи чорабинии мазкур корҳои зиёди профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронда мешаванд. Дар натиҷа имрӯзҳо дар минтақаи Аврупо сатҳи баланди фарогирии аҳолӣ, махсусан кӯдакон ба иммунизатсия нигоҳ дошта мешавад. Дар Аврупо, ҳамчунин нақшаи махсуси амал оид ба ваксинаҳо, алалхусус вобаста ба элиминатсияи бемориҳои сурхча ва гулафшон амал менамояд. 
Ҳамасола Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Бюрои минтақаи аврупоии Ташкилоти ҷаҳонии тандурустиро ҷиҳати гузарондани ҳафтаи иммунизатсия дастгирӣ намуда, дар доираи он чорабиниҳои зиёдеро баҳри тарғиби иммунизатсия амалӣ менамояд. Дар давоми ҳафта ташкил ва гузарондани чорабиниҳо доир ба баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии кормандони соҳаи тиб оид ба масъалаҳои иммунизатсия, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ бо истифода аз имконоти ВАО ва тақсим намудани дастурамалҳои соҳавӣ ба нақша гирифта шудаанд.
М. ТАБАРӢ,  «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.04.2018    №: 81    Мутолиа карданд: 351

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»

Прокурорҳои генералии СҲШ мубориза бо нашъафурӯшӣ ва қочоқро баррасӣ намуданд

Таъкиди сарвазири Гурҷистон аз зарурати беҳсозии муносибат бо Россия

Ҷаҳон дар як сатр

01.10.2019


Тоҷикистон 48 зиндониро ба Афғонистон интиқол дод

Намояндагони комиссияи Аврупо барои музокирот ба Беларус мераванд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед