logo

маориф

ҲОЛИ МАОРИФ ДАР ВМКБ НИГАРОНКУНАНДА АСТ

Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои таълимӣ, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе доир гардид, 24 нафар хонандаи шаҳру ноҳияҳои ВМКБ иштирок карданд. Мутаассифона, хонандагони  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дар ин чорабинӣ ягон  ҷойи ифтихориро ба даст наоварданд.
Ин нуктаро Шодихон Ҷамшед, раиси вилоят  дар ҷаласае, ки бо иштироки роҳбарони идораву муассисаҳои вилоятӣ ва шаҳри  Хоруғ баргузор шуд, баён дошт.
Аз он изҳори нигаронӣ карда  шуд, ки кор бо хонандагони болаёқат дар вилоят ба ҳоли худ гузошта шуда, чанд соли охир дар ин самт ягон пешравӣ ба назар намерасад.  Раиси вилоят барои ислоҳи  камбудиҳо моҳи феврали соли ҷорӣ супоришҳои мушаххас дода буд. Вале то ба ҳол дар ин самт ягон амали раёсати маориф ва шуъбаҳои он ба мушоҳида намерасад. Бо хонандагони болаёқати муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумӣ корҳои иловагӣ бурда  намешаванд. Онҳо дар доираи барномаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ маҳдуд монда, барои рушди истеъдодашон омӯзгорони  ботаҷриба ҷалб нашудаанд. Ҳол он ки ба ин мақсад дар буҷети  соҳаи маориф маблағҳои махсус дар назар дошта шудаанд. Марказҳои рушди истеъдодҳо ва муассисаҳои таҳсилоти иловагии  вилоят бо муассисаҳои таҳсилоти умумӣ робитаи мустақим надоранд.
Натиҷаҳои бадастовардаи иштирокдорони даври вилоятии олимпиада бозгӯи он аст, ки ба он на хонандагони болаёқат, балки бо ҳар роҳу  восита иштирокчиёни тасодуфӣ роҳхат ба  даст меоранд. Бинобар ин, роҳбарияти раёсати маорифи вилоят супориш  гирифт, ки ҷиҳати ҷалби мутахассисони ботаҷриба бо ректори  Донишгоҳи давлатии Хоруғ, сарварони донишкадаҳои мустақар дар  вилоят шартномаи тарафайн ба имзо расонанд ва корро дар ин самт  ҷоннок намоянд.
Раиси вилоят дигар самтҳои хоҷагии вилоятро мавриди таҳлил  қарор дода, аз ҷумла ҷиҳати афзоиши қарздории андоз дар семоҳа  нисбат ба аввали соли 2018, ба мақомоти андози вилоят эрод гирифт. Боиси нигаронист, ки дар вилоят аз 41 корхонаи истеҳсолӣ дар  семоҳаи аввали соли ҷорӣ 18-тоашон тамоман фаъолият накарданд. Зикр гардид, ки  корхонаҳои дӯзандагии “Ахтари меҳр”- и ноҳияи Дарвоз ва “Ҳаёти  нав”- и шаҳри Хоруғ гӯё бо сабаби пайдо нагардидани харидор барои  маҳсулоташон ва набудани бино барои фаъолият аз кор мондаанд. Ин  дар ҳолест, ки барои хонандагони муассисаҳои   таҳсилоти миёнаи умумӣ либоси мактабӣ лозим аст ва онҳо либоси ягонаро бо нархи  гарон аз дигар минтақаҳои кишвару берун аз он дастрас мекунанд. Шодихон Ҷамшед дастур дод, ки ҷараёни сохтмони 27 коргоҳу  корхонаи истеҳсолие, ки соли равон бояд сохта, ба истифода дода шаванд, таҳти назорати қатъии масъулин қарор гирад.
Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2018    №: 85    Мутолиа карданд: 153

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Армуғон аз Италия

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон маркази музофоти Фараҳро аз «Толибон» озод карданд

Дар Қоҳира кишварҳои араб масъалаи Байтулмуқаддасро баррасӣ мекунанд

Дар Қазоқистон иттиҳодияҳои динӣ ҳисоботи молиявӣ хоҳанд дод

Қирғизистон: ҳаҷми воридот аз содирот 3,2 маротиба бештар аст

16.05.2018


Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Хатлон

В. Путин: «Силоҳи нави мо даҳсолаҳо тавозуни стратегиро дар ҷаҳон таъмин месозад»

Пхенян таҳдиди дасткашӣ аз ҳамоиши ИМА – Кореяи Шимолӣ кард

«Иқтисоди сабз» метавонад 24 миллион ҷойи нави кор фароҳам орад

Дарёфти 7 медал дар Чемпионати Осиё

Касби мақоми дувуми Разавӣ дар Чемпионати Осиё

Баргузории «Дави миллӣ»

15.05.2018


Оғози ҷаласаи дуюми Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда

Баргузории мизи мудаввар дар Суди Олии иқтисодӣ

«Оила ва нақши он дар рушди шахсияти инсон»

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Остона музокироти сулҳи Сурия оғоз ёфт

Мулоқоти Путин ва Жээнбеков дар Сочи

Назарбоев байни баҳрҳои Сиёҳ ва Хазар сохтани канали киштигардро мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед