logo

иҷтимоиёт

ҚАРСИБОЙ СПАТАЕВ: "Ё БО ҒАЛАБА БАРМЕГАРДАМ, Ё ҲАМЧУН ҚАҲРАМОН МЕМИРАМ"

«Қарсибой ихтиёран ба сафи Армияи Сурх рафт. Вай аз комиссариати ҳарбӣ даъватнома нагирифта буд. Мардуми авул ба ӯ мегуфтанд: «Марав Қарсибой, дар колхоз кор кардан гир».
Қарсибой гуфт:
«Дар хона (дашт) будан наметавон. Ман бояд сурхаскар (қизиласкар) шавам. Ё бо ғалаба бармегардам, ё ҳамчун қаҳрамон мемирам»…
Иқтибос аз ёддошти ҳамдеҳаи қаҳрамон
Таукул   ЕСНАЗАРОВА

Ҳафтае қабл матлаби муҳаққиқи тоҷик Ғафур Шерматов ба дастам афтод, ки аз рӯзгори қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ аз Тоҷикистон қисса мекунад. Бо завқ хондам, ҳама чеҳраҳои шинос, вале аз рӯйхати пешниҳодкардаи муаллиф якеро нашнохтам - Қарсибой Спатаев.
Ҳамин як маълумоти мухтасаре, ки муҳаққиқ дар матлаб овардааст, пештар ҷои дигар надидаву нахондаам, хеле аҷиб аст: «Қарсибой Спатаев (15.4.1918 – 26.11.1942), тирпуркунандаи миномёти батареяи 2-юми дивизиони алоҳидаи 13-уми савораи фронти Ҷанубӣ, аскари қаторӣ.
Дар Армияи Сурх аз моҳи марти соли  1942. Дар армияи амалкунанда аз моҳи ноябри соли 1942».
Саҳнаи қаҳрамонии Спатаеви диловар 26 ноябри соли 1942 дар маҳали аҳолинишини Шарнутовский ба вуқӯъ пайваст. Дар он рӯз ба батареяи онҳо аз се тараф 36 танк бо пиёдагардони бешумори немис, ки сарупо мусаллаҳ буданд, ҳуҷум карданд. Аз зарби тиру туфанг замину замон гӯё меларзид. Мубориза нобаробар буд. Бартарияти лашкари аду нисбат ба аскарони сурх бармало мушоҳида мешуд. Спатаев дар қатори ҳамсангарони худ ҷасурона муқобилият нишон медод, чашми тарс надоштанд, хуб медонистанд, ки пушти онҳо Ватан-Модар меистад. Муҳориба шиддат мегирифт, тиру туфанг ба танкҳои душман камтар асар мекард, талафоти аскарони сурх бошад, торафт бештар мешуд. Ниҳоят душман рахна зад ва хатари маҳви батарея пеш омад. Дар ҳамин лаҳза Қарсибой минае дар бағал  аз хандақ берун омад ва худро зери танк партофт. Фурсате нагузашта алангаи оташи танки душман ба осмон печид… Қарсибой бо қимати ҷони ҷавонаш пирӯзии ҳамсафони худро дар  ин муҳорибаи шадиду нобаробар таъмин намуд.
17 апрели соли 1943 бо Фармони Президиуми Шӯрои Олии СССР барои нишон додани қаҳрамонӣ ва шуҷоат ба Қарсибой Спатаев (пас аз марг) унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд...
Воқеан, шояд кам нафароне огоҳ бошанд, ки дивизияи 61-уми савора, ки қаҳрамони мо Қарсибой Спатаев дар ҳайати он ҷангидааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) ташкил шудааст. Соли 1942 таъсисёбии дивизияи 61-уми савора ҳамоно ҷараён дошт: полки 219-уми савора дар Сталинобод, полки 213-уми савора дар Кӯлоб ва полки 222-юми савора дар Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар).
Моҳи августи соли 1942 дар наздикии шаҳри Сталинобод (ноҳияи Ҳисор)  машқҳои савора доир гашт, ки дар он котиби якуми ВКП (б) Тоҷикистон Дмитрий Протопопов ва дигар роҳбарони сатҳи аввали ҷумҳурӣ ширкат варзида буданд. Машқҳо таҳти роҳбарии фармондеҳи корпуси 4-уми савора генерал-лейтенант Т. Шапкин гузашт.
Миёнаи моҳи сентябри соли 1942 ниҳоят дивизия фармони ҳаракат дар ҷабҳаро гирифт. Оғози боркунӣ ба эшалонҳо 21 сентябри соли 1942 сурат гирифт ва онҳо беш аз 20 рӯз, бо душвориҳои зиёд, ба хати фронт расиданд... Таърих гувоҳ аст, ки корнамоиҳои ҳайати дивизияи мазкур дар саҳифаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои ҷовидонӣ сабт шудааст. 
Муҳаққиқи хушкор Ғафур Шерматов низ ба ҳамин хотир Қарсибой Спатаевро, ки узви амалкунандаи дивизияи 61-уми савора, қаҳрамоне аз Тоҷикистон шумурдааст. Бигузор чунин бошад. Зеро аз дивизияҳои саворае, ки аз Тоҷикистон ба ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафтаанд, сарбозони диловараш амсоли Боқир Давлатов, Александр Гордеев ва дигарон ба унвони баланди Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф гаштаанд.

НИЁИШ
Модари қаҳрамон Ҷекепар мегирист, ҳамсари ӯ Бибиосия низ мегирист. Ин на танҳо ашки ғаму андуҳ, балки ашки ифтихор ҳам буд. «Қарсибой, - мегуфт Ҷекепар, - васияти халқашро нашикаст. Бесабаб ман шоҳини даштиро напарвардаам. Фарзандони дигари ман – ғаму андуҳи модарро дар сурб рехта қасоси Қарсибойро мегиранд».
Умари ШЕРХОН,
Публитсист


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.05.2018    №: 90    Мутолиа карданд: 470

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт

Дар Қазоқистон хароҷоти соҳаи тандурустӣ то 5 дарсади ММД боло меравад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик

20.12.2019


Дурнамои густариши ҳамкориҳо матраҳ гардид

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимии нав

Мулоқоти Акрамшо Фелалиев бо Эмилио Певида Пупо

19.12.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед