logo

Хабарҳо

Тоҷикистон дар ҳифзи нигаҳдории гуногунии биологӣ саҳми назаррас дорад

Бахшида ба Рӯзи  ҷаҳонии гуногунии биологӣ ва 25-солагии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ барои нигаҳдории ҳаёт дар рӯи Замин дар Академияи илмҳо дар мавзӯи «Масъалаҳои нигаҳдории гуногунии биологӣ дар Тоҷикистон»  суҳбати гирди миз баргузор шуд.
Президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ зикр кард, ки  татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор,  солҳои 2018 – 2028» дар роҳи нигаҳдории гуногунии биологӣ дар кураи Замин саҳми  намоён  хоҳад гузошт. Агар ин ташаббуси Тоҷикистон  аз як тараф ғамхорӣ нисбат ба инсоният бошад, аз дигар ҷиҳат  омили нигаҳдории гуногунии биологӣ дар тамоми сайёра мегардад. Зеро, асоси мавҷудоти ҳаёт ва гуногунии биологӣ об аст.
Мавсуф Маркази омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дар нигаҳдории гуногунии биологӣ муҳим арзёбӣ карда, баён дошт, ки вазифаи олимон на танҳо мониторинги доимии пиряхҳост,  балки омӯзиши  роҳҳои илман  асосноки ҳифзи онҳо дар якҷоягӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Муовини директори Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саня Баянич аз  ташаббусҳои Тоҷикистон дар мавриди ҳифз ва нигаҳдории гуногунии биологӣ ёдовар шуда, зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари 196 кишвари ҷаҳон аъзои комилҳуқуқ ва фаъоли Конвенсияи СММ мебошад, ки барои ҳифзи гуногунии биологӣ, аз ҷумла ҳайвоноти нодир ва пиряхҳои нотакрор саҳми назаррас дорад.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки гуногунии биологӣ, аз ҷумла экосистемаҳо, асоси нигоҳдории ҳаёт дар рӯйи Замин  аст ва  захираҳои биологӣ ганҷинаи умумибашарианд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 303

22.10.2018


МАҲСУЛОТИ БЕҲТАРИН - муаррифии кишвар дар ҷаҳон

Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани тоҷикистониён кам шуд

Россия ва Ӯзбекистон ба маблағи $27 миллиард созишнома имзо карданд

Беш аз 2100 нафар қурбони заминларза дар Индонезия гашт

Конфронси Мюнхен оид ба амният бори нахуст дар Минск доир мегардад

Масири нави ҳавоӣ ҳафт шаҳри Туркияро бо Қирғизистон мепайвандад

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Тоҷикистон онро бо пирӯзӣ оғоз кард

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед