logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАВОДИ ДОРУВОРӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ФАРМАСЕВТӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001  «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, № 7, мод. 499; с. 2003, № 12, мод. 700; с. 2007, № 5, мод. 375; с. 2008, № 6, мод. 467;  с. 2012, № 7, мод. 711) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун калимаҳои «Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Вазорати тандурустӣ» мувофиқан ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ» ва «Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ» иваз карда шаванд.
2. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
3. Дар сархати сию дуюми моддаи 3, сархати сездаҳуми моддаи 6, қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 8, қисми якуми моддаи 16, қисми якуми моддаи 18, қисми якуми моддаи 20 ва матни моддаи 21 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
4. Ба моддаи 3 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Маводи дорувории асосӣ – маводи доруворие, ки талаботи афзалиятноки аҳолиро дар соҳаи тандурустӣ қонеъ мегардонанд.».
5. Аз сархати сеюми моддаи 5, қисми чоруми моддаи 16, қисми сеюми моддаи 26 ва қисми дуюми моддаи 29 калимаи «нигаҳдории» хориҷ карда шавад.
6. Ба моддаи 6 сархатҳои чордаҳум ва понздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«-  Тартиби бақайдгирии нархи ниҳоии фурўши маводи дорувории истеҳсолкунандагони ватанӣ ва хориҷиро, ки ба Рўйхати маводи дорувории асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия ва тасдиқ менамояд;
- Тартиби пешбурди феҳристи давлатии нархи ниҳоии фурўши маводи дорувории истеҳсолкунандагони ватанӣ ва хориҷиро, ки ба Рўйхати маводи дорувории асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, муайян менамояд;».
7. Дар матни моддаи 7 калимаҳои «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» ба калимаҳои «Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 майи соли 2018, № 1531

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 21 феврали соли 2018, № 1013

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                        М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 11 майи соли 2018, № 540


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2018    №: 100-101    Мутолиа карданд: 1740

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед