logo

иқтисод

КИШОВАРЗӢ. РУШДИ СОҲА ДАР МАҲАЛҲО

Ғайнуддин Манонов, муовини раиси ноҳияи Рашт, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома изҳор дошт, ки дар кишварҳои аъзои ИДМ шуҳрат пайдо кардани себу ноки болаззати минтақаи Рашт боиси ҳавасмандии бештар ба соҳаи боғу токпарварӣ гардидааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ноҳия аз соли 2015 то кунун майдони боғот 1108 гектар зиёд гардид. Ҳоло дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 4649 гектар боғи себу нок, аз ҷумла 12 гектар боғи интенсивӣ мавҷуд мебошад. Соли гузашта боғпарварони ноҳия 16044 тонна себу нок ҷамъоварӣ намуда, аз он 12119 тоннаашро дар  минтақаҳои кишвар ва хориҷи он фурӯхтанд.
- Аксари боғҳои навбунёд ҳанӯз ба ҳосил надаромадаанд. Бо сипарӣ шудани як - ду сол ин боғҳо ҳосил мебанданд ва боғкорони мо  аз онҳо даромади калон мегиранд.- гуфт Ғ. Манонов.
Тайи солҳои охир дар ноҳия соҳаи кишоварзӣ босуръат рушд меёбад. Майдони умумии заминҳои корам 4659 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 3369 гектараш обӣ мебошад. Дар ин масоҳат 2370 хоҷагӣ ба кишоварзӣ  машғуланд ва барои ба даст овардани ҳосили баланди зироат ҳамвора ҷидду ҷаҳд мекунанд.
Соли 2017 барои ноҳия соли рушди кишоварзӣ ва фаровонии ҳосил маҳсуб мешавад. Хоҷагиҳои кишоварзӣ дар майдони 2077 гектар ғалладона, 1002 гектар картошка, 180 гектар сабзавот, 180 гектар зироатҳои равғандор, 118 гектар хӯроки чорво кишт намуда, 4802 тонна ғалладона, 22242 тонна картошка, 3417 тонна сабзавот, 332 тонна зироатҳои равғандор ва 36995 тонна хӯроки чорво ҷамъоварӣ карданд. Ҳосилнокии ҳар гектар ғалладона ба 23, картошка ба 222, сабзавот ба 195 ва зироатҳои равғандор ба 13,5 - сентнерӣ расонда шуд.
Дар баробари рустанипарварӣ соҳаи чорводорӣ низ рушд меёбад. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калон ба 70792, моли майда ба 156478 ва асп ба 1452 сар расидааст. 3702 тонна гӯшт, 17258 тонна шир, 64 тонна пашм ва 9510,4 ҳазор дона тухм истеҳсол гардид.
Занбӯриасалпарварӣ дар ноҳия соҳаи сердаромад ба шумор меравад. Боду ҳавои ноҳия барои рушди он мувофиқ аст. Тайи солҳои охир заҳматкашони ноҳия ба ин соҳа бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.  Шумораи оилаҳои занбӯри асал ба 21575 расида, соли гузашта 518,4 тонна асал истеҳсол шуд. Дар назар аст, ки имсол шумораи оилаҳои занбӯри асал ба 22 ҳазор расонда шавад.
Кишоварзони ноҳия имсол ба нақша гирифтаанд, ки дар майдони 904 гектар ғалладона, 1200 гектар картошка, 300 гектар сабзавот, 650 гектар зироатҳои равғандор кишт намоянд. То ҳол дар майдони 664 гектар кишти тирамоҳӣ,1500 гектар шудгори тирамоҳӣ, 101 гектар кишти баҳории ғалладона, 10 гектар кишти картошка ба анҷом расида, дар 72 гектар боғи нав бунёд ёфт ва 161 гектар боғи куҳна барқарор карда шуд.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2018    №: 92    Мутолиа карданд: 229

13.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Ясмин Гуедар

Баррасии Барномаи дастгирии рушди неруи инсонӣ

Баргузории конфронси «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо»

Пирӯзии теннисбози тоҷик дар ИМА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар СҲШ зарурати тақвияти мубориза алайҳи терроризмро таъкид карданд

Трамп: «Путин рақиби ман аст, лек метавонад дӯст гардад»

Русия сазовори ҷоми макроиқтисодии ҷаҳон шуд

Бонки ҷаҳонӣ: «Бесаводии духтарҳо $30 триллион зарар меорад»

12.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Чари Атаев

Боздиди Прокурори генералӣ аз Бадахшон

Форуми ҷумҳуриявӣ дар Хоруғ ҷавононро ба ҳам меорад

Озмун бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ДАНҒАРА. Ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Чин аз хавфи тӯфони «Мария» қариб 400 ҳазор нафар кӯчонда шуд

Созмони ҳамкории исломӣ ба музокироти сулҳ дар Афғонистон даъват мекунад

Чин бори нахуст ба раддаи 20 инноватсионитарин кишвар роҳ ёфт

Қазоқистон истеҳсоли гӯшти мурғро чор маротиба зиёд карданист

11.07.2018


Иштироки Музаффар Ҳусейнзода дар Муколамаи сатҳи баланд

Гулистон. Мактаби санъат сохта мешавад

Шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона таҷдиду азнавсозӣ шуд

Аввалин толори намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардид

БОХТАР. Озмуни "Намоиши ҳунарҳои мардумӣ"

Тайёрӣ ба Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Помпео мавзӯъҳои асосии музокироти Путин ва Трампро ном гирифт

Дар ҳамоиши НАТО маблағгузории неруҳои амнияти Афғонистонро ҷонибдорӣ мекунанд

Аҳолии Замин дар як сол 83 миллион нафар афзуд

Қазоқистон истихроҷи нафтро зиёд мекунад

10.07.2018


Ҷаласа таҳти раёсати Сарвазири мамлакат

Баррасии пешгирии амалҳои коррупсионӣ

Дар арафаи Ҷашни 27 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аввалин эстакада ба истифода дода мешавад

Пирӯзии навбатии Дилшод


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед