logo

ҳуқуқ

НОБОЛИҒОН. НИГАРОНӢ АЗ АФЗОИШИ ҶИНОЯТКОРӢ

Мувофиқи таҳлили натиҷаи фаъолияти амалии мақомоти таҳқиқу тафтишот, бештари ноболиғоне, ки ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳоро содир менамоянд, аз назорати падару модарон берун монда, бештари вақти худро дар марказҳои бозиҳои компютерӣ ё хизматрасонии интернетӣ ғайримақсаднок мегузаронанд, ки ба раванди таълим, тарбия ва рӯҳияи ахлоқии онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Ин нуктаро Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» иброз дошт. Он дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 15 феврали соли 2017 дар вохӯрӣ бо масъулону фаъолони шаҳри Душанбе баён доштанд,таҳия гардидааст. Лоиҳа ба мақсади пешгирии ҳолатҳои воридшавии ғайримақсадноки ноболиғон ба марказҳои бозиҳои компютерӣ ё хизматрасонии интернетӣ таҳия шудааст. Тибқи лоиҳа дар сархати нуҳуми моддаи 8 - и қонуни амалкунанда калимаҳои «20 - солаашонро» ба калимаҳои «18 - солаашонро» иваз карда мешавад. Зеро мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ноболиғ шахси ба синни 18 норасида эътироф меёбад. Инчунин, ба моддаи мазкур ба мазмуни зерин «аз соати 18 то соати 6 ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ ё хизматрасонии интернетӣ рафтани фарзандони ноболиғи худро иҷозат надиҳанд» илова гардид, ки ин ҳам барои аз ҷониби волидон зери назорати хеш гирифтани фарзандони ноболиғ равона шудааст.
- Аз таъсири бозиҳои компютерӣ ва тамошои бозиҳо вобаста ба филмҳои хусусияти зӯроваридошта дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷангҳои гурӯҳӣ байни муассисаҳои таълимӣ нисбат ба ду соли қаблӣ зиёд шуда, дар 3 моҳи соли ҷорӣ ҷинояткорӣ дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 40 дарсад афзоиш ёфтааст, - гуфт Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.04.2018    №: 81    Мутолиа карданд: 831
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед