logo

сиёсат

ИЗҲОРОТИ МАТБУОТИИ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯи натиҷаҳои музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, шаҳри Душанбе, 15 майи соли 2018

Муҳтарам Александр Григорйевич!
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!
Барои Тоҷикистон Беларус шарики муҳим дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ буд ва хоҳад монд. Қобили зикр аст, ки имрӯз муносибатҳои ду кишвар бар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобила ва бо назардошти манфиатҳои тарафайн бо суръат рушд мекунанд.
Дар мулоқоти имрӯза мо бо Александр Григорйевич муколамаи мутақобилан судмандамонро вобаста ба беҳбуд бахшидани муносибатҳоямон дар тамоми маҷмӯи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус идома додем.
Дар ин замина, мо рушди муносиби устувори ҳамгироии кишварҳоямонро дар ченаки сиёсӣ таъкид карда, таҳкими минбаъдаи онро ҷонибдорӣ намудем.
Муҳимияти рушди робитаҳои байнипарлумонӣ таъкид шуд.
Аз рӯи натиҷаҳои музокирот як силсила санадҳои муҳим оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расиданд. Бастаи ҳуҷҷатҳои имрӯз қабулшуда заминаи ҳуқуқии ҳамкории моро мукаммал сохта, соҳаҳои иқтисод, маориф, илм ва робитаҳои байниминтақавиро фаро мегирад.
«Харитаи роҳ» оид ба татбиқи Барномаи байнидавлатии ҳамкории иқтисодӣ барои ду соли оянда яке аз санадҳои муҳими ин баста мебошад.
Тайи солҳои охир дар муносибатҳои Тоҷикистону Беларус таҷрибаи мусбати густариши робитаҳои байниминтақавӣ ҳамчун шакли самараноки таҳкими муносибатҳои мутақобила ба вуҷуд омадааст. Дар ин самт мо боз як иқдоми дигар кардем: Нақшаи дусолаи чорабиниҳо оид ба рушди ҳамкорӣ миёни ҳокимияти пойтахтҳоямон ба имзо расид.
Ҷонибҳо минбаъд низ идома додани корро дар самти мукаммалсозии заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Беларус мувофиқи мақсад шумурданд.
Дар доираи сафари кунунии роҳбари Беларус ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодии рӯзномаи дуҷониба таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Дар ин замина, мо масъалаҳои муҳими густариши доираи васеи ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузориамонро баррасӣ намудем. Дар баробари ин, оид ба афзоиши ҳаҷм ва диверсификатсияи сохтори гардиши моли дуҷониба ибрози назар карда шуд. Тамоюли афзоиши он дар солҳои охир аз иқтидори бузурги кишварҳоямон барои густариши тиҷорати мутақобила дарак медиҳад.
Ба андешаи ҷонибҳо, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ бояд дар самти истифодаи фаъолонаи ин иқтидор нақши калидӣ дошта бошад.
Дар оғози моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссия баргузор гардид, ки дар рафти он пешниҳодҳои мушаххас оид ба таҳкими минбаъдаи қисмати иқтисодии муносибатҳои ду кишвар мувофиқа карда шуданд.
Мо ба мувофиқа расидем, ки фаъолияти сармоягузориро ҷиҳати ташкили корхонаҳои самараноки муштарак, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодиамон ҳамаҷониба ҳавасманд намуда, корро дар самти фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти сармоягузорони Тоҷикистону Беларус идома диҳем.
Рушди ҳамкории саноатӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ҷавобгӯи манфиатҳои ҷонибҳо буда, омили мукаммал сохтани муносибатҳои иқтисодии мо бо муҳтавои амалӣ мебошад. Намунаи возеҳи чунин ҳамкорӣ татбиқи лоиҳаи таъсиси корхонаи муштараки васлкунии техникаи кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор мебошад.
Фардо мо бо Александр Григорйевич навбати аввали ин маҷмаро, ки тирамоҳи соли равон пурра ба кор медарояд, оғоз мебахшем.
Имкониятҳои васеъ барои ҳамкории саноатӣ дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ширӣ, қоғаз, саноати нафту кимиё, инчунин, истеҳсоли трансформаторҳо ва техникаҳои светодиодӣ мавҷуданд. Дар ин замина, маҷмаи агросаноатӣ, соҳаи саноати мошинсозӣ, истеҳсоли доруворӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ аз ҷониби мо ҳамчун самтҳои дурнамодори ҳамкорӣ муайян карда шудаанд.
Мо доир ба зарурати ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои болозикр ва бо ин мақсад ҳавасманд гардондани ҳамгироӣ байни минтақаҳо ва доираҳои соҳибкории ду кишвар ҳамфикр будем.
Дар ин росто, Намоишгоҳ - фурӯши байналмилалии маҳсулоти саноатии Беларус ва Форуми тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистон, Беларус, Афғонистон ва Ӯзбекистон, ки дар доираи сафари кунунии Президенти Ҷумҳурии Беларус ташкил карда шудаанд, аҳамияти бузург доранд. Баргузории чунин чорабиниҳо ба бунёди майдони устувор барои ҳамкории тиҷоративу истеҳсолӣ мусоидат мекунад.
Изҳори умед менамоем, ки мувофиқаҳои бадастомада ва созишномаҳои дар доираи ин чорабиниҳо баимзорасида ба таҳкими заминаҳои асосии муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ мусоидат менамоянд.
Зимни музокирот мо масъалаҳои мубрами дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалиро, ки вобаста ба онҳо ҷонибҳо мавқеи ҳамсон ё наздик доранд, муҳокима намудем.
Ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар доираи ИДМ, СААД ва дигар сохторҳои байналмилалӣ изҳори ҷонибдорӣ намуда, аҳамияти татбиқи пурраи афзалиятҳои ин механизмҳои бисёрҷонибаи ҳамкориро зикр карданд.
Дар ҷараёни музокирот аҳамияти СММ ва ниҳодҳои он ҳамчун воситаи универсалӣ дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, таъмини рушди устувор, таҳкими амният ва субот дар ҷаҳон таъкид карда шуд. Дар ин замина, мехоҳам бори дигар дастгирии фаъолонаи дӯстони беларусамонро ба ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон доир ба эълон кардани Даҳсолаи нави байналмилалӣ «Об барои рушди устувор» таъкид намоям.
Мо вазъи Афғонистонро муҳокима карда, муҳимияти мусоидат ба ин кишварро дар барқарорсозии сулҳ, субот ва таъмини рушди минбаъдаи он зикр намудем.
Идома додани ҳамоҳангсозии талошҳо дар самти бартараф кардани таҳдидҳо ба амният тавассути сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти амният мақсаднок эътироф гардид.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникӣ дар асоси созишномаҳо ва барномаҳои дахлдор изҳор доштанд. Зимни музокирот зарурати рушду таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф ҳамчун шароити муҳим барои нигоҳ доштани муносибатҳои неки таърихӣ, ки байни ду халқ мавҷуданд, таъкид гардид.
Ҷониби Тоҷикистон аз натиҷаҳои сафар, ки дар таърихи муосири муносибатҳои Тоҷикистону Беларус саҳифаи нав боз мекунад, комилан қаноатманд аст.
Мо ҷиҳати идома додани муколамаи байнидавлатӣ дар ҳамаи сатҳҳо, ки ба мо ҳар бор барои гузоштани қадамҳои назаррас дар ҳамгироии дуҷониба имкон фароҳам меорад, ба мувофиқа расидем.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.05.2018    №: 96    Мутолиа карданд: 162

16.08.2018


Рӯзноманигорони ӯзбек меҳмони Тоҷикистон

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед