logo

иҷтимоиёт

ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ

Иқдоми нав дар роҳи ҳифзи сиҳатии мардум
Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар пас аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (22 декабри соли 2017) дар заминаи собиқ хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва назорати давлатии санитарӣ - эпидемиологӣ таъсис ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти мазкур, дар як муддати кӯтоҳ низомномаи он, бастҳои корӣ ва корҳои ташкилӣ ба анҷом расонда, ҳамзамон, аттестатсияи кормандон низ гузаронда шуд. Моҳи январи соли ҷорӣ тамоми хизматчиёни давлатии се хадамоти собиқ тибқи тартиби муқарраргардида аз аттестатсияи давлатӣ гузашта, нафарони муносиб ва мутахассисони пуртаҷриба барои кор дар хадамот ҷалб шудаанд. Айни замон ба вазифаҳои мансабӣ мутахассисони соҳаҳои худ ба фаъолият пардохтаанд. Ҳоло аттестатсияи кормандони дигар (ғайри хизматчии давлатӣ) идома дорад. Корҳои ташкилӣ ва такмилдиҳии ниҳод бо ҳисси масъулияти баланд ба анҷом расонда мешаванд. Гарчанде корҳои азнавташкилдиҳӣ доранд, ягон лаҳза фаъолияти хадамот қатъ нагардидааст, баръакс кулли кормандону хизматчиён корро дучанд намуда, дар семоҳаи аввали соли 2018 ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд.
Таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои маҳбуби миллат сабаб шуд, ки соҳаи тандурустии кишвар нисбат ба дигар соҳаҳои иҷтимоӣ ба рушди бештар ноил гардад.

Назорати маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ
Пас аз таъсиси сохтори нав кормандону мутахассисони хадамот дар муддати се моҳи аввали соли равон дар соҳаи назорати фаъолияти фармасевтӣ, сертификаткунонӣ, стандартонӣ, бақайдгирӣ ва ташхиси маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишӣ - гигиенӣ, ғизои кӯдакон ва ғайра як қатор корҳоро ба анҷом расонданд.
Ба маблағи 143 миллион сомонӣ (баробар ба 16 миллион доллари ИМА) маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ворид карда шуд. Содироти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ бошад, ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ (баробар ба 167 ҳазор доллари ИМА) анҷом дода шуд.
Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи умумии 143 миллион сомонӣ бо рухсатномаҳои якдафъагӣ таъмин карда шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ ба хадамот аризаҳо ва ҳуҷҷатҳои лозима барои аз қайди давлатӣ гузаштани маводи доруворӣ, тиббӣ, иловаҳои ғизоӣ ва косметикӣ пешниҳод шудаанд, ки 192 - номгӯйи онҳо баъди омӯзиш ва таҳлил соҳиби шаҳодатномаи сабти давлатӣ гардиданд.
То имрӯз дар ҳудуди кишвар 2345 муассисаи фармасевтӣ фаъолият мекунад, ки беш аз 500 - тои онҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе қарор дорад. Ҳамчунин, 316 муассисаи фармасевтӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 685 муассиса дар вилояти Хатлон, 783 муассиса дар вилояти Суғд ва 61 муассиса дар ВМКБ фаъолият мекунанд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва намояндагиҳои он дар вилоятҳо 120 муассисаи фармасевтӣ, 69 муассисаи табобатию профилактикӣ ва 32 нуқтаи савдои маводи ороишию гигиенӣ мавриди санҷиш қарор гирифта, 489 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 220396 адад, аз ҷумла беш аз 100 ҳазор маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар вақти воридот, аз муомилот гирифта шуданд.
Ҳангоми санҷишҳо аз нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ 79 номгӯй ба миқдори 28096 адад маводи доруӣ ва ороишию гигиенӣ боздошта шуд. Аксари он аз анборҳо пеш аз баровардан ба муомилот мусодира гардиданд. Ҳамчунин, аз ҷониби хадамот ва намояндагиҳои он 44311 килограмм доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлатгузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талабот ҷавобгӯ набуда бо роҳи сӯзондан несту нобуд карда шуданд.
Дар озмоишгоҳҳои хадамот 6728 маводи доруӣ аз санҷиш гузаронда шуд. Санҷишҳо маълум карданд, ки 110 намунаи онҳо, ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯй набуданд. Ғайр аз ин, 7960 адад маводи ороишӣ ва маҳсулоти табобатию профилактикӣ низ зери ташхис қарор гирифт, ки аз инҳо 58 намунааш ба меъёрҳои стандартӣ ҷавобгӯ набуданд. Аз ҷониби муассисаҳои фармасевтӣ ва муассисаҳои табобатию профилактикӣ 487 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббии муҳлати истифодабариашон гузашта, ба миқдори 76358 адад тавассути мактуб ба шуъбаи назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва раёсату намояндагиҳо барои несту нобуд кардан супурда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ нисбати масъулони муассисаҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ ва нуқтаҳои савдои ороишӣ-гигиенӣ 68 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз шуда, ба маблағи 186,5 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ ситонда шудааст. Баҳри бартараф намудани камбудиҳо ба ин муассисаҳо 40 амрнома ирсол гардид.

Дар самти назорати фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ
Тайи се моҳи аввали соли равон дар 49 муассисаи тандурустӣ санҷишҳо гузаронда шуд. Ҳангоми санҷишҳо нисбат ба 40 корманди соҳаи тандурустӣ муҷозоти маъмурӣ тариқи ҷаримабандӣ, 4 нафар барои номуносиб будан ба вазифаи ишғолнамуда, 10 корманд чораҳои интизомӣ, 7 корманди соҳаи тиб боздиди дараҷанокии тахассусӣ, 6 иштибоҳи тиббӣ ошкор шуда, фаъолияти 12 муассиса то бартараф намудани камбудиҳо муваққатан боздошта шудааст.
Дар муассисаҳои тандурустӣ дар ин муддат 9 ҳодисаи фавти модарӣ ба қайд гирифта шуд, ки 7 ҳодисаи он мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Баррасии 2 ҳодисаи боқимонда айни замон дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Қобили зикр аст, ки ҳангоми баррасии муроҷиати шаҳрвандон дар ҳолати тасдиқ гардидани ваҷҳу далелҳои овардашуда, ошкор гардидани камбудиву норасоиҳо ва қонунвайронкуниҳо нисбати сабабгорони онҳо чораҳои мушаххас андешида шудаанд. Дар ин давра 44 нафар вобаста ба ташхис ва табобати нодуруст, таъйин ва боздид намудани нафақа, муносибати дағалонаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва кумак барои табобат муроҷиат намудаанд.
Айни замон дар 681 муассисаи хусусии тиббӣ 3933 нафар табиб, корманди миёнаи тиб ва ёрирасон фаъолият мекунад. Ҳамчунин, дар ин муассисаҳо 25 мутахассисони бурунмарзӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон 5, Ҷумҳурии Мардумии Чин 9, Ҳиндустон 4, ИМА 3, Дания 1, Норвегия 1 ва  Русия 2 нафар ба фаъолияти гуногуни тиббӣ машғуланд. Ҳуҷҷатҳои 1520 мутахассиси тиббӣ ба комиссияи марказии аттестатсионӣ барои гирифтани сертификат пешниҳод гардид ва ҳоло онҳо дорои сертификати мутахассис шуданд.
Дар ин давра дар самти назорати давлатии ҳифзи иҷтимоӣ 17 санҷиш гузаронда шуда, бо дахолати хадамот 32100 сомонӣ ҷубронпулӣ ба      ниёзмандон пардохт карда шуд. Инчунин, маблағи аз нархномаи тасдиқшудаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, № 600 кам гирифташуда, 1366 сомонӣ барқарор гардид. Нисбат ба шахсони масъул дар 12 ҳолат муҷозоти маъмурӣ татбиқ шуд.

Дар самти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ
Омӯзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ҷумҳурӣ дар ин давра нишон медиҳад, ки сироятҳои хавфнок ба монанди вабо, таби хунин ва тоун ба қайд гирифта нашудаанд. Инчунин, исҳоли хунин 3 ҳодиса, зардпарвини вирусии намуди «А» 160, зардпарвини вирусии намуди «С» 1, буғумдард 2, сурхча 89, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас 700, зуком 138 ва сил 71 ҳодиса нисбат ба се моҳи аввали соли гузашта кам ба қайд гирифта шудаанд. Дар баробари ин, бемориҳои домана 1, зардпарвини вирусии намуди «В» 37, ҷамъи бемориҳои шадиди рӯда 228, илтиҳоби шуш 476 ва осеббинӣ аз газидани ҳайвонҳо 412 ҳодиса нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ зиёд ба қайд гирифта шудаанд.
Тибқи нақшаи кории сарраёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва марказҳои назоратии шаҳру ноҳияҳо, баҳри амалӣ гардидани Қатъномаи МУ СММ дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар ин муддат аз ҷониби мутахассисони соҳа дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои таъминоти оби нӯшокӣ 42 санҷиши санитарию эпидемиологӣ бо истифодаи корҳои лабораторӣ гузаронда шудааст. 56 намуна аз 424 намунаи оби нӯшокие, ки ҷиҳати нишондодҳои физикию кимиёвӣ ва таҳлилҳои лабораторӣ қарор гирифта буд, ба талабот ҷавобгӯ набуданд. Ҷиҳати нишондодҳои бактериологӣ бошад, 310 намунаи оби нӯшокӣ таҳлил гардида, 42 намунаи он низ барои истифодабарӣ номумкин дониста шуд. Баҳри бехатарӣ ва сифати оби нӯшокӣ аз тарафи муассисаҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳбарони корхонаҳои обу канализатсия пешниҳодоти санитарӣ ирсол гардид.
Дар иншооти зериназоратӣ оид ба риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ 5462 санҷиш гузаронда, нисбат ба 1707 нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Дар натиҷа қонуншиканҳо зиёда аз 230 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд. Инчунин, фаъолияти 668 иншоот бо сабаби ҷавобгӯй набудан ба талаботи санитарию гигиенӣ муваққатан боздошта шуд.
Дар рафти санҷишҳо аз дукону мағозаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, бозорҳо ва нуқтаҳои савдои шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби мутахассисон тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» 524 килограмм гӯшти гов, 131475 кило  гӯшти мурғ, 48 ҳазор кило моҳӣ, 1693 кило маҳсулоти қаннодӣ ва дигар маҳсулот бо сабабҳои муҳлати истеъмолашон гузашта, бе нишондодҳои реквизитӣ, аз нигоҳи санитарию гигиенӣ шубҳанок будан ва дигар омилҳо аз муомилот гирифта шуданд.
Дар соҳаи тандурустии кишвар ҳазорон муассиса фаъолият намуда, онҳо таҳти назари Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор доранд.
Камолиддин Талбаков, сардори шуъбаи назорати давлатии фармасевтии хадамот, гуфт, ки барои кор ва фаъолияти кормандон аз тарафи Ҳукумати кишвар тамоми шароитҳо муҳайё карда шудаанд. Ҳамчунин, фаъолияти Султон Бекмуродзода, сардори хадамот, ки дастпарвари худи хадамот асту тамоми нозукиҳои касбро хуб медонад, барои кормандон намунаи ибрат аст. Натиҷаи ин заҳматҳост, ки соли гузашта танҳо аз ҳисоби ҷаримаҳои маъмурӣ ба буҷет беш аз 1,2 миллион сомонӣ ворид шуд.
- Алҳол барои соҳибкорон аз тарафи Ҳукумати кишвар ва махсусан Пешвои миллат имтиёзу сабукиҳо дода шуда бошанд ҳам, вале  шахсоне ёфт мешаванд, ки баҳри нафси беохири худ мехоҳанд аз ин озодию тинҷии кишвар суистифода намуда, молҳо ва доруворҳои худсохту бесифатро ба ҷумҳурӣ ворид созанд. Онҳо бояд донанд, ки тамоми нуқтаҳои тиҷоратию дорухонаҳо таҳти назари ҷиддии кормандони хадамот қарор дошта, намегузоранд, ки молҳои пастсифату худсохт ба бозори истеъмолӣ ва табобатии кишвар ворид гарданд, - изҳор дошт К. Талбаков.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.05.2018    №: 93-94    Мутолиа карданд: 376

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед