logo

иҷтимоиёт

ИСТАРАВШАН. МО БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободонӣ вусъати тоза гирифтаанд. Ин раванд дар дили ҳар як сокини кишвар умед ба фардои некро бедор намуда, водор месозад, ки дар ободонии шаҳру деҳоти худ саҳми арзанда гузоранд.
Зикр намудан ҷоиз аст, ки роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 40 – и ба номи Неъмат Аминови деҳаи Пошкенти шаҳри Истаравшан таҳти шиори «Мо бо Пешвои миллат!» амал намуда, дар баробари пешбурди  фаъолият дар самти таълиму тарбия ҳамкориро бо мардони саховатманду соҳибкорон ба таври васеъ ба роҳ монда, барои ободу зебо гардондани боргоҳи маърифаташон доимо саъю талош доранд.
Ин иқдом собиқ хатмкунандагони муассисаи мазкурро, ки дар шаҳри Находкаи Русия кору фаъолият доранд, бетараф нагузошт. Онҳо хостанд барои ободу зебо гардондани мактаби худ ҳисса гузоранд. Аз ин рӯ, 76000 сомонӣ ҷамъ оварда, барои сохтани ду синфхона бо толораш ва мустаҳкам намудани атрофи варзишгоҳи мактаб ҳадия намуданд. Барои сохтани синфхонаҳои иловагӣ ва корҳои ободонӣ дар варзишгоҳ омӯзгорон ва мардуми деҳа низ саҳм гузошта, баҳри бо сифати хуб анҷом ёфтани корҳо камари ҳиммат бастанд.
Ҳоло синфхонаҳои иловагӣ бо толор болопӯш шуда, корҳои боқимонда дар дохили биноҳо давом доранд. Атрофи майдони варзишӣ мустаҳкам ва дар он як дарвозаи зебо шинонда шуд.
Дар сохтмон Холбой Сафаров, Камол Сафаров, Нуъмон Рӯзиев, Нарзулло Ҷалолов, Рауф Ҷӯраев, Азим Орипов, Манот Муъминов, Фаррух Сатторов бештар саҳм гирифта истодаанд. Инчунин, аз ҳисоби ҳамин маблағ барои ду синфхонаи иловагӣ 60 миз ва 120 курсӣ харида шуд.
М. ҶУМЪАЕВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2018    №: 83    Мутолиа карданд: 200

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед