logo

фарҳанг

РАВОБИТИ ФАРҲАНГӢ ТОҶИКОНУ ӮЗБЕКОНРО БОЗ ҲАМ НАЗДИКТАР МЕСОЗАД

Таҷриба собит месозад, ки таҳкими муносибатҳои дӯстонаву фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дорои афзалияти муҳим аст. Зеро арзишҳои муштараки фарҳангӣ миёни ин ду халқи бародар реша ба гузаштаи дури таърих дорад.

Таҳлилу омӯзиши муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамсоя дар замони имрӯза нишон медиҳад, ки дар баробари дигар бахшҳо барои боз ҳам мустаҳкам кардани муносибатҳои фарҳангӣ қадамҳои устувор гузошта шудаанд. Ҳарчанд, дар гузашта ба далелҳои гуногун афроду гурӯҳҳои муайян кӯшиши ба ин робитаҳо халал ворид намудан мекарданд, вале ҳусни тафоҳуми дар сатҳи муносибатҳои васеи иҷтимоӣ мавҷудбуда ин мавзеъгириҳоро намепазируфт. Зеро муносиботи неку ҳасанаи Тоҷикистону Ӯзбекситон ба заминаи муштаракоти камсобиқае такя мекунанд, ки ба эътирофи сарони ҳар ду давлат дар ягон қавму миллати дигар дида намешаванд.
Ҳарчанд дар давоми чаҳоряк аср муносибатҳо қобили тавсиф набуда, вале ҳамин гуна аслҳои таърихӣ нагузоштанд, ки рафтуомади мардум қатъ шавад ва робитаҳо ба тамом аз миён бираванд. Хушбахтона, имрӯзҳо пайки нек дар мавриди ба тадриҷ роҳи ҳалли худро ёфтани ин мушкилиҳо ба назар мерасад ва инро мардумони ҳар ду мамлакат бо фараҳмандӣ истиқбол карданд. Гуфтан мумкин аст, ки раванди ҳодисаҳои ҷамъиятии ин ду мамлакат дар сатҳи ғайрирасмӣ ҳам рӯ ба густариш ниҳодааст. Ҳоло ҳамкориҳои дуҷонибаи фарҳангӣ бар пояи меъёрҳои байналмилалӣ ва бо назардошти манфиатҳои тарафайн ба роҳ монда шудааст. Масалан, ташрифи як ҳайати 30 нафараи намояндагони доираҳои тиҷоратию истеҳсолии вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ба вилояти Суғд исботи ҳамин андешаҳост. Ҳайати номбурда давоми ду рӯз аз коргоҳҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангию истироҳатии вилоят дидан  карда, барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо андешаҳои судманд баён доштанд. Чунин сафари фарҳангиро аз ин пештар ба шаҳри Тошканд намояндагони санъату ҳунари Тоҷикистон анҷом дода буданд, ки дилҳоро боз ҳам наздиктар намуд. Аз ин рӯ, ин падидаҳоро метавонем, ҳамчун фоли нек барои барқарории муносибатҳои деринаю дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон қабул намоем.
Умеди комил дорем, ки минбаъд ба тадриҷ ин робитаю муносибатҳо боз ҳам устувортар мегарданд ва рафтуомади шаҳрвандон, гардиши молу коло, ҳамкориҳои фарҳангию илмӣ ба авҷи дилхоҳ мерасанд.  
Юсуф ТУРСУНОВ,
донишҷӯи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2018    №: 85    Мутолиа карданд: 250

22.10.2018


МАҲСУЛОТИ БЕҲТАРИН - муаррифии кишвар дар ҷаҳон

Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани тоҷикистониён кам шуд

Россия ва Ӯзбекистон ба маблағи $27 миллиард созишнома имзо карданд

Беш аз 2100 нафар қурбони заминларза дар Индонезия гашт

Конфронси Мюнхен оид ба амният бори нахуст дар Минск доир мегардад

Масири нави ҳавоӣ ҳафт шаҳри Туркияро бо Қирғизистон мепайвандад

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Тоҷикистон онро бо пирӯзӣ оғоз кард

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед