logo

иқтисод

ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ОБҲОИ ТОЗА

Норасоии об мушкилоти глобалии тамоми сайёра маҳсуб меёбад. Ҳарчанд аз масоҳати умумии рӯи Замин тахминан 71%-и онро (уқёнусҳо, баҳрҳо, кӯлҳо, дарёҳо, яхбастаҳо) об ташкил медиҳад,  қисми хеле ками он оби нӯшидании дарёҳо, кӯлҳо ва чашмаҳост. Миқдори зиёди обҳо шӯр ва барои ошомидану зироаткорӣ корношояманд. Обҳои шӯрро фақат бо сармоягузориҳои азиму коркард ба обҳои қобили истифода табдил додан имконпазир аст.  Мо бояд шукр аз он кунем, ки Тоҷикистони мо дар саргаҳи оби тоза қарор дорад ва тақрибан  ҳамаи обҳо барои ошомидан ва зироаткорӣ коршояманд.
Дар кураи Замин тақрибан 2,4 миллиард одам ба оби тозаи  ошомиданӣ дастрасӣ надорад. Ҳамасола дар рӯи Замин 2,2 миллион нафар аз бемориҳои норасоии оби тозаи нӯшиданӣ ба ҳалокат мерасад. Вижагии мушкилӣ дар он аст, ки сол то сол шадиду печидатар мегардад.
Маҳз ҳаминро ба назар гирифта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввали ҳазорсолаи нав бо ташаббусҳои башардӯстона барои ҳалли масъалаҳои марбут ба об саъю кӯшиши зиёд ба харҷ менамоянд.
21 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид  бо иттифоқи оро зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” қатънома қабул намуд. Ташаббус оид ба эълони ин даҳсола бори аввал аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд.
Мутобиқи қатънома Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” аз 22 - юми марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад. Дар доираи татбиқи ҳадафҳои даҳсола дар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар мамлакати мо, бо иштироки сарони давлату ҳукуматҳои кишварҳои ҷаҳон, роҳбарону масъулон ва мутахассисону коршиносони созмонҳои байналмилалӣ конфронсу ҳамоишҳои байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” баргузор мегарданд.
      Мувофиқи қатъномаи МУ СММ ҳадафҳои асосии  даҳсола ноил гардидан ба рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва муҳитизистӣ, роҳандозӣ ва пешбарии барнома ва лоиҳаҳои дахлдор, тавсеаи ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳамаи сатҳҳо барои мусоидат ба татбиқи вазифа ва ҳадафҳои марбут ба захираҳои об, аз ҷумла Ҳадафҳои Рушди Устувор, арзёбӣ мешаванд. Ғайр аз ин, дар қатънома аҳамияти рушди ҳамкорӣ дар ҳамаи сатҳҳо ҷиҳати истифодаи оқилонаи об, бо назардошти робитаи мутақобилаи захираҳои об бо маводи ғизо, энергетика ва муҳити зист, таъкид гардидааст.
Такмили абзори ташаккул ва интишори дониш, осонгардонии дастрасӣ ба дониш ва мубодилаи иттилоот роҷеъ ба таҷрибаи беҳтарин, баҳрабардорӣ аз иттилооти нав дар бораи Ҳадафҳои Рушди Устувори марбут ба захираҳои об, бунёди шабакаҳо ва мусоидат ба ташаккули фаъолияти шариконаи тарафҳои манфиатдор ва тақвияти фаъолияти иртиботӣ дар сатҳҳои мухталиф ҳадафҳои иловагии даҳсола муайян гардидаанд.
Аз ҷиҳати захираҳои об Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои ИДМ баъди Русия ҷои дуюм ва дар ҷаҳон низ яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамояд. Боришоти солона дар мамлакат тақрибан 760 мм буда, аз 100 мм (дар баъзе минтақаҳои ҷудогонаи ҷануби кишвар) то 2400 мм (қуллаҳои Помир) тағйир меёбад. Манбаи асосии об пиряхҳо ва системаи бузургтарини пиряхҳо кӯҳҳои Помир мебошанд, ки масоҳати яхбандии онҳо ба 8041 километри мураббаъ мерасад. Дар Помир 1085 пирях ба қайд гирифта шудааст. 
Дар Тоҷикистон 947 дарё ва сойҳои доимию мавсимӣ мавҷуданд, ки ҷараёни оби бозтавлидшавандаи онҳо ба 64 километри мукааб - сол баробар аст. 1,1 километри мукааб - соли он дар ҳавзаи дарёи Сир ва 62,9 километри мукааб - соли он дар ҳавзаи дарёи Аму ташаккул меёбад.
Шумораи кӯлҳо ба 1300 мерасад. Ҳаҷми умумии захираи оби онҳо 46,3 километри мукаабро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 20 километри мукааб обҳои ширин мебошанд. Шумораи обанборҳо дар Тоҷикистон 11 адад буда, ҳаҷми умумии муфиди онҳо тақрибан 7,5 километри мукаабро ташкил менамояд. Ҳаҷми обҳои зеризаминӣ ҳамчун захираи обҳои барқароршаванда ба 18,7 километри мукааб - сол баробар аст ва сокинони ҷумҳурӣ аз онҳо васеъ истифода мебаранд.
Истифодаи оқилонаю  мақсадноки оби нӯшиданӣ ва полизӣ  боиси пешбурди босамари хоҷагидорӣ ва ҳалли масоили ҷойдоштаи марбут ба об, амалҳои ҳифз аз ифлоссозӣ ва аз ҷиҳати гигиенӣ тоза нигоҳ доштани об боиси беҳбудии саломатӣ ва солимии ҷомеа мегарданд. Дар хотир доштан даркор аст, ки  тағйирёбии иқлим боиси коҳиш ёфтани ҳаҷми об мегардад, аз ин рӯ, тоза нигоҳ доштану оқилона истифода бурдани об вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.   
Зулфиқор ЗИЁЕВ,
ассистенти кафедраи молия ва
муомилоти пулии Донишгоҳи  давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.05.2018    №: 104    Мутолиа карданд: 425

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед