logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ДАР САДРИ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ

(Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд)
Дар оғози ҳазорсолаи нав ҳудуди фаъолияти террористону ифротгароён васеъ гардида, терроризм ва ифротгароӣ характери байналмилалӣ гирифт ва ба вабои аср табдил ёфт. Дар пайи анҷом додани амалҳои тахрибкоронаи террористон, ҳазорҳо нафар ҳалок гардидаву миллионҳои дигар гуреза шудаанд, ки нигаронии амиқи ҷомеаи ҷаҳонро ба бор овардааст. Аз ин рӯ, терроризм ва ифротгароӣ барои тамоми инсоният зуҳуроти даҳшатбор гардида, барои амнияти ҷомеаи ҷаҳон таҳдиди бевосита дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти мубориза бо ин зуҳуроти нангин тадбирҳои судманд андешида, дар муқовимат бо терроризм тамоми кишварҳои оламро ба ҳамоҳангиву ҳамдастӣ даъват менамояд.
Аз ҷумла, 3 - 4 майи соли равон дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Соз-мони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” баргузор гардид, ки дар кори он зиёда аз 400 нафар намояндагон аз 48 давлати дунё ва 31 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок намуданд.
Мақсади бевоситаи конфронс таъмини муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунат-омез, амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир буд. Дар ҳамоиш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, зикр карданд, ки “вокуниш ба таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм ва ифротгароӣ бояд бо нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои дахлдори он фарогир ва амиқ гардонда шавад. Стратегияи глобалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза алайҳи терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррорис-тии он, қатъномаҳои Шӯрои Амният ва Маҷмаи умумӣ бояд асоси муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароиро ташкил намоянд.”
Воқеан, дар шароити мураккабу зудтағйирёбандаи ҷаҳон дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, дигар намуди ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ бояд тамоми мамлакатҳои дунё новобаста ба дараҷаи рушд ва созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ ҳамкор бошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ ҷиҳати муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ ҳанӯз 16 ноябри соли1999 ва 8 декабри соли 2003 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» - ро қабул намуд, ки онҳо асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлубро муайян мекунанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкил ва гузарондани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд аз омодагии худ ҷиҳати ҳамкориҳои судманд бо тамоми кишварҳо, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ бори дигар паёми мушаххас дод. Тавре натиҷаҳои конфронс нишон медиҳанд, ҳамаи тарафҳои иштирокдор ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои дар он пешбинишуда мувофиқат ҳосил намуда, ин нишасти муҳимро барои иттиҳоду ҳамбастагӣ дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ муфид арзёбӣ намуданд.
Азизмуҳаммад  ХОЛМУҲАММАДЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2018    №: 92    Мутолиа карданд: 675

28.01.2020


Иқтидори энергетикии кишвар рӯ ба афзоиш дорад

Азнавбақайдгирӣ. Ҷараёни иҷро нигаронкунанда боқӣ мемонад

Тоҷикистону Эрон. Ҳамкориҳои гумрукӣ таҳким меёбанд

Ноҳияи Рӯдакӣ. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

СММ ИМА ва Россияро ба тамдиди созишномаи ССҲ-3 даъват намуд

Аксарияти нафароне, ки мубталои коронавирус шуданд, аз 60 - сола боло мебошанд

Дар Қазоқистон бо офияти занҳое машғул мешаванд, ки аз Сурия баргаштанд

Ҳамлаи малах ба Африқои Ҷанубӣ боиси нигаронии сахти СММ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

27.01.2020


«ҶОМИ РУШД - 2020». Наврасони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра гаштанд

Заминларзаи сахт дар Туркия ва ҳалокати 38 нафар

Зеленский аҳамияти музокироти бевосита бо Путинро таъкид дошт

Гуфтушуниди Лукашенко дар бораи хариди нафт бо ИМА, АМА ва Арабистони Саудӣ

Дар ИМА музокироти тиҷоратӣ бо Британияро дар як сол анҷом доданианд

Ҷаҳон дар як сатр

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед