logo

иқтисод

КҲФ. ТЕХНИКАҲОИ НАВ ИҚТИДОРИ НАҶОТБАХШИРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиону 650 ҳазор доллари ИМА таҷҳизот ва техникаи замонавии наҷотбахшӣ ба даст овард, ки он дар касби бештари иқтидори мудофиавию наҷотбахшии ин ниҳод мусоидат хоҳад кард.
Таҷҳизот ва техникаи муосири наҷотдиҳӣ дар доираи Фонди трастовии Барномаи рушди Соз-мони Милали Муттаҳид ва дастгирии молиявии Федератсияи Русия рӯзи 23 май дар як маросими тантанавӣ ба кумита тақдим гардид. Дар ин маросим раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода, сафири фавқулода ва мухтори Федератсия Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин Фролов ва дигар намояндагони дохиливу хориҷӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ин иқдом дар ҳошияи амалишавии лоиҳаи «Таҳкими иқтидор ва омодагӣ ва эътино», ки  ҳанӯз моҳи августи соли 2016 байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар доираи Фонди трастовии Барномаи Рушди СММ баста шуда буд, инчунин, дар асоси ҳамкории дуҷониба бо Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ, Раёсати  Комиссари олии СММ  оид ба гурезагон ва Агентӣ оид ба ҳамкории техникӣ ва рушд амалӣ шудааст.
Таҷҳизот ва техникаи тақдимшуда аз 3 булдозер, 3 экскаватор, 18 қаиқи муҳаррикдор, 14 ҷуфт либоси ғаввосӣ, 4 ҳавопаймо ва 3 чархболи хурди бесарнишин, воситаи равшандиҳӣ, ки барои бурдани корҳои садамавӣ - наҷотдиҳӣ дар вақти шабона истифода мешавад, плоттер барои чопи харитаҳо ба шуъбаи иттилоотӣ - таҳлилӣ, ратсия, телефонҳои моҳворавӣ ва ғайра иборат буданд.
Ба андешаи мутахассисон ҳавопаймоҳо ва чархболҳои хурди бесарнишин барои муайян кардани ҷои ҳодиса дар минтақаҳои кӯҳистонӣ, истифода хоҳанд шуд. Тавассути ин ҳавопаймо ва чархболҳо, ки зарфияти парвоз то 7 километр дурӣ ва 6 километр баландиро доранд, муайян кардани маҳали ҳодиса осон мешавад.
Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар изҳори умед карданд, ки техника ва дастгоҳҳои воридшуда ба фаъолияти беҳтари наҷотбахшон ва ҳар чи зудтар рафъи оқибати офатҳои табиӣ мусоидат хоҳад кард.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.05.2018    №: 104    Мутолиа карданд: 290

16.08.2018


Рӯзноманигорони ӯзбек меҳмони Тоҷикистон

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед